Лутфуллои Назримад ва Ҷумаъхон Қурбонов пештар аз Додгоҳи пойтахти Русия хоста буданд, ки қарори ҳабсашонро бозбинӣ кунад.
Ҳардуи онҳо ва гумонбарони дигари ҳамла ба “Крокус” то 22-юми август ба ҳабс гирифта шудаанд. Қарорро Додгоҳи ноҳияи Басманний содир кард ва Додгоҳи шаҳри Маскав қобили қабул донист.
Мақомоти тафтишотии Русия алайҳи Лутфуллои Назримад аз Тоҷикистон бар асоси моддаи "анҷоми амали террористӣ дар ҳайати гурӯҳи созмонёфта, ки боиси марги инсон шудааст" парванда боз кардаанд. Баъзе аз расонаҳои Русия қаблан навишта буданд, ки ӯ як рӯз баъди ҳамла дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав барои дағалӣ бо полис боздошт ва дертар гуё рабт доштанаш ба ҳодиса собит шуд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои суҳбат бо наздикони Лутфуллои Назримад ба ноҳияи Панҷ рафтанд, аммо онҳоро наёфтанд. Ҳамсояҳои ин ҷавон гуфтанд, ӯ мактабро бо баҳои аъло хатм кардааст ва ба иттиҳоми эълоншуда нисбат ба ӯ дар Русия бовар надоранд. Вай тобистони соли гузашта Донишгоҳи шаҳри Бохтарро хатм карда, барои ҷустуҷӯйи кор ба Русия рафтааст.
Ҷумъахон Қурбонови 21-сола рӯзи 27-уми апрел бо қарори додгоҳи Басманнии шаҳри Маскав ва ба гумони “маблағгузорӣ барои омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ” ба ҳабс гирифта шуд.
Манзили волидони Ҷумъахон Қурбонов дар ҷамоати Хуросони ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҷойгир аст. Модараш омӯзгор аст, падараш деҳқонӣ мекунад.
Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав дар шаби 22-юми марти имсол сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.