Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоҳарзодаи ҳамсари Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар занозанӣ меҷӯянд


Хуррамшаҳр, ноҳияи Данғара. Акс аз бойгонӣ
Хуррамшаҳр, ноҳияи Данғара. Акс аз бойгонӣ

Амриддин Нахшов, мудири корхонаи истихроҷи тиллои "Нахш" ва хоҳарзодаи ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, барои ширкат дар як занозанӣ дар ноҳияи Данғара ҷустуҷӯ мешавад. Ҳафт нафар аз ҳамроҳони ӯ дастгир шудаанд.

Нахшов ба он гумонбар аст, ки шаби 16-уми май бо чанд тан аз ҳамроҳонаш ба кормандони кирояи ширкати "Мину Фарм", паймонкори ширкати "Фароз", ҳамла кардааст. Наздиконаш ӯро бегуноҳ медонанд.

Як мошин омаду истод ва Сайёдро даъват кард. Се нафар буданд. Ӯро маҷбурӣ бор карда бурданӣ буданд, ки нигаҳбонони ширкат нагузоштанд.
Яке аз шоҳидон

Назари ӯ ба ҳодиса маълум нест, аммо ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, дар ин ҳодиса ҳудуди даҳ кас ҷароҳат бардошта, дар бадани чаҳор нафари онҳо зарби корд мушоҳида шудааст. Дар миёни осебдидагон чаҳор шаҳрванди Афғонистон низ ҳастанд, ки барои бастани шартнома барои ҷамъоварии шираи камол ба Данғара омада будаанд.

"Аз ВКД пурсед"

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ҳодисаро Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳқиқ дорад. Рустам Раҷабзода, сардори ШКД-и Данғара занозаниро рад накард, аммо гуфт, "тафсилотро аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ пурсед".

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳодисаро расман шарҳ надодааст.

Аксар осебдидагон, ки дар беморхонаи Данғара ва шаҳри Душанбе бистарӣ буданд, рухсат шудаанд, вале Сайёд Ғиёсов, сокини 45-солаи Данғара ва раҳбари "Мину Фарм" дар ин ноҳия дар беморхонаи Қарияи Боло бистарист. Ӯ аз пой ва шикамаш чаҳор зарби корд хӯрдааст. Пизишкон вазъашро муътадил медонанд.

Як шоҳиди ҳодиса, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса дар маҳаллаи 7-уми маркази ноҳияи Данғара пас аз он рух дод, ки Сайёд Ғиёсов ба дархости шахсони фиристодаи Амриддин Нахшов барои соҳиб шудан ба як порча замин ҷавоби рад дод.

Шоҳиди ҳодиса чӣ гуфт?

Ба гуфтаи ӯ, Нахшов мехост, қисме аз заминҳои шираи камоли Данғараро шахсони наздик ба ӯ бигиранд. "Вақти шом шахсе бо номи Пайрав ба Сайёд занг зад ва гуфт, ки ба тарабхонаи марбут ба Нақшов равад, чун Амриддин гап дорад. Муҳофизони ширкат дар ҳамон ҷо буданд. Як мошин омаду истод ва Сайёдро даъват кард. Се нафар буданд. Ӯро маҷбурӣ бор карда бурданӣ буданд, ки нигаҳбонони ширкат нагузоштанд. Яке аз онҳо ба Амриддин занг зада, гуфт, биё, ки моро 50-нафара мезананд. Бо мошини навъи “Ҷип” корд дар даст омад. Дигар ба ҳамла гузаштанд. Дертар як мошини дигар омад ва онҳо низ ба задан ҳамроҳ шуданд",--нақл кард шоҳиди ҳодиса.

Талоши Радиои Озодӣ барои суҳбат бо худи Нахшов, ки то куҷо ин гуфтаҳо ҳақиқат доранд, натиҷа надод. Азизмоҳ Нахшова, аммаи Амриддин Нахшов, рӯзи 24-уми май бо Радиои Озодӣ тамос гирифта, гуфт, "ӯ гуноҳ надорад ва мавриди туҳмат қарор гирифтааст. Аз ҷузъиёти ҳодиса хабар надорам, вале медонам, ки Амриддин ин хел бача нест." Вай афзуд, то ҷое медонад, бародарзодааш ба ҳеч ҷо фирор накардааст ва дар хонааш дар Данғара ҳаст.

Сайёд Ғиёсов дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ маҷруҳ шудан ва дар беморхона бистарӣ буданашро тасдиқ кард, аммо бо далели хуб набудани вазъи саломатияш шарҳи бештар надод.

Радиои Озодӣ бо се шоҳиди ҳодиса суҳбат кард. Онҳо гуфтанд, ки ҳамлаи Амриддин Нахшовро ба кормандони ширкати "Мину Фарм" дидаанд. Яке аз онҳо гуфт, "Амриддин Нахшов фирор накардааст, аммо мақомот аз боздошти ӯ тарс доранд. Мунтазиранд, ки дар сатҳи болоии ҳукумат ба боздошти ӯ иҷозат диҳанд."

Нахшов кист?

Амриддин Нахшов хоҳарзодаи ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Падараш Файзиддин Нахшов мудири пешини шуъбаи чоруми "Амонатбонк" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд ва соли 2018 даргузашт.

Амриддин Нахшов пештар дар "Ориёнбонк" кор мекард, ҳоло раҳбари ширкати истихроҷи тилои "Нахш" аст. Ин ширкат асосан дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг замин дорад ва бештар дар он ҷо ба истихроҷи тило машғул аст.

Ширкати "Мину Фарм", ки бо кормандонаш занозанӣ сурат гирифтааст, аз камтарин ширкатҳое дар Тоҷикистон аст, ки иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро дорад. Ин ширкат низ пайвандиҳое бо ширкати собиқи "Фароз" дорад, ки ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мутааллиқ аст.

XS
SM
MD
LG