Эълони расмии сабаби марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа дар шаҳри Санкт-Петербург наздикони ин тифли тоҷик ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар Русияву Тоҷикистон қонеъ насохт ва онҳо тақозо доранд, ки таҳқиқи мунсифона ва комили қазия сурат бигирад. Аммо Фарида Буранова нахустин намояндаи риштаи тандурустии Русия аст, ки иллати расмии марги Умаралиро зери суол бурдааст.
Шаби 14 октябри соли ҷорӣ Умаралӣ Назаров, ки чанд соате қабл ӯро иҷборӣ аз модараш Зарина Юнусова ҷудо карданд, дар шароити мармузе дар бемористон даргузашт. Аввал кӯдаки ширхорро ба ихтиёри кормандони умури ноболиғон гузошта ва пас аз бад шудани саломатиаш ба бемористон интиқол додаанд.
Дар мавриди марги Умаралӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар хулосаи тиббию додгоҳӣ гуфта шудааст, ки вируси тситомегалӣ, ки ба узвҳои муҳим, ба мисли узвҳои нафаскашӣ, ҷигар, меъда, талхадон, рӯдаю мағзи сар осеб мерасонад, боис ба марги нобаҳангоми ин кӯдак
шудааст. Вале Фарида Буранова ин хулосаро зери шубҳа мегузорад. Ба эътиқоди ӯ, ин гуна таҳаввулот дар бадани кӯдак на якбора, балки бояд дар як муддати тӯлонӣ ба мушоҳида мерасид. Ин кӯдак пеш аз ба зӯр аз модар ҷудо кардан солим буда ва дар муддати ҳамагӣ 12 соати ҷудоӣ аз модар дучори марг шудааст.
Фарида Буранова зодаи шаҳри Самарқанди Узбакистон аст. Ӯ Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ба номи академик Павловро хатм карда, дар соли 2002 рисолаи номзадиашро дифоъ кардааст. Аз соли 2007 ба ин сӯ дар Маркази илмии момодоягӣ, гинекологӣ ва перинатологии (қабл аз ҳамлӣ) ба номи академик Кулакови шаҳри Маскав рӯи рисолаи докторӣ кор мекунад.
Фарида Буранова рӯзи 19 ноябр дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, натиҷагириҳои ӯ дар бораи сабабҳои марги Умаралӣ Назаров бар пояи таҷрубаи тӯлониест, ки ӯ маҳз дар пажӯҳиши чунин амроз ба даст овардааст.
Радиои Озодӣ: Фарида Бурҳоновна, тибқи хулосаи тиббию додгоҳии Петербург вируси тситомегалӣ мунҷар ба марги Умаралӣ шудааст. Аммо Шумо аз ҷумлаи афродед, ки ба ин хулоса бовар надоред. Шубҳаи Шумо бар пояи чист?
Фарида Буранова: Вируси тситомегал бемории хатарноки гузаранда буда ва аз модар ба кӯдак интиқол меёбад. Ин ҳолат мумкин аст ба ҳангоми ҳомилагӣ рух диҳад. Мумкин аст ин вирус дар марҳилаи аввали ҳомилагӣ ба сиқти ҷанин ё марги ҷанин мунҷар шавад. Дар ҳолати баъдӣ кӯдак зинда монда, аммо ба бемориҳои мухталиф мубтало хоҳад шуд. Аммо ба гуфтаи падару модари Умаралӣ, кӯдак солим таваллуд шуда, пизишкон дар таваллудхона ё машваратхонаҳои занона ба бемор будани кӯдак ишорае накардаанд. Дар Петербург сатҳи ташхиси тиббӣ хуб аст. Агар дар зани ҳомила нишонаҳои ягон беморӣ мушоҳида шавад, ҳатман мавриди табобат қарор мегирад.
Радиои Озодӣ: Яъне, вирус ба таври тӯлонӣ пинҳон нахоҳад монд?
Фарида Буранова: Вируси тситомегалӣ дар кӯдаки навзод зуд ошкор мешавад. Ҳатман нишонаҳои он дар шаклҳои баланд шудани ҳарорати бадан, зард шудани чеҳра, шикамравӣ ва доғҳои сиёҳ дар бадани кӯдаки навзод пайдо мешаванд. Дар сурати ошкор шудани ин вирус кӯдаки навзод дар қайди махсус гирифта шуда, ҷиддан муоина мешавад. Такрор мекунам, ин ҳолат дар Петербург хуб ба роҳ монда шудааст. Бар асоси маълумот кӯдак сиҳат буда, дар вақташ моякӯбӣ шудааст. Таъкид мекунам, ин беморӣ ба якбор буруз накарда, қаблан нишонаҳояш пайдо мешавад. Ба ин тартиб, имкон надорад кӯдаки солим ба таври ногаҳонӣ фавт кунад.
