Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё ду медал гирифтанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии Осиё, ки рӯзҳои 25-30-юми март дар пойтахти Урдун - шаҳри Аммон – доир шуд, ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқот дар риштаи гуштии варзишӣ (гуштии юнону румӣ ва гуштии озод) ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгар дохил буд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон:

Гуштии юнону румӣ:

– 60 кг: Аслам Азизов

– 67 кг: Суннатулло Абдуллоев

– 72 кг: Лоиқ Амирхонзода

– 77 кг: Муслиҳиддин Уроқов

– 82 кг: Ҳабиб Зуҳуров

– 87 кг: Суҳроб Абдулҳаев

– 97 кг: Эдуард Бабеношев

Гуштии озод:

– 57 кг: Айаал Белолюбский

– 61 кг: Ҷамшед Шарифов

– 70 кг: Виктор Рассадин

– 79 кг: Магомед Евлоев

– 86 кг: Салимҷони Ҳалимзода

Аз байни гуштигирони тоҷик ду нафар – Виктор Рассадин ва Магомед Евлоев – дар риштаи гуштии озод ду медал гирифтанд. Рассадин дар вазни то 70 кило пас аз пирӯзӣ ба рақибонаш Зайд Меслаҳ аз Урдун, Сино Маҳдӣ Халилӣ аз Эрон ва Тулга Тумур Очир аз Муғулистон ба финал баромад. Виктор дар қувваозмоӣ ниҳоӣ бо Эрназар Акматалиеви қорғиз рақобат карда, бо ҳисоби 4 бар 5 мағлуб шуд ва соҳиби нишони нуқра гардид.

Магомед Евлоев бошад, дар вазни то 79 кило баъди пирӯзӣ бар Чандермоҳан аз Ҳиндустон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Аммо Евлоев дар нимфинал аз гуштигири эронӣ Маҳдӣ Муҳаммад ноком шуд. Сипас Магомед дар рақобат барои нишони биринҷӣ бар Даулет Ергеш аз Қазоқистон ғалаба кард.

Виктор Рассадини 31-сола, ки зодаи Ёқутистони Русия мебошад, соли гузашта низ дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии озод дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон медали нуқра ба даст оварда буд.

Магомет Евлоеви 26-сола ҳам легионер аст ва аз Ингушистони Русия мебошад. Вай порсол дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии озод дар Бишкек ҷойи панҷумро соҳиб шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG