Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Узбакистон: Даркушоӣ кунем ё дарбандӣ?


Марзи симхорбандӣ ва минакоришудаи Узбакистон бо Тоҷикистон
Марзи симхорбандӣ ва минакоришудаи Узбакистон бо Тоҷикистон

Нахустин машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Узбакистон оё метавонад яхҳои ҷамъшуда дар равобити ин ду ҳамсояро об кунад ва Душанбеву Тошкандро аз бунбасти танишҳо ба масири ҳамкорӣ раҳнамоӣ кунад?

Ҳам Тошканд ва ҳам Душанбе тасдиқ карданд, ки нахустин машваратҳои сиёсии ҳайъатҳои дипломатии Тоҷикистону Узбакистон рӯзҳои 24-25 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд шуд. Дар иттилоияи расмие, ки баъд аз зӯҳри 23 декабр, дар сомонаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон нашр шуд, бидуни ироаи ҷузъиёт танҳо эълони нишасти Душанбе оварда шудааст:

“24-25 декабри соли 2015 – сафари ҳайати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷӣ Ниёзхоҷаев С.П. ҷиҳати иштирок дар машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.”

Рӯзномаи нахустин машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Узбакистон ва феҳрасти масоиле, ки дар нишасти Душанбе баррасӣ хоҳанд шуд, расман эълон нашудааст. Вале манобеи дипломатӣ мегӯянд, дар назар аст, дар ин машваратҳо тарафҳо рӯи масоили рушди равобити Душанбеву Тошканд, аз ҷумла дар соҳоти иқтисод, тиҷорат, нақлиёт ва мухобирот тамаркуз кунанд. Интизор меравад, ҷонибҳо ҳамчунин масоили минтақавӣ, вазъи Афғоннистону Ховари Миёна ва таъсири он ба ин ду кишвари пасошӯравии ҳамсоя дар Осиёи Марказиро низ бо ҳам дар миён гузоранд. Таҳдидҳои амниятӣ ва тундгароӣ, ба хусус ҳузури афзояндаи ҷангиёни тоҷику узбак дар сафи гурӯҳҳои ифротие, чун “Давлати исломӣ”, ба бовари аҳли назар, аз масоилест, ки метавонад доираҳои ҳокими кунунӣ дар Тошканду Душанберо баъди солиёни таниш ба сӯи ҷодаи ҳамкорӣ ва қаробати бештар ҳидоят кунад.

Ибтидо қарор буд, нахустин машваратҳои сиёсии ҳайъатҳои дипломатии Тоҷикистону Узбакистон дар Душанбе рӯзҳои 17-18 декабр доир шавад. Гуфта мешуд, ки ҳайати Узбакистонро муовини вазири хориҷааш Ниёзхоҷаев ва ҷониби Тоҷикистонро ҳамтои тоҷики ӯ Парвиз Давлатзода раҳбарӣ хоҳанд кард.

Вале дар охирин лаҳазот эълон шуд, ки ин нишаст ба хотири омодагии хубтари тарафҳо ба таъхир гузошта мешавад. Ин дафъа, ки хабари мулоқотро ҳарду ҷониб тасдиқ мекунанд, ин бисёриҳоро дар Душанбе умедвор мекунад, ки шояд ин бор билохира яхи нофаҳмиҳо байни ин ду кишвари ҳамсоя ба шикастан шурӯъ кунад.

Дар ҷараёни машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Узбакистон дар Душанбе, ба гуфтаи манобеи огоҳ, масоили ҷиддие, чун лағви низоми раводид, ба эҳтимоли ғолиб, матраҳ намешавад, вале имкон дорад, ки ҷониби Душанбе масоили ҳаллаш сабуктареро, ки ба таъбири сухангӯи собиқи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, "ҳаллашон кӯшиши зиёд намехоҳад", дар миён гузорад. Аз ҷумла азсаргирии содироти газ ва нерӯи барқи Узбакистон ба Тоҷикистон, шурӯи дубораи парвозҳои ҳавопаймоҳо ва ҳаракати қаторҳову автобусҳо байни ду кишвари ҳамсоя ва то ҳадде осон кардани низоми феълан хеле шадиди равуои мардуми ду тарафи марз.

