Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки 5 паҳлавони тоҷик дар Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024


Темур Раҳимов
Темур Раҳимов

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024, ки рӯзҳои 10-12-уми май дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона доир мегардад, иштирок мекунанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар Qazaqstan Barysy Grand Slam 2024 то ҳоло 458 варзишгар (241 мард ва 217 зан) аз 88 кишвари 5 қора номнавис шудаанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохиланд, ки дар рақобатҳо байни мардон дар чаҳор вазн ҳунарнамоӣ мекунанд: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Шодмон Ризоев (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг).

Дар вазни то 60 кило, ки 27 нафар номнавис шудаанд, Тоҷикистонро Муҳаммадсолеҳ Қувватов муаррифӣ мекунад ва ӯ дар феҳристи ҷаҳонӣ 30-юм аст. Гуштигире, ки дар радабандии ҷаҳонӣ дар зинаи нисбатан боло (чаҳорум) ҷойгир шудааст, Янг Юнг Веи аз Тайпейи Чин мебошад.

Дар вазни то 90 кило 34 нафар номнавис шудаанд, ки дар байни онҳо Иван Фелип Силва Моралес аз Куба дар феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷойгоҳи болотар - 7-ум - қарор дорад. Паҳлавонони тоҷик Комроншоҳ Устопириён дар феҳристи ҷаҳонӣ ҷойи 18-ум ва Шодмон Ризоев ҷойи 370-умро касб кардаанд.

Дар вазни то 100 кило 31 нафар номнавис шудаанд, ки дар байни онҳо Ҷорҷ Фонсека аз Португалия дар феҳристи ҷаҳонӣ дар зинаи баландтар – 13-ум - қарор дорад. Паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов бошад, дар феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷойи 38-ум аст.

Дар вазни беш аз 100 кило 30 нафар рақобат мекунанд. Ба ғайр аз Темур Раҳимов, ки дар феҳристи ҷаҳонӣ 2-юм аст, сангинвазнҳои маъруфи олами ҷудо Энди Гранда аз Куба (мавқеаш дар феҳристи ҷаҳонӣ 4-ум) ва Татсуру Саито аз Ҷопон (мавқеаш дар феҳристи ҷаҳонӣ 8-ум) номнавис шудаанд.

Барномаи мусобиқа:

10-уми май (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

11-уми май (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

12-уми май (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳд. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд, ғолиб соҳиби 1000 имтиёз, ҷойи дуюм – 700 имтиёз ва ҷойи сеюм 500 имтиёз мегиранд.

Ёдовар мешавем, паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024, ки рӯзҳои 3-5-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳафт медал (як нишони тилло, се нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ягона медали тиллоро дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кило соҳиб шуд. Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.

Се паҳлавони дигари тоҷик - Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кило, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 90 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 390 варзишгар (204 мард ва 186 зан) аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок доштанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 37 варзишгар (28 мард ва 9 зан) дохил буд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Швейтсария бо касби 2 медали тилло ва 2 нишони нуқра ғолиб шуд. Австрия бо касби 2 медали тилло ва як нуқра ҷойи дуюм, Италия бо касби 2 медали тилло ва як биринҷӣ зинаи сеюмро ишғол карданд. Дастаи Тоҷикистон бо касби як медали тилло, се нуқра ва се нишони биринҷӣ дар зинаи чорум қарор гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG