Мушкинисо Эргашева, модари маҳбусе, ки сардори маҳбасхонаи Кӯлобро ба қатл расонд, дар номае ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ӯ тақозод кардааст, ки дар сабук кардани ҳукм алайҳи писараш Умед Тешаев кӯмак намояд.
Номаи модари Умед Тешаев, рӯзи сешанбеи 26 август дар ихтиёри Радиои Озод қарор гирифт, ки Мушкинисо Тешаева хитоб ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон менависад, "Мӯҳтарам ҷаноби Олӣ! Ягона додраси мардум! Ман як модари ҷабрдида аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, парвандаи ҷиноии писари маро шахсан зери назорати худ гиред, зеро ин ҷиноятҳо аз аввал то ба охир бо рафтори хунукназаронаи коркунони ҳифзи ҳуқуқ ва коркунони муассисаи ислоҳӣ ба амал омадааст. Аз шумо илтиҷо мекунам, ки таъиноти коллегияи судии Суди Олии Тоҷикистонро аз 23 июли соли ҷорӣ бекор намоед ва ҷазои писари маро тибқи қонунҳои ҷорӣ тағйир дода, ҷазоро сабук кунед."
Ба навиштаи Мушкинисо Эргашева, сабаби даст ба қатли Умар Қаюмов, сардори маҳбасхона задани писараш он будааст, ки "Қаюмов Умедро барои кам кардани мӯйи сараш даъват мекунад ва ҳангоми кам таркардани мӯи сари сардор, Умар Қаюмов аз вай дар бораи кушторе, ки Умед дар соли 2013 содир карда буд пурсон мешавад."
Ба таъкиди хонум Тешаева, "чун Умед рӯҳан бемор аст, дар назараш чунин намоён шудааст, ки қотили пешинааш дар курсии сартарошӣ нишастааст ва ҳаракатҳои худро дарк накарда ва бо қайчии дар дасташ буда, сардори маҳбасхонаро задааст, ки дар натиҷа вай фавтидааст."
Ба ин далел Мушкинисо Эргашева, дар қатли сардори маҳбасхонаи Кӯлоб кормандони муассисаро гунаҳкор медонад ва менависад, "вақте маҳбус дар маҳбас аст, чӣ хел ба дасти вай қайчӣ, теғ, мошинкаи барқӣ медиҳанд? Ин зан, ҳукми 30 соли зиндон ва ҳатто сабук дониста шудани ин ҷазо аз сӯи Коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноии вилояти Хатлонро беадолатӣ унвон кардааст.
Умед Тешаеви 31-сола, ки дар шаҳри Кӯлоб ба ҳайси сартарош кор мекард, рӯзи 29-уми августи соли 2013 барои куштани Абдурасул Алиев бо 54 зарби корд боздошт ва баъдан ба 17,5 соли зиндон маҳкум шуд. Аммо16-уми феврал дар дохили зиндон вақте, ки сардори маҳбас Умар Қаюмов аз ӯ хоҳиши ба тартиб даровардани мӯйи сарашро кардааст, ӯро низ бо 18 зарби корд ба қатл расонид.
Дар ҳоле, ки модари Умед Тешаев, аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон дархости сабук кардани ҷазо нисбати писарашро талаб дорад, наздикони Умар Қаюмов, ки 15 соли собиқаи корӣ дар зиндони Кӯлобро дошт, ҳукми ҳабси абади Тешаевро талаб доранд.
Умар Қаюмов хатмкардаи факулати забони русии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буда ва мактаби олии ҳуқуқшиносии вазорати корҳои дохилии Узбакистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос дар соли 1988 хатм намуда ва беш аз 20 сол дар низоми маҳбасхонаҳо кор кардааст. Тайи тақрибан 15 соли охир ӯ сардори маҳбаси Кӯлоб буд. Полковник Умар Қаюмов, ки 65 сол дошт, мебоист ҳанӯз соли гузашта бознишаста мешуд, аммо бо дарназардошти хизматҳои шоистааш аз ӯ хостаанд, ба кораш идома диҳад.