Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат дархости Хадамот дар бораи воридоти мошинҳои кӯҳнаро рад кард


Ҳукумати Тоҷикистон дархости Хадамоти гумрук дар мавриди ба таври истисно иҷозат додани воридоти мошинҳои кӯҳнаро рад кардааст. Хадамоти гумрук мегӯяд, тоҷирон мошинҳоро ба кишварҳои дигар содирот ва ё реекспорт кунанд.

1300 мошин банд мондаанд

Тоҷикистон аз 15-уми феврали соли равон воридоти мошинҳои соли истеҳсолашон пештар аз соли 2005-ро манъ кард. Аз эълони манъи воридоти мошинҳои кӯҳна то ба иҷро даромадани ҳамагӣ ду ҳафта гузашт ва аз ин рӯ, бисёре аз тоҷирони мошин замоне аз он огоҳӣ пайдо карданд, ки мошинҳои харидаашон аз Аврупо дар роҳ ба Тоҷикистон қарор дошт. Ин аст, ки беш аз 1300 мошини истеҳсолашон то соли 2005 дар истгоҳи гумрукии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳаминак 5 моҳ боз дармондааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, дар соли 2017 ба Тоҷикистон бо маблағи 216,3 миллион доллар амрикоӣ мошин ворид гардидааст. Ба гуфтаи ин хадамот, воридоти мошин дар нисбати соле қабл аз ин, 15 дарсад бештар шуд.

Дар Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 1-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукумат ба воридоти ин мошинҳо ба қаламрави кишвар иҷозат надод. Як масъули ин хадамот ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, "мо якчанд маротиба ба унвонии дастгоҳи иҷроияи президент мактуб навишта, дархост карда будем, ки ба таври истино воридоти ҳамин мошинҳоро иҷозат диҳанд. Аммо иҷозат дода нашуд".

Ин масъули Хадамоти гумуруки Тоҷикистон гуфт, моликон мошинҳоеро, ки дар истгоҳҳои гумрукӣ ҳастанд метавонанд ба кишварҳои дигар содирот ва ё ба истилоҳ реекспорт кунанд.

Тасмими ниҳоии Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ин мошинҳо дар ҳолест, ки қаблан Хадамоти гумрук бо ирсоли нома аз ҳукумат дархост карда буд, ки ба таври истино воридоти он мошинҳое, ки айни замон дар истгоҳҳои гумрукӣ дармондаанд иҷозат диҳад.

Ҳамсӯҳбати мо дар Хадамоти гумрук гуфта буд, "ҳавасмандем, ки барои воридшавии мошинҳо иҷозат бидиҳанд. Чунки агар иҷозат шавад, аз 15 то 20 миллион сомонӣ пардохти гумрукӣ ба будҷа ворид мешаванд. Ҳоло ин маблағҳо "ях карда" мондаанд".

Тоҷирон: ин тасмими ҳукумат моро касод мекунад!

Аммо тоҷирони тоҷик мегӯянд, онҳо имкони реекспорт ва ё, ба кишварҳои дигар содир кардани ин мошинҳоро надоранд. Абдулло Раҳимов, як ҷавони тоҷик, ки аз соли 2013 ба тиҷорати мошин машғул аст, гуфт имкони ба кишварҳои дигар содир кардани ин мошинҳоро надоранд, чунки танҳо барои то ба Тоҷикистон овардани ҳар як мошин 1000 доллар сарф мешавад.

"Ман шахсан 6 мошинро бо вагон Тоҷикистон фиристода будам, танҳо барои роҳ 6 ҳазор доллар харҷ кардам. Панҷ моҳ боз интизорем, ки ин масъала ҳал шавад. Акннун ба мо мегӯянд, ки ба кишвари дигар баред. Мо боз 1000 доллар барои ба дигар ҷо бурдани ин мошинҳо харҷ кунем, хароҷот даҳчанд мешавад, онро дигар кӣ мехарад?”

Ин тоҷири тоҷик мегӯяд, Узбекистон ҳамсоякишвари Тоҷикистон воридоти мошинҳои хориҷиро намегузорад ва дар бозорҳои кишварҳои дигар ҳам фурӯхтани ин мошинҳо ғайримкон ба назар мерасад.

"Мо бо назардошти қобилияти харидории мардуми тоҷик мошинҳоро аз Аврупо харида ҷамъ мекардем ва ба Тоҷикистон мефиристодем. Мардуми мо аксаран "Опел"-ҳои истеҳсоли солиҳои 2000-умро мехаранд, чун аксарият қудрати харидории мошинҳои аз ин қимматро надоранд".

Раҳимов гуфт, чун ин мошинҳоро фурӯхта натавонанд ӯ ва даҳҳо тоҷири дигар ки аз ҳисоби хариду фурӯши мошин каме даромад доштанд, муфлис мешаванд.

Қарори манъи воридоти мошинҳои кӯҳна

Ҳукумати Тоҷикистон моҳи январи имсол бо қароре воридоти мошинҳои соли тавлидашон то 2005-ро ба қаламрави кишвар манъ кард. Ин қарор аз 15-уми феврал ба ҳукми иҷро даромад. Сабаби ин иқдом ҳам ҳифзи муҳити зист гуфта шуд.

Масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зист моҳи январи соли равон гуфтанд, мошинҳои кӯҳнаву фарсуда беш аз ҳама ҳаворо ифлос мекунанд. Аз ин рӯ, кумита ба ҳукумат пешниҳод кард, воридоти мошинҳои истеҳсолашон то соли 2005-умро ба кишвар манъ кунад.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук дар соли 2017 ба Тоҷикистон бо маблағи 216,3 миллион доллар амрикоӣ мошин ворид гардидааст. Ба гуфтаи ин хадамот, воридоти мошин дар нисбати соле қабл аз ин, 15 дарсад бештар шуд.

Ба Тоҷикистон воситаҳои нақлиёти дасти дувум ворид карда мешавад, ки арзиши гумрукии онҳо нисбат ба мошинҳои нав хеле паст аст. Нақлиёти автомобилӣ асосан аз кишварҳои назди Балтика ва Иттиҳодияи Аврупо ворид карда шуда, воридоти мошинҳои боркаши калонҳаҷм бошад, аз Ҷумҳурии мардумии Чин сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG