Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи март ягон номзад пешниҳод накардааст. Носирҷон Салимӣ, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, рӯзи 21-уми январ хабарро тасдиқ кард. Масъулони ҳизб мавзуъро шарҳ намедиҳанд.
"Анҷуман ҳам баргузор нашуд"
Тибқи қонун дар бораи интихоботи вакилони порлумон, ҳизбҳои сиёсӣ бояд номзадҳои худро 45 рӯз то овоздиҳӣ пешниҳод кунанд. Интихоботи порлумонӣ рӯзи 2-юми марти имсол баргузор мешавад.
Намояндаи КМИР гуфт, "муҳлати пешбарии номзадҳо ба анҷом расид", аммо аз Ҳизби сотсиал-демократ ягон номзад барои сабтином пешниҳод нашуд.
Талошҳои мо барои суҳбат бо намояндагони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бенатиҷа буд. Рақами телефони Қиёмиддин Азизов, раиси ҳизб, дастнорас аст. Азизов дар аввали моҳи январ дар як паёми хатӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "мо ҳатман ҳадафи иштирок дар интихоботро дорем, аммо дар мадди аввал бояд анҷуман баргузор кунем."
Як намояндаи ҲСДТ бо шарти фош нашудани номаш рӯзи 21-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо сабабҳои барои мо низ номаълум анҷумани ҳизб қабл аз интихобот баргузор нашуд."
Баъди баста ва мамнуъ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015, Ҳизби сотсиал-демократ ягона ҳизби мухолиф дар кишвар гуфта мешуд. Аз замони таъсисаш дар соли 2002, ҲСДТ дар ҳама интихоботи порлумонӣ ширкат карда, аммо ҳеч гоҳ ба Маҷлиси Намояндагон роҳ наёфтааст. Намояндагони ҳизб борҳо аз тақаллуб дар интихобот шикоят карда буданд.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ, як дафъа дар ҳавзаи Конибодом интихоботро ба даври дуюм бурда буд. Ҳакимов дар моҳи июли соли 2024 дар доираи "парвандаи табаддулот" боздошт шуд, ҳарчанд худаш ин иттиҳомро дар додгоҳ рад кардааст.
Раҳматилло Зоиров, бунёдгузори ҲСДТ ва раиси пешини он, дар моҳи майи соли 2024 дар 67-солагӣ даргузашт.
Кадом ҳизб чанд номзад пешниҳод кард?
Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот, ба ҷуз ҲСДТ, шаш ҳизби дигар номзадҳои худро барои ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи март пешбарӣ карданд.
Ба иттилои расмӣ, Ҳизби ҳокими халқии демократӣ 28, Ҳизби аграрӣ 13, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 13, Ҳизби демократ 4, Ҳизби сотсиалистӣ 6 ва Ҳизби коммунист 6 номзад пешбарӣ кардаанд.
Инҳо танҳо номзадҳое ҳастанд, ки аз рӯйхати ҳизбӣ пешниҳод шудаанд. Шумораи номзадҳои аҳзоб аз 41 ҳавзаи якмандатӣ феълан маълум нест.
"Муҳлати пешбарӣ ба анҷом расид, акнун номзадҳо ҳуҷҷатҳояшонро барои сабтином пешниҳод мекунанд," -- афзуд Носирҷон Салимӣ, намояндаи Комиссияи марказии интихобот ба Радиои Озодӣ.
"Аз порлумони оянда умеди зиёд надорам"
Мирҳусайн Назриев, роҳбари ҷиноҳи ғайрирасмии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, мегӯяд, бо назардошти номзадҳои пешниҳодшуда наметавон аз порлумони оянда интизории зиёд дошт.
Назриев рӯзи 21-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар интихоботҳои то соли 2000-ум бештар номзадҳое пешниҳод мешуданд, ки ҷомеа онҳоро мешинохт.
“Мутаассифона, имрӯз шахсоне пешниҳод мешаванд, ки дар бораи бисёре онҳо маълумот надорам. Фақат аз расонаҳо мефаҳмам, ки ин ё он нафар пешбарӣ шудааст. Вақте ба Маҷлиси намояндагон шахсоне меоянд, ки дар сатҳи зарурӣ нестанд, аз ин порлумон чизи ҷиддиро интизор шудан амри муҳол аст. Ман умедвории хубе аз ин порлумон надорам," -- афзуд Мирҳусайн Назриев.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ ҳаст. Аксар курсиҳои порлумонро ҳизби ҳоким дар ихтиёр дорад. Ҳизбҳои аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ мутаносибан бо доштани 7 ва 5 вакил фраксияи худро дар порлумон ташкил додаанд. Ҳизби коммунист ду вакил ва ҳизбҳои сотсиалистиву демократии Тоҷикистон яктоӣ курсӣ доранд.
Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсони САҲА, ки ҳашт сол боз интихоботи Тоҷикистонро назорат кардааст, чанде пеш гуфт, ин корзорҳои муҳими сиёсӣ дар Тоҷикистон мутобиқ ба меърёҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф сурат нагирифтаанд.