Робин Орд-Смит, сафири Бритониё дар Тоҷикистон рӯзи 12 июн дар як изҳорот ба эътирози ду рӯзи пеш дар назди ин сафорат вокуниш карда, гуфтааст, давлати ӯ аз озодии баён ва ҳаққи мардум ба эътирозҳои осоишта ҳимоят мекунад.
Вале оқои Орд-Смит аз хисороте, ки дар натиҷаи эътирози рӯзи 10 июн дар назди бинои сафорат дар кӯчаи Турсунзода Душанбе ба молу мулки сафорати Бритониё расидааст, изҳори таассуф кардааст. Робин Орд-Смит мегӯяд, дар он ҳамла касе аз кормандони сафорат осеб надидааст ва онҳо ба мақомоти тоҷик барои кумакашон дар амри пароканда кардани тазоҳурот баъди ба хушунат печидани он изҳори сипос мекунад.
Робин Орд-Смит афзудааст, «ман гуфта наметавонам, ки тазоҳурот барои чӣ буд, чунки ягон номае ба дасти сафорат супурда нашудааст. Вале ман ва сафорати Бритониё ҳамеша хоҳони ҳамкории созанда бо ҷомиаи шаҳрвандием.»
Робин Орд-Смит аммо дар ин изҳорот ба сафари ахираш ба Бадахшон ишорае накардааст. Манобеи маҳаллӣ мегӯянд, мақомот дар шаҳри Хоруғ ба далели ноамнӣ дар марз сафири Бритониёро аз меҳмонхонаи «Серена», воқеъ дар наздикии марз бо Афғонистон, кӯчонда, ба қароргоҳи раисиҷумҳур бурдаанд ва ба ин далел мулоқоти ӯ бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон доир нашудааст.
Рӯзи 10 июн, замоне ки Робин Орд-Смит ба Хоруғ рафт, як гурӯҳ дар назди бинои сафорати Бритониё ҷамъ шуда, алайҳи бинои сафорат сангу шиша андохтанд. Шоҳидон мегӯянд, аз забони эътирозгарон ҳарфҳое дар бораи Бадахшон шунида мешуд. Маъмурони милиса баъди ним соат ба ҷои ҳодиса расида, эътирозгаронро боздошт карданд.
Рӯзи 12 июн гузориш шуд, ки вазорати корҳои дохии Тоҷикистон гуруҳҳои кориеро ба манзури таҳқиқи ҳодисаҳои тазоҳурот дар назди сафорати Британия дар шаҳри Душанбе ва ҳамла ба Муҳиддин Кабирӣ, вакили порлумон ва раҳбари ҲНИТ дар таърихи 10 июн, таъсис додааст. Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 12 июн зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "таъсиси гуруҳҳои корӣ ба хотири таҳқиқи ин ҳодисаҳо бо супориши генерал - лейтенант Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сурат гирифтааст."
Мақомоти пулиси Душанбе дар рӯзи эътироз хабар дода буданд, ки дар робита ба ин қазия "беш аз 10 нафар" дастгир шудаанд, вале мақомот ҳанӯз ба ташхиси ҳуввияти онҳо машғуланд ва алайҳи ҳеҷ кадоме ҳанӯз парвандаи ҷиноӣ ё маъмурӣ накушодаанд.