Воридоти мошинҳои "люкс" ё гаронбаҳои ғарбӣ ба Русия манъ аст, вале чунин мошинҳо дар кӯчаҳои Русия боз ҳам пайдо мешаванд. Тарҳи "Система" роҳҳои ба Русия даровардани мошинҳои гаронбаҳои ғарбиро таҳқиқ ва муайян кард, ки ҳамааш аз Хадамоти федеролии муҳофизат сарчашма мегирад. Рӯзноманигор суолҳоро ба ширкатҳои истеҳсоли мошинҳо доданд. Porsche ва Mercedes-Benz гуфтанд, тафтиши дохилиро оғоз намуданд.
Моҳи январи соли 2025. Ширкати калонтарини букмекерӣ дар Русия эълон кард, ки дар лотереяи нав ба барандаи он туҳфаи бошукӯҳе ваъда мешавад ва ин мошини навъи Rolls Royce Cullinan аст. Нархи он аз ним то як миллион доллар буда метавонад, вале масъала на танҳо дар арзиши ҳангуфти мошини бритониёӣ аст. Бар асоси қонунҳои кишварҳои ғарбӣ, содироти чунин мошинҳо ба Русия манъ мебошад.
Моҳи марти соли 2022. Муддате баъд аз оғози ҳуҷуми бедалели Русия ба хоки Украина, кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва дигарон ворид кардани мошинҳои гаронтар аз 50 ҳазор долларро ба Русия манъ карданд. Тавлидкунандагони мошинҳои дар миёни соҳибкорон ва мақомоти Русия пуртарафдоре ба мисли Mercedes-Benz, Audi, BMW ва Land Rover корхонаву намояндагиҳои худро дар Русия бастанд ва фиристодани чунин мошинҳоро аз Аврупо ва Амрико хотима доданд.
Ҷойи онҳоро седан ва ҷипҳои сохти Чин гирифтанд. Мошинфурӯшҳое, ки то соли 2022 фақат бо мошинҳои амрикоӣ, аврупоӣ, куриёӣ ва ҷопонӣ сарукор доштанд, ба фурӯши навъҳои Cherry, Tank ва ё Omoda рӯ оварданд. То моҳи ноябри соли 2024 дар бозори Русия ҳиссаи мошинҳои сохти Чин 68 дар садро ташкил дод. Бо ин вуҷуд, мошинҳои "манъшуда"-и ғарбии навъи олӣ ҳамоно вориди Русия мешаванд.
Президенти Русия Владимир Путин дар моҳи июни соли 2022 қонунеро имзо кард, ки содироти мувозии маҳсулот (параллелний импорт) ё ворид кардани маҳсулотро бе иҷозаи молики асосии он иҷоза медиҳад. Ба ин феҳрист, аз ҷумла мошинҳои навъи Volkswagen, Ford, Nissan, Bentley, Rolls Royce, Bugatti ва Maserati ворид шуданд.
Соҳибкорони рус нақшаи нави корро рӯи даст гирифтанд ва дар сомонаҳои худ навиштанд, ки "пулашро диҳед, ҳама гуна мошинро меорем".
Мошинҳоро чӣ гуна ба Русия меоранд?
"Система" баъд аз санҷидани маълумоти гумрук маълум кард, ки аз моҳи марти соли 2022 ба Русия дастикам 1298 мошине ворид шудааст, ки нархи ҳар яке аз онҳо аз 100 ҳазор доллар зиёд аст. Ин мошинҳо дар давлатҳое истеҳсол шудаанд, ки содироти мошинҳоро ба Русия манъ кардаанд ва аз ин рӯ ба Русия тавассути кишварҳои сеюм роҳ ёфтаанд.
Нархи умумии 1298 мошини воридшуда ба Русия 214 миллион долларро ташкил додааст.