Радиои Озодӣ: Имкон дорад ин вирус ноаён буруз кунад?
Фарида Буранова: Ин имкон вуҷуд дорад. Аммо дар ҳар сурат органзим суст шуда ва пас аз 3-5 ҳафта нишонҳояш рӯ мезананд. Ин кӯдакро духтурони кӯдакон муоина карда, вазъи саломатии ӯро қаноатбахш арзёбӣ кардаанд. Аз ин лиҳоз, хулосаи расмӣ ба ин нишондодҳо мувофиқат намекунад.
Радиои Озодӣ: Дар чунин ҳолат, чи чиз метавонад боис ба марги Умаралӣ шавад, ки дар зарфи як шабонарӯз аз модар ҷудо буд?
Фарида Буранова: Ҳар гуна шароит, аз ҷумла, бетаваҷҷӯҳӣ, сангдилӣ, беэҳтиётӣ ва бепарвоӣ метавонад сабаби марги нобаҳангоми Умаралӣ шавад, аммо на вирус. Агар дар вуҷуди кӯдак вирус ҳам буд, мумкин буд вазъияти кӯдакро баҳам зада ва боис ба марг шавад. Ман дар ақидаи худам ҳастам. Вай дар муддати 12-14 соат аз модар ҷудо буд ва ин амр раванди зиндагии муътадилро вайрон мекунад. Кӯдаки ширхор дар ин замина осебпазир аст. Ҳатто касолонсолон вақте аз волидайн ҷудо мешаванд, ба ҳолати стрессӣ гирифтор мешаванд, бемор мегарданд. Ин ҳолат дар кӯдакони ширхор сахттар аст.
Радиои Озодӣ: Шумо кадом навъи беэътиноиро дар назар доред?
Фарида Буранова: Бовар кунед, фаъолияти тахассусии ҳамкасбони худро зери шубҳа бурдан мушкил аст. Аммо ин ҷо мавзӯи марги Инсон матраҳ аст ва ин марг дар ҷойи холӣ ва худ ба худ сурат намегирад. Омилҳо дорад. Бигузор ин ба виҷдони афроде ҳавола шавад, ки дар ин ҳодисаи нохуш беихтиёр рабт доранд. Ба далели ҷудоӣ аз модар кӯдак зарбаи шадиди рӯҳӣ гирифта, мумкин аст, ҳангоми интиқоли ӯ мубтало ба вирус шудааст. Дар ҳар сурат бояд омили инсоният муқаддам бошад. Ҳодисаҳое метавонад рух диҳад, ки аз чашмҳо пинҳон мемонад.
Радиои Озодӣ: Вокуниши атрофиён ба мавзеъгирии Шумо чӣ гуна буд?
Фарида Буранова: Гуфтугузорҳое буд, ки ман ба унвони пизишк фаъолияти ҳамкасбони худро зери шубҳа мебарам. Ба ҳангоми арзёбии масъалаи арзиши ҳаёти инсон, марги кӯдак ҳамкасбӣ ба сафи дуюм рафта, ҷойи онро авлавият ба Инсон мегирад. Ҳақиқат болотар аз ҳама аст. Аз сӯйи дигар набояд ин мавзӯъро сиёсӣ кард.
Радиои Озодӣ: Ба хотири тантанаи ҳақиқат Шумо омодаед ба унвони коршиноси мустақил дар додгоҳ ширкат кунед?
Фарида Буранова: Ман коршинос нестам. Дар ин замина мавқеи ман бар пояи таҷруба ва донишам аст. Ман як муддат раҳбарияти бахши акушериро дар яке аз бемористонҳои Узбакистон ба ӯҳда доштам ва дар бораи вируси тситомегалӣ маълумоти кофӣ дорам. Бинобар ин, дар ин бора ибрози назар кардам. Ин хулосаи пизишке, ки бо такя бо таҷрубаи худ иброз шуда ва ин бепоя нест. Ва ман ба дурустии мавқеи худ пойфишорӣ хоҳам кард.