Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомдорони тоҷик барои риоя накардани "танзим" барканор хоҳанд шуд


Мансабдорони тоҷик барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ расман аз мақомҳояшон барканор хоҳанд шуд. Ин нукта ахиран дар тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи Омбудсмен ва Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ворид гардидааст.

Аз ҷумла, дар моддаи 10-уми қонун дар бораи Омбудсмен дар баробари далелҳои дигари аз вазифа барканор кардан, нақзи қонуни танзими расму анъанаҳо яке аз далелҳои барканории Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфта шудааст.

Дар қонун дар бораи хидмати дипломатӣ низ дар баробари маҳрум шудан аз шаҳрвандии Тоҷикистон ё гирифтани шаҳрвандии давлати хориҷӣ, “риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” сабаби барканорӣ хоҳад шуд.

Моҳи гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як суханрониаш дар вилояти Хатлон гуфта буд, ки барои риоя накардани қонуни масъулияти волидон ва танзими анъана чанд мансабдори тоҷик ва хидматчиёни давлатӣ аз мақомҳояшон барканор шудаанд, аммо аз нафари мушаххас ном нагирифт. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми май дар ноҳияи Данғара гуфт, ҳарчанд ин қонунҳо, “ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои мардум... қабул шудаанд, лекин ҳоло ҳам зиёдаравӣ, исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву намоишкорӣ, хусусан, аз ҷониби баъзе мансабдорон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва соҳибкорон ба назар мерасад.”

Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” даҳ соли пеш дар Тоҷикистон қабул шуд. Ҳарчанд мақомот дар гузашта аз риоя нашудани қонуни танзим дар баъзе маросими хурсандӣ ва азо ва, инчунин, қабулу гусели пешвози ҳоҷиёни тоҷик хабар дода, чандин нафарро ҷарима бастанд, аммо аз миёни соҳибмансабони баландмақом то ҳол номи касе бо ҷурми вайрон кардани ин қонун гирифта нашудааст.

XS
SM
MD
LG