Дар иттилоияи ин гурӯҳ, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шуд, гуфта мешавад: "Қарор буд, имрӯз, 26-уми май, Анҷумани таъсисии Ҳизби Тоҷикистони Нав баргузор гардад. Вале, бар иваз, расо як ҳафта мешавад, ки ҳушу ёди ҷомеаи Тоҷикистонро боздошти ғайриқонуниву ноодилонаи раҳбари Гурӯҳи мубтакири таъсиси ҳизб банд кардааст. Анҷуман ба таъхир гузошта шуд, вале, Гурӯҳи мубтакир бар раъйи худ пойбанд аст. Анҷуман бо таъхир ҳам бошад, баргузор мешавад ва мо аз таъсиси ҳизб эълон хоҳем кард!"
Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, узви гурӯҳи ташаббускори ҳизби ҷадид ва раҳбари Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон рӯзи 26 май дар як сӯҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар шароити кунунӣ вазъиятро барои баргузории анҷумани ҳизб муносиб намебинанд. Оқои Муҳаммадазимов гуфт, ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки анҷуман кай доир хоҳад шуд.
Ба ақидаи Абдулғанӣ Муҳамммадазимов, таъқиби раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав ангезаи сиёсӣ дорад. Вале ӯ афзуд, бо вуҷуди боздошти Саидов зарурати ба майдон омадани як ҳизби марказгаро дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Мусоҳиби мо набуди чунин ташаккулро як мушкили умдаи арсаи сиёсии Тоҷикистони имрӯза номид.
"Моро нафаҳмиданд"
Муҳаммадазимов: Агар 8 ҳизби мавҷуда хуб фаъолият мекард ва ҳама дидгоҳҳоро пӯшиш медод, шояд чунин зарурат пеш намеомад. Вале вақте мо гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони навро таъсис додем ва корро шурӯъ кардем, дидем, ки майдони сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон хеле маҳдуд шудааст ва мо натавонистем мавқеъгирӣ ва барномаву оинномаи худро бештар нишон диҳем.
Озодӣ: Чаро шумо ин корро карда натавонистед?
Муҳаммадазимов: Инҷо ду масъалаи асосӣ буд. Масъалаи стратегӣ таъсиси додани як нирӯи солими марказгаро, ки ба чапу рост накалавад. Яъне наафтодан ба ифрот на аз тарафи ҳукумат ва на тарафи мухолифин. Масъалаи дигар боз ҳам устувор кардани характери дунявияти кишвар буд. Солҳои охир баҳсҳо на пиромуни ин асл, балки бештар рӯи масоили на он қадар хубе, чун ришу ҳиҷобу Ошӯро ё инки каблук маҳдуд шудааст. Ин нишон дод, ки бояд як қуввае ба майдон биояд, ки марказгаро бошад ва дар миёна истад, ва аз тарафи дигар, асли дунявияти кишварро қавӣ гардонад. Ҳадаф ин буд, вале моро хуб нафаҳмиданд. Гурӯҳи мо ҳанӯз чилаш пур нашуда буд, ки мо гирифтори, намедонам, фитна буд, ё нофаҳмӣ, вале мо дар як фазое афтодем, ки натавонистем бифаҳмонем, ки мо на ифротгароем ва на инқилобчӣ. Мо мехоҳем дар Тоҷикистон баъди интихоботи президентӣ як навъе ислоҳот шавад.
Озодӣ: Яъне аз вокуниши давлат бармеояд, ки боздошти раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав ангезаҳои сиёсӣ дорад?
Муҳаммадазимов: Ба назари мо, ин боздошт характери сирф сиёсӣ дорад.
Сели парвандаҳо...
