Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба сару рӯям мезаду мегуфт, гиря накун, овозат набарояд"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вақтҳои охир дар “Инстаграм” видеоҳои зиёде дар бораи латукӯби ҳамсар, духтар ё зане нашр мешавад. Сабаб чист? Ҷабру ситам ба занону духтарон зиёд шудааст ё зиёд буду пинҳон мемонд? “Салом, хоҳар” бо ҳамин пурсишҳо ба чанд нафар рӯй овард.

“Дар асри 21 ҳастем, вале...”

Созмони Милал мегӯяд, тақрибан 75 дар сади занони ҷабрдида барои кумак муроҷиат ё садо баланд намекунанд. Шарм? Тарс? Ё шояд занон намедонанд, ки ба кӣ ва чӣ гуна аз мушкили худ бигӯянд?

Аксар занон хомӯш мемонанд. Ман тасмим гирифтам, ки садои ин занон бошам ва муфассал дар бораи он нақл кунам, ки чӣ дузахеро пушти сар кардам.

Барои мадад ба онҳо дар Тоҷикистон замимае бо номи “Бе зӯроварӣ” омода шудааст. Олия Раҳматова, таҳиягари замима, мегӯяд, онро бо ёрии Барномаи Занони СММ сохт. Ҳадаф ин аст, ки занону духтарон дар мавридҳои зарурӣ сари вақт аз мушкили худ шахсони масъулро огоҳ кунанд.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ин хеле муҳим аст. Ҷомеа бояд ошкоро дар ин бора бигӯяд. Дувум, ҳадафи замима сари вақт пешгирӣ кардан аз хушунат аст. Дар замима тамоми маълумот ҳаст. Аз ҷумла, дар бораи ин ки хушунат чист. Шакл ва роҳҳои пешгирӣ аз он кадом аст. Савум, замима занги фаврӣ дорад. Агар ба ягон ҳолати ногувор дучор шудед, дар масъалаи хушунат, метавонед занг занед.”

Замима рӯзҳои наздик дастрас хоҳад шуд. “Санҷида шудааст, ҳамааш хуб аст. Он дар шакли офлайн ё бе интернет ҳам кор мекунад. Замимаро як бор бигиред, дар телефони шумо сабт мешавад. Роҳҳои мухталифи истифода аз он вуҷуд дорад,” – гуфт Олия Раҳматова.

Ба бовари ҳамсуҳбати мо, замимаи “Бе зӯроварӣ” ҳамчунин метавонад як майдоне барои занони ҷабру ситамдида бошад, ки дар он ҷо дарди худро бо ҳам қисмат кунанду якҷо роҳи ҳал биҷӯянд: “Мутаассифона, бархе аз суҳбат дар ин мавзуъ шарм медоранд. Мо дар асри 21 зиндагӣ дорем, вале ин масъала доғ аст. На танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон. Аксар духтарон метарсанд, ки агар мушкили худро бигӯянд, ба мавзӯи суҳбати хосу ом табдил меёбанд ва ҳама онҳоро маҳкум мекунанд.”

Олия Раҳматова
Олия Раҳматова

Таҳиягари замимаи “Бе зӯроварӣ” мегӯяд, мавзӯи хушунату ва озори лафзӣ барои худи ӯ ҳам бегона нест. “Мавридҳое ҳаст, ки дар кӯча ба ҳамин ҳолат дучор мешавам. Аз кӯча мегузарӣ, ба ту ягон гапи нороҳаткунанда мегӯянд ё тела медиҳанд. Дар хиёбон ин ҳолат ҳамеша ҳаст. Барои ҳамин, ин як мавзӯи нороҳаткунанда аст ва бояд дар ин бора ошкор гуфту шарм накард.”

Ба нақли баъзе аз занони хушунатдида, онҳо ҳатто ба телефон дастрасӣ надоштаанд. Яъне, шавҳаронашон иҷоза намедодаанд, ки телефони мобилии худро дошта бошанду аз он истифода кунад.

“Бо Қуръон қасам хӯрд, вале боз зад”

Як пажӯҳиш дар Тоҷикистон дар соли 2019 маълум карда буд, ки ҳар зани пурсидашуда як бор дар зиндагии худ ба навъҳои гуногуни хушунат дучор шудааст. Ба назар мерасад, вазъ ҳоло ҳам чандон тағйир наёфтааст. Ҳафтаҳои охир баъзе аз занон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз латукӯби худ садо баланд мекунанд. Дар яке аз ин наворҳо дар Инстаграм зани ҷавоне аз як лаҳзаи зиндагӣ бо собиқ шавҳараш чунин нақл кардааст:

“Баъди қасам хӯрдан бо Қуръон вай боз маро зад. Ва ман фаҳмидам, ки дигар наметавонам бо ӯ зиндагӣ кунам. Мо бо волидони ӯ зиндагӣ мекардем. Хостам, ба онҳо бигӯям, ки ман меравам. Ӯ ба латукӯби ман сар кард. Дод мезад, ки ту бо ман зиндагӣ кардан намехоҳӣ? Ман гуфтам, аз ту метарсам. Ӯ волидон ва бародарашро тела дода, маро мезад.”

Ин навор дар саҳифаи блогер Бибӣ Юсуфова нашр шудааст. Ин зани ҷавони тоҷик бо нашри силсилаи наворҳо ба корбарони саҳифаи худ нақл кардааст, ки зери зулму ситами шавҳар қарор дошт ва борҳо латукӯб шудааст. Вай аз занони азиятдида хостааст, хомӯш намонанд.

“Аксар занон хомӯш мемонанд. Ман тасмим гирифтам, ки садои ин занон бошам ва муфассал дар бораи он нақл кунам, ки чӣ дузахеро пушти сар кардаам,” – гуфтааст вай.

Дар наворҳояш нақл кардааст, ки як дафъа баъди латукӯби зиёд аҳволаш бад шуд ва ӯро ба беморхона бурданду бо ҳамин ба хонаи волидонаш баргашт. “Маро боз пайдо кард ва ба сару рӯям задан гирифт. Хеле сахт мезад ва мегуфт, гиря накун, овозат набарояд. Ман аз мурдан не, аз он тарсидам, ки маъюб мешавам. Барои онҳо ин аҳамияте надорад. Боз оиладор мешавад ва ту як умр бо ин дард зиндагӣ мекунӣ,” – нақл кардааст Бибӣ Юсуфова.

Вай гуфтааст, соле пеш бо як фарзанд аз шавҳар ҷудо шуд ва ҳоло дар Русия кору зиндагӣ дорад. Назари шавҳари собиқи ин зан ба ин иддаҳое, ки ӯ дар наворҳояш кардааст, маълум нест.

Наворҳои ҷавонзани тоҷикро дар бораи озору азият ҳазорон нафар дида, бархе зери он аз ҳоли бади худ қисса кардаанд ва хоҳони муҷозоти азиятгарон шудаанд. Гурӯҳе ҳам блогери ҷавонро барои ифшои зиндагии хонаводагӣ ва ба гуфтаашон ташвиқи духтарон ба ҷудошавӣ таънаву маломат намудаанд.

Барномаро дар инҷо бинед:

"Салом, хоҳар": Маро мезанад, чӣ кор кунам?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:22:22 0:00

Дар Ютуб:

XS
SM
MD
LG