Азбаски ба таври мустақим ворид кардани ин мошинҳо ба Русия имкон надошт, барои ин кор ширкатҳои миёнарав аз саросари ҷаҳон, аз Туркияву Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сар карда то Қирғизистону Урдун ва Муғулистон иштирок карданд. Хабарнигорони таҳқиқгар маълум кардаанд, ки маҳсулот асосан ба воситаи панҷ кишвар ворид шудааст: Кореяи Ҷанубӣ, Беларус, Ҳонгконг, Туркия ва Қирғизистон. Тавассути ин панҷ долони транзитӣ ба Русия беш аз 1000 мошин ба маблағи 166 миллион доллар ворид шудааст.
Содиркунандаи асосӣ
Ширкати асосие, ки ба содироти мошинҳои боҳашамати хориҷӣ машғул шудааст, "Гарант" аз Санкт-Петербург мебошад, ки бо тиҷорати нахи оптикӣ машғул аст. Суроғаи он дар дохили як маркази тиҷоратие дар Санкт-Петербург сабт шуда, то соли 2022 даромадаш бисёр кам буд.
То шурӯи ҷанг дар Украина фоидаи калонтарини "Гарант" 250 миллион рубл дар соли 2020 (муодили 3,5 миллион доллар) будааст ва барои содирот ширкат 880 ҳазор доллар равона кардааст. Танҳо воридкунандаи мол ба "Гарант" ширкати ҳонгонгии Jiating Product Factory Limited мебошад. Раҳбари он Мяо Донг шаҳрванди Чин ва сокини Шонгҳой аст, ки дар фосилаи 1,5 ҳазор километр роҳ аз Ҳонгконг ҷойгир мебошад.
Ширкати Jiating дар соли 2013 сабтином шуда, то соли 2019 дар сомонааш ҳеч ҳарфе дар бораи мошин ё қисмҳои эҳтиётӣ вуҷуд надорад. Солҳои 2018-2021 Jiating ба Русия асосан маҳсулоти вобаста ба нахҳои оптикӣ ворид кардааст, ки арзиши умумии онҳо аз 1 миллион доллар бештар набудааст. Нисфи ин маҳсулоти содиршуда ба номи ширкати “Гарант” рафтааст.
Ҷанги васеъмиқёси Русия дар хоки Украина ва таҳримҳои баъдӣ вазъро тамоман дигар карданд. Аз моҳи сентябри соли 2022 ширкати ҳонгконгӣ ба фиристодани мошин ба Русия оғоз кард ва 99 дар сади онҳо ба ширкати “Гарант” тааллуқ доштанд. Дар натиҷа, солҳои 2022-2024 “Гарант” аз Ҳонгконг 305 мошинро ба 31,2 миллион доллар овардааст. 139 мошин ҳар кадоме бо нархи беш аз 100 ҳазор доллар.
Ширкати хурде бо нӯҳ корманди “Гарант” дар фурсати кӯтоҳ ба таъминкунандаи асосии мошинҳои боҳашамат ба Русия табдил шуд. Соҳибмулки ин ширкат кӣ аст?
Хадамоти федеролии муҳофизат ва бозори мошини Русия
Ин қиссаро бояд аз як ҳодисае дар моҳи декабри соли 2003 дар Санкт-Петербург сар кард. Се курсанти Институти ҳарбии тарбияи ҷисмонӣ (ВИФК) як ҷавони 17-соларо заданд. Номи курсантҳо Александр Стебаков, Владимир Ниязов ва Сергей Лушников аст. Ҳамаи онҳо дар казармаҳои воқеъ дар кӯчаи Болшой Сампсониевский 63 сабтином шуда буданд.
Ин ҳодиса беҷазо монд. Владимир Ниязов то рутбаи подполковник расид ва ҳоло ба ҳайси нозири калон дар Раёсати омодагии ҷисмӣ ва варзиши Қувваҳои мусаллаҳи Русия кор мекунад. Сергей Лушников ҳам подполковник аст, вале ӯ дар Хадамоти федеролии муҳофизат (ХФМ) кор мекунад. Расман вазифааш комменданти Смолний аст (комендатура ё зервоҳиди ХФМ, ки барои амнияти ҳукумати Санкт-Петербург ҷавоб медиҳад).
