Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Португалия ба Чехия ва шикасти Гурҷистон аз Туркия


Рӯзи 18-уми июн дар Олмон ду бозии охирини даври аввали марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар гурӯҳи F баргузор шуд. Туркия ба Гурҷистон бо ҳисоби 3:1 ва Португалия ба Чехия бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.

Дар бозии тимҳои миллии Туркия ва Гурҷистон аввал туркҳо муваффақ шуданд. Голро дар дақиқаи 25-ум Мерт Мюлюдюр зад. Сипас гурҷиҳо ҳисобро баробар карданд. Тӯбро дар дақиқаи 32-юм Жорж Микаутадзе ба дарвозаи туркҳо ворид намуд. Дастаҳо бо ҳисоби 1:1 ба танаффус баромаданд.

Дар нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 65-ум, баъди зарбаи дақиқи Арда Гюлер аз масофаи дур Туркия бе пеш баромад – 2:1. Пас аз он, футболбозони гурҷӣ, ки ҳадафи баробар кардани ҳисобро доштанд, пайваста ҳуҷум мекарданд, аммо аз лаҳзаҳои хуби голзанӣ истифода карда натавонистанд.

Дар сонияҳои охири бозӣ дарвозабони мунтахаби Гурҷистон аз дарвозааш берун шуда, барои кӯмак ба ҳамдастаҳояш ба ҷаримагоҳи рақиб омад. Футболбозони турк фурсати хубро аз даст надода, зуд бо ҳуҷуми ҷавобӣ тӯбро ба дарвозаи холӣ заданд. Ин кори судмандро Карим Актюркоғлу ба ҷо овард – 3:1.

Дар бозии дуюми гурӯҳи F миёни дастаҳои мунтахаби Португалия ва Ҷумҳурии Чех тими ситораҳо - Криштиану Роналду, Бернарду Силва, Бруно Фернандеш, бартарии калон дошт ва пайваста фишор меовард, аммо қариб буд имтиёзҳоро аз даст бидиҳад.

Дар бозӣ бо рақиби номдор, дастаи қавии Чехия муқобилат карда, дар дақиқаи 62-юм ҳисобро кушод. Нимҳимоятгари чехҳо Лукаш Провод бо зарбаи олиҷаноб берун аз ҷаримагоҳ тӯбро ба кунҷи дарвоза зад.

Аммо португалиҳо зуд ба худ омада, баъди ҳафт дақиқа ҳисобро баробар карданд. Пас аз зарбаи португалиҳо бо сар дар ҷаримагоҳи чехҳо тӯбро ҳимоятгари мунтахаби Чехия Робин Хранач ба дарвозаи дастаи худ зад - 1:1.

Дар бозии аввал мусовиро барои яке аз муддаиёни унвони қаҳрамонӣ комёбӣ ҳисобидан мумкин набуд ва Португалия дар нихояти кор ғалаба ба даст овард, вале танҳо дар замони изофа. Франсишку Консейсау дар дақиқаи дуюми иловагӣ тӯбро ба дарвозаи мунтахаби Чехия зада, пирӯзии дастаашро таъмин кард - 2:1.

Ҳамин тариқ баъди хотимаи бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи F дастаҳои мунтахаби Португалия ва Туркия бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дуюмро касб кардаанд. Чехия ва Гурҷистон бидуни имтиёз мутаносибан дар ҷойҳои сеюму чаҳорум мавқеъ доранд.

Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби Португалия бо дастаи Туркия, чехҳо бошанд, бо мунтахаби Гурҷистон рақобат мекунанд. Ҳарду бозӣ рӯзи шанбеи 22-юми июн баргузор мешавад.

Дар доираи қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар Олмон 19-уми июн даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ оғоз меёбад. Ба майдон дастаҳои гурӯҳҳои А ва В меоянд:

Гурӯҳи B, 17:45, Хорватия - Албания

Гурӯҳи A, 20:45, Олмон - Венгрия

Гурӯҳи A, 23:45, Шотландия – Швейтсария.

Дар қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон 24 тими миллӣ иштирок мекунад. Дастаҳо ба шаш гурӯҳи иборат аз чортимӣ тақсим шудаанд. Бозиҳо дар 10 варзишгоҳи 10 шаҳри Олмон доир мегарданд.

Бояд зикр намуд, қаҳрамони феълии Аврупо тими миллии Италия дар бозии ниҳоӣ 11-уми июли соли 2021 дар варзишгоҳи "Уэмбли"-и Лондон мунтахаби Англияро аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ шикаст дода буд.

Қаҳрамонии футболи Аврупо-2024:

Таркиби гурӯҳҳо:

Гурӯҳи A: Олмон, Шотландия, Венгрия, Швейтсария.

Гурӯҳи B: Испания, Хорватия, Италия, Албания.

Гурӯҳи C: Словения, Дания, Сербия, Англия.

Гурӯҳи D: Полша, Нидерланд, Австрия, Фаронса.

Гурӯҳи E: Украина, Белгия, Словакия, Руминия.

Гурӯҳи F: Гурҷистон, Туркия, Португалия, Чехия.

Даври аввал

14 июн, ҷумъа

Гурӯҳи А, Олмон – Шотландия – 5:1

15 июн, шанбе

Гурӯҳи A, Венгрия – Швейтсария – 1:3

Гурӯҳи B, Испания – Хорватия – 3:0

Гурӯҳи B, Италия – Албания – 2:1

16 июн, якшанбе

Гурӯҳи D, Полша – Нидерланд – 1:2

Гурӯҳи C, Словения – Дания – 1:1

Гурӯҳи С, Сербия – Англия – 0:1

17 июн, душанбе

Гурӯҳи E, Руминия – Украина – 3:0

Гурӯҳи E, Белгия – Словакия – 0:1

Гурӯҳи D, Австрия – Фаронса – 0:1

18 июн, сешанбе

Гурӯҳи F, Туркия – Гурҷистон – 3:1

Гурӯҳи F, Португалия – Чехия – 2:1

Даври дуюм

19 июн, чоршанбе

Гурӯҳи B, 17:45, Хорватия - Албания

Гурӯҳи A, 20:45, Олмон - Венгрия

Гурӯҳи A, 23:45, Шотландия – Швейтсария

20 июня, панҷшанбе:

Гурӯҳи C, 17:45, Словения - Сербия

Гурӯҳи C, 20:45, Дания - Англия

Гурӯҳи B, 23:45, Испания - Италия

21 июн, ҷумъа:

Гурӯҳи E, 17:45, Словакия - Украина

Гурӯҳи D, 20:45, Полша - Австрия

Гурӯҳи D, 23:45, Нидерланд - Фаронса

22 июн, шанбе:

Гурӯҳи F, 17:45, Гурҷистон - Чехия

Гурӯҳи F, 20:45, Туркия - Португалия

Гурӯҳи E, 23:45, Белгия - Руминия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG