Атомуҳаммади Нур, сарпарасти мақоми волии Балх, ки дар Афғонистон бештар бо "Устод Ато" машҳур аст ва аз фармондеҳони аршади Эътилофи Шимол бо раҳбарии шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд мебошад, шарик кардани Толибон дар ҳукуматро кори маъқул ҳисобидааст. Вай дар шаҳри Мазори Шариф ба расонаҳо гуфтааст, ки агар супурдани як, ду то се вазоратхона барои Толибон битавонад сабаби хатми ҷанг дар Афғонистон гардад, аз он истиқбол мекунад. Ба гуфтаи Атомуҳаммади Нур, барои расидан ба сулҳ бояд баҳое пардохт ва ин баҳо набояд дастовардҳои сездаҳсолаи он кишвар, аз ҷумла ҳуқуқи занон ва озодии баёнро зери суол барад.
Ҳамзамон сарпарасти мақоми вилояти Балх ба ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон машварат додааст, ки дар барқарор кардани равобити сиёсӣ бо кишварҳои хориҷӣ аз бодиққат рафтор кунанд ва дӯстӣ бо як кишварро қурбонии равобит бо кишвари дигаре накунанд: "Тавозун дар робита бо кишварҳои берун бояд дар назар гирифта шавад. Ба хотири дӯстӣ бо як кишвар, кишвари дигареро аз даст надиҳем ва ба хотири дӯстӣ бо кишвари дигар, Покистонро аз даст надиҳем."
Ин ишораи Атомуҳаммади Нур ба равобити рӯ ба беҳбуди ҳукумати ваҳдатии миллии Афғонистон бо раҳбарии Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо Покистон аст, ки ба гуфтаи коршиносон, бесобиқа будааст. Раиси ҷумҳури қаблии Афғонистон Ҳомид Карзай бо вуҷуди беш аз 20 сафари расмӣ ба Покистон, натавонист сулҳу амниятро ба кишвараш бозгардонад ва ҳамвора Исломободро ба ҳимоят аз Толибон ва Ҳизби исломии Афғонистон бо раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр, муттаҳам менамуд.
Аммо зоҳиран ҳоло равобити Покистон бо ҳукумати Афғонистон гармтар шудааст аст ва ба вижа пас аз ҳамлаи террористӣ ба як мактаб дар Пешовар, ки сабаби ҳалокати беш аз 140 нафар шуд, Исломобод дар садади таҷдиди назар дар равобити худ бо Кобул шудааст. Исломобод ба ин назар аст, ки ҳамла ба ин мактаб аз сӯи Таҳрики Толибони Покистон мустақар дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон, сурат гирифтааст.
Атомуҳаммад Нур ҳамзамон гуфтааст, ки гуфтугӯ ва музокироти сулҳ бояд тавре давом кунад, ки дастовардҳои ба дастомадаи Афғонистон дар 13 соли гузашта, ба якборагӣ қурбони таъмини амният дар он кишвар нагардад. Вай гуфт, ки ин музокирот бояд рӯшан бошад ва мардум низ дар ҷараён қарор бигиранд.
Ин суханони Атомуҳаммади Нур дар ҳолест, ки Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки талошҳо барои халалдор кардани ваҳдати миллии афғонҳо ҷараён дорад. Оқои Ғанӣ гуфт, ҳоло садҳо тавтеа бар алайҳи ваҳдати миллии Афғонистон, дар роҳ аст.
Оқои Ғанӣ рабуда шудани 31 мусофири ҳазора дар вилояти Кобулро аз як ҷумлаи тавтеаҳо алайҳи ваҳдати миллии кишвараш хонд. Гарчӣ Ашрафғанӣ Аҳмадзай аз ҳеҷ кишвар ва ё гурӯҳи мушаххас ном набурд, ки талош ба ҳам задани ваҳдати миллии Афғонистонро доранд, аммо ҳушдор додааст, ки ҳеҷ кишвар набояд Афғонистонро майдони ҷанги султаталабии худ фикр кунад.
Ҳудуди як моҳ қабл 31 тан аз ҳазораҳои афғон дар роҳ аз Эрон ба Кобул, дар вилояти Зобул аз сӯи гурӯҳҳое ба гарав гирифта шуданд, ки гуфта мешаванд, вафодор ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва Толибон мебошанд. Бо вуҷуди азсаргирии амалиёти нерӯҳои амниятии афғон, ин афрод ҳанӯз дар асорати мухолифони ҳукумати Кобул қарор доранд.
Дар ин ҳол шуморе аз таҳлилгарони афғон мегӯянд, ки мумкин оқои Ғанӣ дар сафарҳояш ба кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон мутаваҷҷеҳи талошҳо барои тавтеа алайҳи ваҳдати миллиии Афғонистон шудааст. Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон талошҳояшро бароти анҷоми гуфтугӯҳои сулҳо бо Толибон бештар кардааст.
Давоми чанд рӯзи ахир сару садоҳо дар мавриди оғози музокироти ҳукумати Афғонистон бо гурӯҳи Толибон бештар шудааст. Толибон қаблан дар Қатар дафтар доштанд ва ҳоло гуфта мешавад, ки Чин ҳам дар ин қазия ворид шудааст ва тибқи охирин хабарҳо, Туркманистон ҳам омодагӣ кардааст, ки мизбони гуфтугӯҳои сулҳ миёни ҳукумати Афғонистон ва мухолифон бошад.