Лушников соли 2017 дар Форуми фарҳангии Санкт-Петербург дар тими муҳофизони раисҷумҳури Русия Владимир Путин иштирок кардааст. Нафари сеюм – Александр Стебаков – соли 2006 бо Мария Каленова издивоҷ кардааст, ки соли 2018 насаби ӯро гирифт ва раҳбари ширкати "Гарант" шуд. Он замон ҳам Мария ва ҳам Александр дар хобгоҳи ВИФК сабтином шуда буданд.
Зану шавҳар Стебаковҳо соли 2010 ҷудо шуданд, вале Мария то соли 2020 дар қайди хобгоҳи ВИФК буд. Подполковники ХФМ Лушников ва ҳамсараш дар ҷашни 35-солагии ин сохтор ҳамроҳ иштирок карда буданд.
"Система" маълум кард, ки "Гарант" барои мошинфурӯшон як миёнавар будааст. Харидорони асосӣ ду автоҳолдинги азими "Ролф" ва "Мэйджор Авто" мебошанд. Ҳамин ду ширкат аксар мошинҳои аз Ҳонгконг омадаро харида, дар сомонаҳои худ харидани мошинҳои ғарбиро пешниҳод мекунанд. Сохторҳои вобаста ба "Ролф" солҳои 2022 ва 2023 барои ворид кардани мошин 3,5 миллиард рубл ва "Мэйджор Авто" 1,1 миллиард рубл пардохт кардаанд.
Коршиноси масоили зиддифасод Иля Шуманов мегӯяд, "Ролф" бо Хадамоти федеролии муҳофизат ва молики кунунии "Ролф" Умар Кремлев ҳам бо ҳамин хадамоти вижа вобаста мебошад. Расонаҳо дар гузашта қиссаҳои зиёдеро дар бораи тиҷоратҳои гуногун ва нақши "пушту паноҳ"-ро бозидани ХФМ нашр кардаанд.
Як раҳбари пешини ширкати мошинфурӯшии калон, ки бо далелҳои амниятӣ нахост номаш бурда шавад, ба "Система" нақл кард, ки мошинҳои имрӯзаи воридотӣ аз хориҷа дар муқоиса бо замони пеш аз ҷанг ба маротиб камтар аст. Дар гузашта танҳо ширкати "Ролф" соле ба 3-4 миллиард доллар мошин меовард ва ин сад баробар бештар назар ба солҳои охир мебошад.
Бо вуҷуди пешниҳоди маҳдуд ва нархҳои баланд, харидорони муътабар ҳамоно талош мекунанд, ки чунин мошинҳои боҳашамате бихаранд. Баъд аз шурӯи ҷанги калон Сергей Матвиенко, писари раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко соҳиби ҷипи навъи Range Rover шуд. Ин мошин ба номи ширкати ӯ сабт шудааст.
"Система" ҳисоб кардааст, ки дар умум дар нақшаи ворид кардани мошинҳои манъшуда 179 ширкати воридкунандаи русӣ ва 220 ширкати содиркунандаи хориҷӣ аз 26 давлат иштирок мекунанд. Бо вуҷуди ин ки аксар фурӯшгоҳи мошинҳо дар Русия ба мошинҳои чинӣ рӯ овардаанд, муштариҳо мисли пешин ҷипҳои бритониёӣ, седанҳои олмонӣ ва мошинҳои варзишии итолиёиро фармоиш медодаанд.
Аз ин рӯ, дилерҳои калонтарин аз мошинҳои люкси ғарбӣ ҳеч гоҳ даст накашиданд ва барояшон муҳим нест, ки онҳо гаронтар шудаанд.
Ширкати дигари мошинфурӯшӣ бо номи “Автодом”, ки дар Маскав ва Санкт-Петербург амал мекунад, ба рӯйхати мошинҳои фурӯшӣ то даҳ навъи мошинҳои чиниро ворид кард, вале ҳамоно дар сомонааш Audi, BMW, Land Rover ва Lamborghini-ро пешниҳод мекунад. Ин тиҷорат ҳам зоҳиран фаъол аст. Солҳои 2022-24 ширкат ба Русия ба маблағи 16 миллион доллар 79 мошин ворид кардааст. Дар ин маврид ҳафт кишвар, асосан Ҳонгконг, Қазоқистон ва Беларус ҳамкорӣ мекарданд.
Як қадам қафотар аз “Автодом” ширкати маскавии "Ж.З.Л." қарор дорад. Расман ин ширкат бо тиҷорати мошин машғул аст ва бо фурӯши микроавтобусҳои навъи Fiat Ducato маъруф аст. Ин ширкат тавассути Қирғизистон ба Русия 67 Land Rover ва ду Audi ба маблағи умумии 11,7 миллион доллар ворид кардааст. Се мошини дигар сентябри соли 2023 мустақим аз Бритониё ворид шудааст. Дар сомонаи таблиғотии Avito ширкати "Ж.З.Л." навиштааст, ки ҳамаи мошинҳои маъруфи ғарбиро метавонад ворид кунад.
Дар шарқи Русия яке аз калонтарин воридкунандаи мошин гурӯҳи ширкатҳои марбут ба Петр Хомяков ва Инна Буздалина (ООО "ВЦ-Иркутск", ООО "МЦ-Иркутск" ва ООО "ЛЦ-Иркутск") мебошанд. Расман онҳо тоҷирони ширкатҳои чинии Chery ва Seres мебошанд. Бо ин вуҷуд асосан аз Кореяи Ҷанубӣ ва Муғулистон ба Русия ба маблағи 11 миллион доллар 81 мошини дар феҳристи таҳримҳо қарордоштаро ворид кардаанд.
Як воридкунандаи азими дигари мошин ширкати "ГТК Авто" аст, ки дар Маскаву Санкт-Петербург амал мекунад. Ин ширкат ҳам ба 11 миллион доллар 70 мошин ворид кардааст. Ин мошинҳо асосан тавассути Беларус фиристода шуда, бидуни ист дар Минск ба Русия ҳаракат кардаанд. Чанд мошинро аз хоки Арманистон овардаанд. Дар сомонаи расмии ширкат ҳамин пешниҳод ҳаст, ки метавонанд мошинҳои ғарбиро ворид кунанд.
"Премиум Сурс" – ширкати дигари мошинфурӯшӣ ба 10 миллион доллар 53 мошинро ворид кардааст. Ин ҷо ҳам чанд кишвари транзит ё миёнарав истифода шудааст, ки асоситаринашон Ҳонгконг ва Кореяи Ҷанубӣ мебошанд.
Ғарб чӣ мегӯяд?
Нозирони аврупоӣ иҷро ва талошҳои давр задани таҳримҳоро бодиққат пайгирӣ мекунанд. Соли 2024 дар Олмон се нафарро барои содироти садҳо мошин ба Русия ба ҳабс маҳкум карданд. Дар моҳи феврали соли 2025 ҳодисаи монанд дар Литва рух дод: он ҷо ду беларусӣ ва ду литвониро боздошт карданд, ки мошинҳоро ба Русия ва Беларус мебурданд.
Ҳуқуқшиноси бритониёӣ Алекс Презанти дар суҳбат бо "Система" шарҳ дод, ки Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо ба ширкатҳои содиркунанда машварат медиҳанд, ки дар созишномаҳо иловае бо мазмуни "бидуни Русия" ворид кунанд, ки ин чиз рээкспорт ё фурӯши маҳсулотро дар бозори русӣ манъ мекунад. "Дар ИА ин талабот ҳатмӣ шуд, вале он ҳам ба маҳсулоти ниёзи аввал дар майдони ҷанг ва дигар маҳсулоти истифодааш дугона рабт дорад. То ҷое ман медонам, ба мошинҳо рабт надорад," – гуфт ӯ.
Истеҳсолкунандагони ғарбии мошинҳо дар навбати худ ба "Система" хабар доданд, ки чораҳои пешгирӣ аз давр задани таҳримҳо ва ба бозори Русия ворид шудани онҳоро рӯи даст гирифтаанд.
Porsche, Олмон:
"Porsche AG ҳама таҳримҳои иқтисодиро нисбат ба Русия риоя мекунад. Аз замони ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия ҳеч мошини наве фиристода нашудааст. Мошинҳо бо рақамҳои VIN марбут ба харидҳои хусусӣ дар кишварҳои гуногун ҳастанд. Эҳтимол мошин баъди давр задани таҳримҳо дубора фурӯхта шудааст. Мо дар бораи чунин ҳодисаҳо ба мақомот хабар дода, ёрии ҳамаҷониба мерасонем."
Jaguar Land Rover, Бритониё:
"JLR дар моҳи феврали соли 2022 фурӯши мошинҳоро ба Русия ва Беларус бас кард. Риояи таҳримҳо як авлавияти кори ширкат ва ҳам уҳдадории шабакаи фурӯши чаканаи мо ба шахсони сеюм аст ва мо ҳар чунин ҳолатро таҳқиқ мекунем."
Аudi, Олмон:
"На AUDI AG ва на Volkswagen Group ва на ширкатҳои муштарак мошинро ба Русия содир намекунанд. Audi тамоми талошро ба харҷ медиҳад, то аз фурӯши ғайриқонунӣ пешгирӣ шавад. Худи ширкати AUDI AG ва ҳамаи таъминкунандагони он ва шарикони тиҷоратиаш вазифадор ҳастанд, ки барои пешгирӣ аз бозсодироти ғайриқонунӣ ба Русия тамоми талоши худро ба харҷ диҳанд."
BMW, Олмон:
"Шабакаи дилерӣ, аз ҷумла воридкунандагони мошинҳои BMW, аз рӯи шартнома вазифадор ҳастанд, ки ҳама муқаррароти миллию байнулмилалиро риоя кунанд. BMW Group барои пешгирӣ аз ин намуд воридот тадбирҳои мухталифе роҳандозӣ кардааст ва дар миёни онҳо таҳлили маълумот дар бораи фурӯш, аз ҷумла ҳолатҳои ғайриодӣ, муҳокимаи билофосила ва таъқиби ҷиноии мавридҳои шубҳаовар дар саросари ҷаҳон дар мадди назар мебошад."
Mercedes-Benz, Олмон:
"Ширкати Mercedes-Benz таҳримҳои амалкунанда ва қоидаҳои назорати экспортиро ҷиддан риоя мекунад. Мо ба ҳама ҳолатҳои ишора ба эҳтимоли нақз шудани таҳримҳо ва қоидаҳои назорати экспортӣ ҷиддӣ муносибат мекунем ва тадбирҳои муносиб меандешем. Дар робита бо маълумоте, ки ба шумо пешкаш мекунем, ҳамингуна амал мекунем. Мо ҳоло ин маълумотро ҷиддан меомӯзем; тафтиш идома дорад ва фурсат мехоҳад. Дар сурати асоснок будани онҳо сохторҳои дахлдорро ҷалб мекунем. Аз рӯи қоида, фурӯши маҳсулоти моро ба миёнаравҳои ғайрикасбӣ ва берун аз қаламрави шартнома иҷоза намедиҳем. Мо нақзи созишнома ва уҳдадориҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби шариконамонро таҳаммул намекунем ва тадбирҳои боҳадаф, то бекор кардани созишномаҳоро ҳам метавонем амалӣ созем."
"Гарант", ширкатҳои мошинфурӯши "Ролф", "Мэйджор-Авто", "Автодом" ва "Параметр", ширкати ҳонгконгии Jiating Product Factory Limited, истеҳсолкунанандаи Bentley ва Мария Стебакова ба саволҳои "Система" посух надоданд.