Як гурӯҳ ба раҳбарии соҳибкори шинохта Зайд Саидов рӯзи 6 апрел аз азмаш барои таъсиси ҳизби марказгарои Тоҷикистони нав хабар дод. Аммо рӯзи 10 май гурӯҳи ташаббускори ҳизби нав аз таҳдидҳо ба ҷону моли раҳбараш Зайд Саидов хабар дод. Рӯзи 11 май додситонии шаҳри Душанбе манзилҳои Зайд Саидовро кофтукоб ва чанде аз наздикони ӯро бозпурсӣ карда, хабар дод, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми бисёрзанӣ парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Ҳамон рӯз Ожонси мубориза бо фасод ҳам масъулони ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал”-ро, ки ба Зайд Саидов марбут дониста мешавад, ба изофанависӣ дар ҷараёни сохтмони “Душанбе Плаза”- баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон айбдор кард ва гуфт, дар ин маврид аз 10 май парванда боз кардааст.
Зайд Саидов бо онки ба унвони вакили маҷлиси Душанбе ҳаққи дахлнопазирӣ дошт, рӯзи 19 май баъди бозгашт аз сафари Аврупо аз дохили ҳавопаймо боздошт шуд. Маҷлиси шаҳрӣ фақат баъд аз зӯҳри 20 май масунияти ӯро лағв кард.Ожонси зиддифасод дар ин чанд рӯз алайҳи Зайд Саидов чанд иттиҳоми нав эълон кард, ки марбут ба давраи фаъолияти ӯ дар симати вазири саноати Тоҷикистон аст. Ӯ аз ҷумла ба порагирӣ, сӯъиистифода аз мақом ва қаллобӣ айбдор мешавад.
Фаттоҳ Саидов, раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ахиран ба хабаргузории "Озодагон" гуфтааст, парвандаи Зайд Саидов ва Низомхон Ҷӯраев то 2 моҳи оянда ба додгоҳ хоҳад рафт. Фаттоҳ Саидов дар посух ба ин суол, ки оё имкон надошт Зайд Саидов дар ҳабси хонагӣ бошад, ба ин расона гуфтааст: “Бар асоси моддаҳое, ки ӯ муттаҳам мешавад, ҷиноятҳои махсусан вазнин мебошанд, ки намешавад дар ҳабси хонагӣ нигоҳ дошт. Инҳо ҷиноятҳои иқтисодӣ нестанд.”
Рӯзи 25 май чанде аз аҳзоби мухолиф ва созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ниҳодеро бо номи Эътилоф барои ҳифзи демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар чорчӯби ин эътилоф Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи конститутсионии Зайд Саидовро ташкил доданд. Ин эътилоф дар изҳороташ гуфт, нақзи ҳуқуқу озодиҳои мардум дар Тоҷикистон, барои мисол, дар парвандаи алайҳи Зайд Саидов "шаклу усулеро гирифтааст, ки ҳатто барои як давлати аз нигоҳи режимаш худкома ғайриқобилиқабул аст." Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, ки "демократия ва ҷомиаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таҳти хатар қарор гирифтааст."
Ахиран созмони Хонаи Озодӣ ё Freedom House низ боздошти Зайд Саидовро идомаи саркӯбии мухолифини сиёсии ҳукумат дар пешорӯи интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба қалам дод. Ин созмон мегӯяд, ин соҳибкор бо вуҷуди онки аз интиқоди тунд аз давлати Эмомалӣ Раҳмон парҳез мекард ва андешаҳои прагматикии марбут ба ислоҳоти иқтисодӣ дошт, боз ҳам қурбони набуди рақобати солими сиёсӣ дар ин кишвар шудааст.
"Қуръон" ва "Маснавӣ" барои Зайд Саидов
Вакилони мудофеъи Зайд Саидов рӯзи 25 май бо ӯ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ мулоқот кардаанд. Саидов соати сеи шаби 23 май аз тавқифгоҳи Ожонси зиддифасод ба ин боздоштгоҳ мунтақил шуд. Пайвандонаш мегӯянд, дар номае аз боздошт Зайд Саидов барои худ "Қуръон" ва "Маснавии маънавӣ"-и Мавлоно Румиро дархост кардааст.