Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон ду русиягиро бо гумони сармоягузории ДОИШ дастгир кардааст


Додситонии федеролии Олмон рӯзи 25 июл хабар дод, ки ду шаҳрванди Русия -- Абдулрашид Д. ва Сурхо З.-ро ба ҳабс гирифтааст. Насаби боздоштшудаҳо то эъломи ҳукми додгоҳ ифшо намешавад.

Шаҳрвандони Русия ба ҷонибдорӣ ва сармоягузории гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" (ДОИШ), ки дар Олмон созмони террористӣ эълом шудааст, муттаҳам мешаванд.

Гумонбарон дар шаҳри Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн, дар шимоли Олмон дастгир шудаанд. Пулис чандин хонаро дар Берлин, Ҳамбург, Шлезвиг-Ҳолштайн ва Саксония бозҷӯӣ кардааст.

Дар Додситонии федеролии Олмон ба бахши русиягии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки боздоштшудаҳо тобистони соли 2022 ба узвияти ДОИШ шомил шуда, дар ин кишвар ва давлатҳои дигари аврупоӣ барои гуруҳ пул ҷамъоварӣ мекардаанд. Сипас пулҳоро ба узви дигари ДОИШ мефиристодаанд, то барои созмон харҷ кунад. Пул асосан барои дастгирии аъзои боздоштшудаи гуруҳ ва ҳамсарони онҳо ҷамъоварӣ мешудааст.

Абдулрашид Д., ки масъули ҷамъоварии пул буд, моҳи апрели соли 2023 ба Сурхо З. ҳудуди 12 ҳазор евро додааст, то ба ДОИШ фиристад.

XS
SM
MD
LG