Таҳлилгарон мегӯянд, ҷавви ҳоким бар фазои минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус фаъол шудани бозигарони беруна, аз ҷумла Русия, ки бо ҳарорат кишварҳои ин минтақаро ба узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ташвиқ мекунад, метавонад ҳамчунин омили ба ҳам наздиктар шудани доираҳои ҳоким дар ин кишварҳо хидмат кунад. ​ Набуди иродаи кофии сиёсӣ бахусус дар сатҳи раҳбарони аввали ду кишвар омиле шумурда мешуд, ки Тошканду Душанбе то кунун барои ислоҳи танишҳои мавҷуда дар равобиташон талоши кофӣ ба харҷ намедоданд.

Вале Сайфулло Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ҳоло чунин иродаи сиёсӣ барои беҳбуди равобит то ҳадде пухта расидааст. Ӯ аз 4 омиле ном бурд, ки ин ду ҳамсояро ночор ба қаробат мекунад: "Яке хатари ифротгароист, ки дар Тоҷикистону Узбакистон ба маҳзи ҷомиаҳои муҳофизакорашон маҳсустар аст ва ин метавонад ҳардуро дар муқобили душмани воҳид муттаҳид кунад. Дувум, доштани мухолифони исломгаро, ба мисли ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизб-ут-таҳрир ва ҳаракати исломӣ дар ҳарду кишвар. Севум, баъди ҳаводиси Украина ва Гурҷистон нуфузҷӯиҳои Русия ҳам ҳаст, ки мехоҳад кишварҳои пасошӯравиро дигарбора зери боли худ биорад ва табиист ки Тоҷикистону Узбакистон чандон моили бозгашт ба зери қаноти Маскав нестанд. Ва чорум, бӯҳрони иқтисодии Русия, ки ба вазъи иқтисодии ин ду кишвар низ таъсири манфӣ гузошта рафъи даврони “ҷанги сард” ва пой гузоштан ба роҳи ҳамкориро барои ҳам Тошканд ва ҳам Душанбе ба як амри ногузир табдил медиҳад."

Самарқанд
Самарқанд

Азоби танишҳо дар равобити Тоҷикистону Узбакистонро бештар онҳое эҳсос мекунанд, ки дар ду тарафи марз хешу табор доранд. Вале Неъмат Абдуллоев, як тоҷики сокини шаҳри Самарқанди Узбакистон, ки ба қавли худи ӯ, “як пояш дар Самақанду пои дигараш дар Душанбест”, мегӯяд, ҳоло дигар зиёд умедвори кадом ҷаҳиши бузурге дар муносибатҳо нест: “Вақте Каримову Раҳмон мулоқот карданд, хеле умедвор шудем. Баҳори имсол, вақте гуфтанд, ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Узбакистон ба парвоз сар мекунанд, боз умедвор шудем. Аммо дар ниҳоят мебинем, ки ин ароба ҳеҷ аз ҷояш намеҷунбад. Бадбахтона, азоби бад шудани муносибатҳоро халқи оддӣ мекашад. Ҳам дар Узбакистон ва ҳам дар Тоҷикистон.”

Таърихи равобити дипломатии Тоҷикистону Узбакистон аз 22 октябри соли 1992 оғоз мегирад. Вале Душанбеву Тошканд аз миёнаи солҳои 90 ба ин тараф, инак, ду даҳсола боз як даврони зиддунақиз ва пуртанишеро дар равобити худ пушти сар мекунанд.

Парвози ҳавопаймоҳо байни ду кишвари ҳамсоя аз соли 1992 қатъ шудааст. Узбакистон аз соли 1999, дар пайи талоши ҳамлаи ҷангҷӯёни Ҳаракати исломии Узбакистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ба вилояти бо Тоҷикистон ҳамсояи Сурхондарё марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ кард. Тошканд ҳамин тавр, дар соли 2001 бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард.

Марҳалаи дигари танишҳо байни Тошканду Душанбе ба соли 2010 бармегардад. Тошканд ба азми Душанбе барои сохтани нирӯгоҳи Роғун шадидан мухолифат варзида, алайҳи ин ҳамсояаш як силсила тадбирҳои иқтисодӣ андешид. Аз ҷумла Узбакистон аз шабакаи воҳиди нирӯи барқи Осиёи Марказӣ берун шуд ва бо ин камбуди бе он ҳам сангини нирӯи барқи Тоҷикистон дар мавсими сарморо боз ҳам сангинтар кард. Узбакистон ҳамчунин аз соли 2011 интиқоли газ ба Тоҷикистонро пурра қатъ кард ва дар поёни ҳамон сол бо баҳонаи “сӯди ками иқтисодӣ” роҳи оҳани Тирмиз – Амӯзанг, танҳо роҳи оҳан ба самти вилояти Хатлони Тоҷикистонро барчид.

