"Тобистон ба Тоҷикистон меомад, боз ба Русия бармегашт"
Субҳонқул Раҳимов 48 сол дошта, зодаи деҳаи Нарванди ноҳияи Айнии вилояти Суғд аст.
Усмон Азизов, раиси деҳаи Нарванд, рӯзи 26-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Субҳонқул Раҳимов бо ҳамсар ва шаш фарзандаш дар шаҳри Екатеринбург зиндагӣ мекунад ва ҳар тобистон ба зодгоҳаш меояд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, Раҳимов ва ҳамсару фарзандонаш шаҳрвандии Тоҷикистон ва ҳам Русияро доранд: "Субҳонқул аз падари тоҷик ва модари рус ба дунё омадааст. Факултаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳи Донишгоҳи техникиро тамом кард. Беш аз 20 сол аст, ки ба Русия рафта меояд. То ҷое медонам, дар Русия дар кадом сохтмон кор мекунад."
Азизов ҳамчунин гуфт, пас аз садамаи ҳавопаймо ва то вақте ки худи Субҳонқул Раҳимов тамос нагирифт, наздиконаш нигарони сарнавишти ӯ буданд. Масъули деҳаи Нарванд афзуд, Раҳимов ҳоло дар бемористоне дар Қазоқистон зери назорати пизишкон аст.
Дар наворе, ки худи Субҳонқул Раҳимов баъд аз садамаи ҳавопаймо сабт кард, дида мешавад, ки пешониаш осеб дидааст. Ӯ дар наворе аз дохили ҳавопаймо, ки қабл аз суқут сабт шудааст, ором ба назар мерасад. Баъд аз афтодани ҳавопаймо, дар навори дигар худ ва пораҳои ҳавопайморо нишон дода, мегӯяд, "халабон ҳалок шуд".
Талошҳои Радиои Озодӣ барои тамос бо Субҳонқул Раҳимов то ин дам бенатиҷа буд.
Ба сари Зинатулло чӣ омад?
Дар рӯйхати мусофирони ҳавопаймои афтода, ки расонаҳои Қазоқистон ва ширкати "Azerbaijan Airlines" дар шабакаи "X" (Твиттер) нашр карданд, номи Зиннатулло Саъдуллоев ҳам омадааст.
Ҷустуҷӯйи Радиои Озодӣ нишон дод, ки Саъдуллоев 29-сола ва аз ноҳияи Файзобод аст. Вай аз соли 2020 шаҳрвандии Русияро доштааст. Наздиконаш намехоҳанд дар ин бора бо расонаҳо суҳбат кунанд.
Ба гузориши чанд расонаи русӣ, аз ҷумла "Газета" ва "Лента" Зиннатулло Саъдуллоев дар садамаи ҳавопаймо фавтидааст. Наздикони Саъдуллоев аз ҷумла, хоҳарзодаи ӯ иддао доранд, ки "ӯ ҳалок нашудааст".
"Зиннатулло дар соли 2020 шаҳрвандии Русияро гирифта буд. Барои як кор ба Озарбойҷон рафта, ба Русия бармегашт. Як духтари хурдсол дорад," -- гуфт хоҳарзодаи Зиннатулло Саъдуллоев.
Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки Зиннатулло Саъдуллоев моҳи феврали соли 2024 ҳамчун соҳибкори инфиродӣ дар идораи молиёт (андоз)-и Ёқутистони Русия сабтином шудааст. Кори ӯ “харидуфурӯши чакана тавассути почта ё тавассути шабакаи иттилоотию коммуникатсионӣ” таъин шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин ду зодаи Тоҷикистон шарҳе надодаанд. Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳ ба дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат карда, интизори посух аст. Татяна Москалкова, омбудсмени Русия, низ рӯзи панҷшанбе гуфт, дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткарда шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам буданд, вале тафсилот надод.
Ҳодиса чӣ хел рух дод?
Ҳавопаймои ширкати "Azerbaijan Airlines" рӯзи 25-уми декабр, ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, дар секилометрии Оқтау, дар ҷануби Қазоқистон нишасти изтирорӣ анҷом дод.
Канат Бозумбаев, муовини нахуствазири Қазоқистон, гуфтааст, аз 67 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо буданд, 38 нафар ба ҳалокат расида, 29 кас зинда монд. Аҳволи 11 мусофири зиндамонда вазнин гуфта мешавад.
Аз 67 мусофир ва ҳайати парвоз, 42 нафарашон шаҳрванди Озарбойҷон, 6 кас аз Қазоқистон, 3 нафар қирғизистонӣ ва 16 каси дигар табааи Русия будаанд.
Фарзияи расмии суқути ҳавопаймо феълан маълум нест ва таҳқиқ идома дорад. Бархӯрд бо селаи паррандаҳо, таркиши баллони кислород дар дохили ҳавопаймо ва мушкили фаннӣ аз сабабҳои эҳтимолии садама гуфта мешавад. Як фарзияи дигар ҳам ахиран расонаӣ шуд, ки ҳавопаймо шояд тавассути низоми дифои ҳавоии Русия зарба хӯрдааст.