Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодиса дар зиндони Ваҳдат. Маҳбусон кушта ва зиндонбонҳо захмӣ шудаанд

навшуда

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, дар зиндони рақами 3/2 дар шаҳри Ваҳдат (наздикии Душанбе) нооромие сар зада, дар натиҷаи он се маҳбус кушта ва се муҳофиз захмӣ шудаанд. Аммо дар аксҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шудаанд, пайкари 5 нафар дида мешавад, ки дар саҳни маҳбас оғӯштаи хун хобидаанд. Шабакаи “Azda TV”, қароргоҳаш дар Лаҳистон, номи 7 нафарро нашр кард.

Вазорати адлияи Тоҷикистон дар изҳороте гуфт, ки рӯзи 3-юми феврал як гурӯҳ аз маҳбусон бо ҳадафи "қатлу фирор" бо "асбобҳои худсохти халандаю буранда" ба зиндонбонҳо ҳуҷум кардаанд.

"Дар натиҷаи ҳамла, 3 корманд ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Муҳофизон маҷбур гаштанд, аз силоҳи оташфишон истифода баранд. Дар натиҷа, 3 ҷинояткор безарар ва боқимондаи онҳо дастгир карда шуданд," – гуфта шудааст дар изҳороти вазорат.

Тасдиқи ин маълумот ё дарёфти ҷузъиёти иловагӣ феълан дар дастрас нест. Мақомот теъдоди умумии "ҳамлагарон"-ро нуҳ нафар гуфта, вале ному насаб, кай ва чӣ гуна зиндонӣ шудани онҳоро ошкор накардаанд. Дар аксҳое, ки ба Радиои Озодӣ фиристода шудаанд, ҷасади панҷ нафар дида мешавад.

Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дастаи таъйиноти махсус барои амалиёти вижа ба Ваҳдат сафарабар шуд".

Як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал дар эъломияе иддао кард, ки теъдоди кушташудаҳо дар зиндони шаҳри Ваҳдат бештар аз иттилои расмист.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, қароргоҳаш дар Варшава, гуфт, "ҳазорон маҳбус, аз ҷумла зиндониёни сиёсӣ, таҳти азобу шиканҷа қарор доранд. Мо даъват мекунем, ки каромат ва ҳимояи ҳуқуқи бегуноҳонро фаромӯш насозед ва иқдомоти ҷиддӣ рӯи даст гиред."

Шаш сол пеш дар ҳамин зиндон дар шаҳри Ваҳдат ошӯбе сар зада, дар он ҳодиса се нозири зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд. Мақомот он вақт гуфта буданд, ки ошӯбро аъзои зиндонии гурӯҳҳои тундрав анҷом доданд. Дертар ДОИШ ё созмони террористии “Давлати исломӣ” масъулиятро пазируфт.

Аз он қабл дар маҳбаси Хуҷанд (соли 2018) низ ошӯбе сар зад, ки 21 кушта барҷой гузошт. Ҳомиёни ҳуқуқ дар ҳарду маврид бадрафторӣ бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро низ аз омилҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд.

То моҳи январи соли 2024 дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 13 ҳазору 500 нафар ва дар боздоштгоҳҳо зиёда аз 1300 кас сабт шудааст. Беш аз 14 ҳазор мард, тақрибан панҷсад зан, 134 ноболиғ ва 244 хориҷӣ.

Мақомоти Тоҷикистон ҳар дафъа дар нишастҳои байнулмилалӣ мегӯянд, баъзе аз зиндонҳо нав ва шароити нигаҳдории маҳбусон ба талаботи байнулмилалӣ наздик шудааст. Ин дар ҳолест, ки Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи апрели соли 2024 “аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон” мушкили ҷиддӣ номид.

XS
SM
MD
LG