Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2014 "бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Сардори Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" озод карда шуда, бо қарори дигари ҳукумат Асадулло Исматович Зоиров раиси ширкати роҳи оҳан таъйин шудааст.
Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти идораи роҳи оҳани Тоҷикистон, субҳи имрӯз намояндагони дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳайати идораи роҳи оҳани Тоҷикистон мулоқот намуда ва Асадулло Зоировро ба унвони раҳбари нави ин ниҳод муаррифӣ кардаанд. Раҳбари нави идораи роҳи оҳан то ин замон раиси ширкати "Роҳсоз"-и идораи роҳи оҳани Тоҷикистон ва қаблан раҳбари бахши ширкати роҳи оҳан дар вилояти Хатлон будааст.
Барканории раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ӯ ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотиаш гуфта буд, ки то расидан ба сини нафақа дар моҳи майи соли ҷорӣ дар мақомаш хоҳад монд. Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ аз соли 2002 то кунун тайи 12 сол дар ин мақоми раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон ифои вазифа мекард.
Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, ки ҳоло 63 сол дорад, дар вилояти Қӯрғонтеппа ба дунё омада, собиқаи корашро аз фурӯшандагӣ дар як мағозаи маҳалллӣ шурӯъ кардаааст. Ӯ сипас ба ҳайси коргар ва мудири амбори банкаи корхонаи консервбарории Қӯрғонтеппа ва ҳамчунин мудири як дӯкони фурӯши маводи сӯхт дар Фахробод кор кардааст. Дар интихоботи парлумонии соли 1990 Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ низ номзадиашро пешбарӣ карда буд, вале мақомот ӯро ба тахаллуфот айбдор карда, номзадиашро бекор карданд.
Парвози Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ба курсиҳои баланди мансаб дар сатҳи ҷумҳурӣ баъди соли 1992 ва рӯи кор омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Ӯ дар солҳои 90 як муддат вакили парлумон буд ва раҳбарии ширкати давлатии "Нафтрасон"-ро бар ӯҳда дошт. Дар соли 2002 ӯ ба симати раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон таъйин шуд ва 12 сол дар ин мақом кор кард.
То кунун иллати барканории Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ мушаххас нест, аммо вокуниши тунди вазорати умури хориҷии Туркманистон дар ду рӯзи пеш ба суханони ӯ дар бораи мувофиқати Афғонистон ба пешниҳоди Тоҷикистон дар робита ба масири роҳи оҳани миёни се кишвар, ки Ишқобод аз он бехабар мондааст, метавонад яке аз фарзияҳои барканории ӯ бошад.
Дигар ин ки номи Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ дар 4 моҳи ахир дар робита ба садама бо ширкати писари ноболиғаш Расули Амонуллоҳ дар сархати ахбори расонаҳо қарор дошт. Шаби 9-уми октябри соли гузашта дар маркази пойтахти Тоҷикистон --шаҳри Душанбе бо ширкати Расул, писари 16-солаи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ садамаи маргвор ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он се нафар ба ҳалокат расида, се тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Вазорати умури дохила ба дунбол хабар дод, ки дар пушти чанбари фармони мошини масъули ин садама писари раиси ширкати роҳи оҳан нишаста буд. Ба дунболи ин ҳодиса, А.Мӯсоева - ҳамсари ҷаноби Ҳукуматуллоҳ рӯзи 4 декабри соли гузашта тибқи қонуни масъулияти волидан бо иттиҳоми беназорат гузоштани фарзанди ноболиғ дар соати дуи шаб аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 120 сомонӣ ҷарима баста шуд.
Қазияи дигари пурсару садо дар атрофи номи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ ба соли 2011 рост меояд. Тирамоҳи он сол додгоҳе дар вилояти Хатлон ду халабони як ширкати русиро ба зиндон маҳкум кард. Он замон расонаҳо навиштанд, ки дар ин моҷаро исми писари калонии раиси идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Рустам Ҳукумов, ки ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Русия зиндонӣ шуда буд, матраҳ аст. Ин бӯҳрон сабаби таниш миёни ду кишвар ва ихроҷи садҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия шуд. Чанд рӯз баъд таҳти фишори Маскав халабонҳо афв шуданд ва дертар Рустам Ҳукумов ҳам озод шуд.
Ин видео аз нишасти хабарии рӯзи 29 январи Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ аст:
ИЗҲОРОТИ СОЗМОНҲОИ ХАБАРНИГОРӢ
Чанд соат қабл аз нашри хабари барканории Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва НАНСМИТ дар робита ба таҳдидҳои ӯ ба унвони рӯзномаи «ИмрӯзNews» изҳороти муштарак пахш намуда, чунин муносибати як «мансабдори давлатӣ»-ро маҳкум карда буданд.
Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ рӯзи 29-уми январ дар нишасти хабарии ширкати роҳи оҳан ба хабарнигори "Имрӯз нюс" дарафтод ва гуфт, шумо ин қадар дурӯғ мегӯед ва шӯрид, "ҳоло тафтишот тамом шавад, баъд ман бо хабарнигороне, ки иғво мекунанд, баҳс хоҳам кард. Ман барои иғвоҳо асос дорам ва медонам, ки дар пушти шумо киҳо истодаанд."
Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ рӯзи 4-уми феврал ба радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва НАНСМИТ дар як ҷаласа ҳарфҳои Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ дар нисбати кормандони «ИмрӯзNews», ки рӯзи 29 январ дар матубот ба нашр расида буд, баррасӣ намуда, бо пахши як баёния зикр кардаанд, ки аз тарафи мақомоти интизомии кишвар дар иртибот ба таҳдидҳои як мансабдори ҳукуматӣ, ҳеҷ вокунише нишон дода нашудааст.
Дар баёния таъкид шудааст, ки нишасти хабарӣ ҷое барои посух ба суолҳои хабарнигорон аст, на минбари «худсафедкунӣ». Дар ин баёния умедворӣ шудааст, ки мақомоти дахдори кишвар дар робита ба рафтори раиси ҳоло собиқи идораи роҳи оҳан, чораҷӯӣ кунанд.