Ҳамин тавр, ҳар сари чанд вақт аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Узбакистон ва бо ҳар баҳона дар посгоҳҳои гумрукии Узбакистон барои муддатҳои тӯлонӣ дармондани борҳое, ки ба Тоҷикистон мераванд, гузоришҳо ба даст мерасанд.

Ин ҳама равобити Тоҷикистону Узбакистонро дар як ҳолате қарор додааст, ки дар маҳофил ба он ҳатто “ҷанги сард” ном додаанд.

Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон
Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон

Аммо мулоқоти ғайриинтизори руасои ин ду ҷумҳурӣ Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи сентябри соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифт, умедҳоро дар ҳарду тарафи марз ба поёни ин “ҷанги сард” ва шикастани пиряхҳои дар ин ҳама солиёни танишҳо ҷамъшуда дар равобити Тошканду Душанбе аз нав бедор кард. Ин нахустин дидори рӯбарӯи ин 2 раҳбар дар дастикам 6 соли охир буд ва дар он, тавре баъдан сухангӯи пешини вазорати хориҷаи Тоҷикистон Абдулфайз Атоев шарҳ дод, “масоили равобити ду кишвар ба се зина раддабандӣ карда шуда буд: масъалаҳои навбати аввал, ки ҳаллашон ногузир асту кӯшиши зиёд намехоҳад. Масъалаҳои навбати ду ва масъалаҳое, ки ҳаллашон вақти зиёд мехоҳад.”

Ба дунбол, дар моҳи январи соли 2015 муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Парвиз Давлатзода пешниҳодҳои ҷониби Душанберо ба сафири Тошканд Шоҳқосим Шоисломов супурд, ки аз ҷумла равуои бидуни визаи сокинони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати то 30 рӯз ва ҳам эҳёи парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Тошкандро дар бар мегирифт. Ҳамон рӯзҳо хабаре ҳам нашр шуд, ки ширкати “Узбакистон ҳаво йӯлларӣ” аз поёни моҳи март ба парвозҳо дар масири Тошканд – Душанбе шурӯъ мекунад, вале ин тарҳ то ҳол дар ҳаво мондааст.

Ҳамин тавр, моҳи июн дар Тошканд ҷаласаи навбатии кумиссиюни байни ҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Узбакистон дар сатҳи муовинони сарвазири ду кишвар Давлаталӣ Саидов ва Рустам Азимов доир шуд. Дар он нишаст гуфта шуд, ки ҳаҷми тиҷорати Узбакистон бо Тоҷикистон дар соли 2014 панҷуним маротиба афзуда, ба 160 миллион доллар расидааст. Аммо боз ҳам ин ҳамагӣ 4 дарсад аз 4 миллиард доллар ҷамъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва 1 дарсад аз тақрибан 15 миллиард доллар ҷамъи содироту воридоти Узбакистонро ташкил медиҳад. Ва барои муқоиса, ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон бо ҳамсояи дигараш - Афғонистони ҷангзада - дар як сол то ба 174 миллион доллар мерасад.

Ҷониби Узбакистон дар он нишаст пешниҳод дод, то Душанбе рӯйхати молҳои мавриди таваҷҷӯҳашро ироа кунад. Ҳамин тавр, бар асоси натиҷаҳои нишасти Тошканд моҳе пеш аз азми Узбакистон барои бунёди як Кохи савдои он кишвар дар шаҳри Душанбе гузориш шуда буд.

Вале ба сурати умум бо гузашти 15 моҳ аз он мулоқоти таърихии Раҳмону Каримов боз ҳам пешрафти қобили мулоҳизае дар амри беҳбуди равобити Тошканду Душанбе ба даст наомадааст ва азми тарафайн барои оддӣ сохтани муносибот ҳамчунон дар ҳавои ҳусни ниятҳо ва ҷомаи амал нопӯшида боқӣ мемонанд.

Натиҷаҳои нахустин машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Узбакистон, ки дар Душанбе то 25 декабр давом хоҳанд кард, нишон хоҳанд дод, ки оё ҷонибҳо билохира ба ин ниятҳои хайр ҷомаи амале хоҳанд пӯшонд? Ва агар ҳа, оё чӣ ҷомае?

XS
SM
MD
LG