Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 миллион сокини Афғонистон дар ҳолати гуруснагӣ ба сар мебаранд


Нонвое дар Кобул барои занҳои нодори маҳаллӣ нон тақсим мекунад
Нонвое дар Кобул барои занҳои нодори маҳаллӣ нон тақсим мекунад

Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ мегӯяд, дар Афғонистон теъдоди кӯдакони аз 5-сола поён ва ҳамингуна шумори занони ҳомила, ки ба қадри кофӣ ғизо барои хӯрдан намеёбанд, рӯ ба афзоиш дорад. 

Созмони мазкур мегӯяд, ки имсол бештар аз севуним миллион кӯдаки то панҷсола дар Афғонистон ғизои кофӣ барои хӯрдан намеёбанд. Ба қавли созмон, вазъи амнияти ғизоӣ дар кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон имсол ҳам хуб нест.

Бо вуҷуди беҳтар шудани вазъи амнияти ғизоӣ дар Афғонистон, ҳанӯз ҳам сеяки аҳолии ин кишвар нимгурусна будаанд.

Ҳсайо Вей Лӣ, раҳбари дафтари Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар Кобул дар ин замина ҳафтаи ҷорӣ гуфт: “Моҳи августи соли 2021 вазъи амнияти ғизоӣ бисёр бад буд ва гуруснагӣ босуръат афзуд. Дар зимистони он сол, 23 миллион нафар сахт гуруснагӣ мекашиданд. Ҳоло 15 миллион нафар гуруснагӣ мекашанд, аз ин рӯ вазъ зоҳиран беҳтар аст. Вале 15 миллион - сеяки аҳолии кишвар аст ва ин сеяки мардум дар воқеъ ранҷ мекашанд".

Дар Афғонистон гуруснагӣ ба мардуми бештар таҳдид мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

Баъди коҳиши кӯмакҳои байналмилалӣ ва ҳам боздошта шудани кӯмакҳои молии Амрико акнун Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ имкон дорад фақат нисфе аз мардуми мӯҳтоҷи Афғонистонро бо маводи ғизоӣ таъмин кунаду халос.

Соли 2021 баъди ба қудрат расидани Толибон, Афғонистон ба вартаи бӯҳрони иқтисодӣ афтод, чун кӯмакҳои байналмилалӣ боздошта шуданд. Фаъолияти системаи бонкии Афғонистонро ҳам маҳдуд сохтанд.

Аз он замон то кунун ирсоли баъзе кӯмакҳои башарӣ аз тариқи созмонҳои ғайриҳукуматӣ идома дорад, зеро барои мардуми фавқулода муҳтоҷ равона шудаанд.

Солҳои ахир вазъ дигару бадтар шудааст, зеро бо назардошти амалкардҳои Толибон, ки занонро аз ҳуқуқи зиёде маҳрум карданд ва ҳам бӯҳрон дар гӯшаҳои дигари ҷаҳон - кӯмакҳои байналмилалӣ ба Афғонистон каму камтар мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG