Дар деҳаи дурдасти Тебуник дар ноҳияи Темурмалик мактаби нав месозанд, вале омӯзгорон намерасанд. Бахусус онҳое, ки забони англисиро медонанд.
Шералӣ Ҳасанзода, раиси ноҳияи Темурмалик мегӯяд, дар ин деҳа барои омӯзгорон ҳам хона месозанд.
“Ягон кас агар келин гирад ва забони англисӣ донад, хона сохта медиҳем, чун деҳаи дурдаст аст,”—гуфт ӯ.
Мақомот дар суҳбатҳои худ эътироф мекунанд, ки ин иқдомро соҳибкорон гирифтаанд, вале аз онҳо ном намегиранд.
“Омӯзгорони русӣ ва англисӣ намерасад, баъд ҳамин иқдомро гирифтанд. Умуман як комплекси калон сохтанд ва инҳоро ба назар гирифтанд. Натанҳо дар инҷо дар деҳаи Муродбахш кумак кардем, дар шаҳрак ҳам ҳаст ва фикр мекунам аз таваҷҷуҳи мо дур нестанд,”—гуфт Шералӣ Ҳасанзода, раиси ноҳияи Темурмалик.
Видеоро инҷо бинед:
Ноҳияи Темурмалик дар вилояти Хатлон як минтақаи кӯҳист. Аксар деҳаҳояш дар фосилаи дуртар аз маркази ноҳия ҷойгиранд. Ҳар сол садҳо ҷавон аз ин ноҳия ба донишгоҳҳо дохил мешаванд. Бо вуҷуди ин, дар баъзе деҳаҳо омӯзгорони забони хориҷӣ намерасанд.
Ситора аз ноҳияи Темурмалик аст ва ҳоло дар Кӯлоб мехонад. Ӯ мегӯяд, ба ҷавоне аз минтақаи дигар шавҳар карду аз зодгоҳаш кӯчид.
"Бештари духтарон вақте ба шаҳр меоянд ва ободиро мебинанд, ба деҳа баргаштан намехоҳанд. Ё шавҳар карда ба дигар ноҳия мераванд. Мисол, дар ҳамин се соле, ки ман таҳсил мекунам, чанд духтар аз деҳаи Шӯрқули қишлоқи мо буд, дар Восеъ ва ноҳияҳои дигар шавҳар карда рафтанд,”—гуфт ӯ.
Ин донишҷӯ мегӯяд, пешниҳоди тақдими хона шояд омӯзгорони ҷавонро барои рафтан ба Тебуник дилгарм кунад.
Бори аввал нест, ки барои ҷалби омӯзгорон ба деҳаҳои дурдаст ва ё ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон ваъдаҳо медиҳанд.
Аз ҷумла, тақдими замину шаҳодатнома ё парвонаи ронандагӣ.
Вале дар гузашта баъзе аз сокинон аз он шикоят доштанд, ки мақомот дар ваъдаи худ наистоданд.
Гуфтугӯ