Ҷараёни сохтмони баъзе аз хонаҳое, ки бар асоси тарҳи "Манзили дастрас" дар шаҳри Душанбе бунёд мешаванд, кунд шуда ва бархеи онҳо моҳҳо боз наметавонанд ҳадди ақалл як ошёна болотар бираванд. Ин тарҳ соли 2013 бо ҳимояти шаҳрдории Душанбе рӯи даст гирифта шуд ва қарор буд, ки нахустин манзилҳои нисбатан арзон дар пойтахт дар моҳи сентябри соли гузашта соҳибони худро пайдо намоянд.
Вале тӯл кашидан ва ба кундӣ пеш рафтани корҳои сохтмонӣ баъзе аз саҳмдоронро нигарон кардааст ва бархеи онҳо аз хафви он ки дар охир ҳам бе хона ва ҳам бе пул намонанд, хостори бозпас гирифтани маблағҳои то ин дам пардохтаашон шудаанд.
Сайёра Худоёрбекова, яке аз онҳоест, ки ду сол боз бо умеди соҳиби хона шудан тамоми маблағҳои ёфтаашро ба суратҳисоби "Манзилҳои дастрас" гузаронда, аммо дар иваз сохтмони ниматамомро дида ва ваъдаи имрӯзу фардоро шунидааст. Ҳоло ӯ бо машварати аҳли оилаашон ба ин натиҷа расидааст, ки бояд пулҳои пардохтаашро бозпас гирад.
Ӯ мегӯяд, "ду моҳ пеш барои гирифтани маблағамон муроҷиат кардем. Аз онҳо пурсидем, ки тибқи шартнома бояд манзилҳоро моҳи сентябр мегирифтем, чаро нашуд? Дар ҷавоб ҳар гуна баҳона буд. Ҳатто ваъда карданд, ки моҳи март бояд хонаро гирем, аммо аз ҷараёни сусти кор маълум аст, ки дар ин вақт наметавонем соҳиби хона шавем."
Нафароне мисли Сайёра мегӯянд, ки ширкатҳои сохтмонӣ дар пойтахт зиёданд, аммо онҳо ба далели он ки нархи хонаҳои "Манзили дастрас" дар муқоиса ба дигарон арзонтар буд, ба ин ширкат рафтанд.
Раҳбарони ширкати "Манзили дастрас" мегӯянд, ки кунд шудани рушди иқтисод ва кам шудани сармоягузорӣ сабаби асосии таъхир дар сохтмони хонаҳо шудааст. Онҳо мегӯянд, умед доранд, ки дар чунин рӯзҳои сахт ҳамаи саҳмдорон дасти онҳоро раҳо нахоҳанд кард.
Нурулло Наимов, як масъули "Манзили дастрас"гуфт, ки "дар ҳақиқат, зиёда аз 20 нафар муроҷиат карда, маблағҳои худро пас гирифтанд. Боз наздики 20 нафари дигар муроҷиат карданд, ки маблағҳои худро мехоҳанд бигиранд. Мо ба онҳо фаҳмондем, ки ҷараёни корро метезонем. Бовар дорем, шаҳрвандон моро мефаҳманд ва дар якҷоягӣ кор зуд анҷом мешавад."
70 дарсади хонаҳои мансуб ба “Манзили дастрас” саҳомдорони худро доранд. Пардохти маблағ барои хонаҳои нав тибқи ин барнома тадриҷӣ буда, саҳми аввалияи он 50 дарсади арзиши умумии хонаро ташкил медиҳад. Маблағи боқимонда моҳ ба моҳ тақсим шуда, харидорон моҳе як бор онро ба суратҳисоби бонкии корхонаи “Манзили дастрас” мегузаронанд.
Таъхир дар иҷрои тарҳ боис ба нобоварӣ шуда, корхонаи сохтмониро дар ҳолати ногувор қарор додааст. Маблағгузории саҳмдорон имсол дар муқоиса ба соли пеш коҳиш ёфтааст.
Дар ҳоли ҳозир, корҳои сохтмонӣ дар яке аз биноҳои истиқоматии баландошёнаи серҳуҷрадори корхона, воқеъ дар маҳаллаи маъруф ба “Профсоюз”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пеш меравад.
Дурахшони Ортиқ яке аз саҳмдоронест, ки се сол боз наметавонад соҳиби манзил шавад, ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, дар шартномааш мӯҳлати анҷоми сохтмон якуним сол дарҷ шудааст.
Шаҳрдории Душанбе ин тарҳро барои бо хонаҳои нисбатан арзон таъмин намудани аҳли фарҳангу ҳунар, омӯзгорону табибон ва дар маҷмӯъ кормандони буҷавӣ роҳандозӣ кардааст. Нафароне, ки то ин вақт дар шаҳри Душанбе иҷоранишин буданд ва орзуи соҳиб шудан ба хонаи худро доштанд, дар ин тарҳ роҳи ҳалли мушкили худро медиданд. Ҳоло агарчӣ умеди онҳо барои пайдо кардани ин гӯша камтар шудааст, аммо боз ҳам мегӯянд, зоҳиран чорае ба ҷуз аз сабр надоранд.
Айни видео дар Ютуб: