Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони САҲА дар Тоҷикистон: "Мо назорат мекунем, на қазоват"


Чаро хабарнигорон ба нишасти нозирони интихоботӣ наомаданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Нахустин нишасти нозирони САҲА, ки барои мушоҳидаи ҷараёни интихоботи порлумонӣ ба Тоҷикистон омадаанд, рӯзи 22-юми январ бе баҳсу баррасии ҷиддӣ анҷом ёфт. Дар ҳоле ки намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо 60 расонаро даъват карда будаанд, ҳамагӣ чаҳор нафар ширкат карданд. Ин созмони байнулмилалӣ дар гузашта интихоботҳои Тоҷикистонро ношаффоф арзёбӣ карда буд.

"Мо ба сифати раванд таваҷҷуҳ дорем"

Дитмир Бушатӣ, раҳбари ҳайати нозирони САҲА дар Тоҷикистон, рӯзи 22-юми январ дар Душанбе гуфт: “Кишварҳо моро барои назорат даъват мекунанд. Мисли ин ки шумо пизишкро мехоҳед ва ӯ кӯшиш мекунад ба шумо роҳҳои муолиҷаро пешниҳод кунад. Яъне, тасвири дақиқи кишвари шумо зарур аст, ки уҳдадориҳои САҲА-ро то куҷо иҷро мекунад ва қонуну муқаррарот чӣ гуна татбиқ мешаванд.”

Ҳайати нозирони САҲА иборат аз 11 коршиноси байнулмилалӣ буда, ин дастаи асосӣ дар Душанбе ҷойгир аст.

“Илова бар ин, 22 нозири дарозмуддат рӯзи 27-уми январ вориди Душанбе мешаванд. Онҳо ҷараёни интихоботро дар минтақаҳо назорат мекунанд. Мо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳзоби сиёсӣ мулоқот хоҳем дошт. 150 нозири кӯтоҳмуддат дар саросари кишвар кор хоҳанд кард. Нақши мо назорат кардан аст, ки дар арзёбиҳои минбаъда инъикос хоҳад ёфт,” – афзуд Дитмир Бушатӣ.

Раҳбари ҳайати нозирони САҲА ба баъзе аз пурсиши хабарнигорон посухи дақиқ надод. Ӯ гуфт, "вақте гап дар бораи раванди интихобот меравад, мо дар ин ҷо барои назорат қарор дорем, на қазоват. Мо фақат ба сифати раванд, кайфиати раванд таваҷҷуҳ дорем”.

Бинои нави порлумони Тоҷикистон
Бинои нави порлумони Тоҷикистон

"Пеш аз муҳлат хоҳад буд"

Интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 2-юми март баргузор хоҳад шуд. Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот, ба ҷуз Ҳизби сотсиал-демократ, шаш ҳизби дигар номзадҳои худро барои ширкат дар интихобот пешбарӣ кардаанд.

Хабарнигорон рӯзи 22-юми январ аз Дитмир Бушатӣ, раҳбари ҳайати нозирони САҲА, дар бораи ширкат накардани ҲСДТ пурсиданд. Ҳизбе, ки то чанд вақт пеш ягона созмони мухолиф дар кишвар номбар мешуд.

Бушатӣ гуфт: "Ҳоло шарҳу эзоҳ дода наметавонем дар бораи ҳизбҳо, сабти номи аҳзоб ва номзадҳо, вале чунин масъалаҳо ҷузъе аз гузориши мо хоҳад буд." Вай ҳамзамон таъкид кард, ки “чанд соат боз дар инҷо ҳастем ва агар аз ҷониби мо дар бораи вазъи сиёсии кишвар арзёбие шавад, пеш аз муҳлат хоҳад буд."

“Мо интихоботҳоро дар минтақаи САҲА мушоҳида мекунем. Мо мулоқоти ибтидоиро бо мақомоти дахлдор дархост кардаем. Дар Вазорати корҳои хориҷӣ мулоқот доштем. Мо дар асоси даъвати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ин ҷо ҳастем,” -- шарҳ дод Бушатӣ.

Порлумон ва ҳизбҳо

63 узви Маҷлиси Намояндагон дар Тоҷикистон дар панҷ сол як дафъа интихоб мешаванд. Аксар курсиҳои порлумонро ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ дар ихтиёр дорад. Ҳизбҳои аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ мутаносибан бо доштани 7 ва 5 вакил фраксияи худро дар порлумон ташкил додаанд. Ҳизби коммунист ду вакил ва ҳизбҳои сотсиалистиву демократии Тоҷикистон яктоӣ курсӣ доранд.

Ҳамаи ин аҳзоб, ошкоро аз сиёсатҳои ҳукумат ва ҳизби ҳоким тарафдорӣ мекунанд ва аз ин рӯ онҳоро “ҳизбҳои кисагӣ” ва ё офаридаи ҳукумат мешуморанд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки дар гузашта ҳизби мухолиф дар ҷумҳурӣ номбар мешуд, дар интихоботҳои пешина ширкат карда, вале ҳеч гоҳ ба порлумон роҳ наёфтааст. Фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар гузашта намояндагонаш дар порлумон ҳузур доштанд, аз соли 2015 дар Тоҷикистон мамнуъст.

Дафтари Ниҳодҳои Демократӣ ва Ҳуқуқи Инсон (ODIHR)-и САҲА то кунун ҳашт интихоботро дар Тоҷикистонро назорат кардааст. Хулосаҳои нозиронаш ҳам ин будааст, ки ин корзорҳои муҳими сиёсии Тоҷикистон мутобиқ ба меърёҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф сурат нагирифтаанд. Баръакси созмону кишварҳои ҳампаймони Тоҷикистон, аз ҷумла Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ҳамеша натиҷаҳои интихоботҳоро дуруст шумурдаанд.

XS
SM
MD
LG