Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодӣ даъворо идома медиҳад; қарори бастани Садои Амрико бекор шуд


Қароргоҳи марказии Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага, ҷумҳурии Чех ҷойгир аст.
Қароргоҳи марказии Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага, ҷумҳурии Чех ҷойгир аст.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар хабарномае рӯзи 28-уми март эълон кард, ки даъвояш бо Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико (USAGM)-ро дар додгоҳ барои дарёфти маблағе, ки Конгрес додааст, идома медиҳад.

USAGM, ниҳодест, ки кори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Садои Амрико ва дигар расонаҳои байналмилалии ИМА-ро назорат мекунад.

Амри боздошта шудани маблағгузории РАО/РО рӯзи 15-уми март чанд соат баъди як дастури президент Доналд Трамп содир шуд, ки ба коҳиши ҳадди аксари харҷу кори ҳафт идора, аз ҷумла USAGM мувофиқи қонунҳо амр дод.

Рӯзи 26-уми март USAGM ба масъулони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ навишт, ки аз қарораш даст мекашад, вале ин тасмим “салоҳияти USAGM барои қатъи маблағгузориро кам намекунад.”

Дар даъвои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфта мешавад, ки USAGM чунин салоҳият надорад, чун ин маблағро Конгресс ҷудо кардааст.

Дар баёнияи ин бунгоҳи хабаррасонӣ аз 27-уми март гуфта мешавад, ки “Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ интизори тасдиқи расмии барқарор шудани маблағгузорӣ аз ҷониби USAGM аст.”

Дар хабарномаи нав аз рӯзи 28-уми март ба таври возеҳ гуфта шудааст, ки ҳоло кафолатномае дарёфт нашудааст.

“Мо бесбарона интизори дарёфти маблағе ҳастем, ки Конгресс аз тариқи Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико (USAGM) ба мо додааст. То он замон мо аз ҳама роҳҳои қонунӣ истифода мекунем, ки қарори Конгресс риоя шавад, ”-- гуфта шудааст дар изҳорот.

Дар баёния ҳамчунин гуфта шудааст, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ барои хидмат ба мухотабон ва миссияи худ, ки Конгресс вазифадор кардааст, содиқ мемонад.

Рӯзи 25-уми март додгоҳе дар ИМА Оҷонсии расонаҳои байналмилалии Амрико (USAGM)-ро ӯҳдадор кард, ки як қисми маблағҳои аз ҷониби Конгресс ҷудошуда барои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро бипардозад. Додгоҳ қарори USAGM-ро “худсарона” номид.

Дар бораи қатъи маблағгузорӣ дар номае Кари Лейк ҳамчун "мушовири аршади мудири муваққати USAGM, иҷрокунандаи вазифаи мудири кулл” хабар дода буд.

Пас аз номаи рӯзи 26-уми март ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Лейк танқидаш аз РАО/РО ва дигар сохторҳои USAGM-ро идома дод.

“Суол ба мардуми Амрико: Мехоҳед, ки пули бо заҳмат пайдокардаи шумо ба чунин таблиғот сарф шавад? Ман ҳоло бо ин дар Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико мубориза мекунам ва ин як ҷанг хоҳад буд,”—гуфт ӯ ба расонаи Newsmax.

Дар яке аз охирин суҳбати худ бо One America News Лейк гуфт, ки ҳанӯз фурсати омӯхтани кори журналистони зери чатри USAGM-ро пайдо накардааст.

Баъдтар, рӯзи 28-уми март як додраси федеролии Ню-Йорк роҳбарияти USAGM, аз ҷумла Лейкро танқид кард, ки "Садои Амрико" ва дигар созмонҳои хабарии аз ҷониби USAGM идорашавандаро "дар як шабонарӯз" бидуни "ба назар гирифтани оқибатҳо" бастааст.

Изҳороти додрас Ҷеймс Пол Откен дар як қароре садо дод, ки талошҳои маъмурияти Трамп барои аз байн бурдани радиои "Садои Амрико"-ро ҷилавгирӣ карда, ин иқдомро "як тасмими худсарона" номид.

Откен маъмурияти Трампро ба он айбдор кард, ки "ба Оҷонсие, ки аз ҷониби Конгресс ваколатдор ва маблағгузорӣ шудааст, зарбаи сахт мезанад."

Додрас ба нафъи "Садои Амрико" амри манъи муваққатӣ содир кард ва USAGM-ро аз "ҳар гуна кӯшиши минбаъда барои қатъ кардан, коҳиш додани кормандон, рухсатӣ ё рухсатии дарозмуддат, бастани бахшҳо ва талаби бозгашти кормандон ба ИМА" боздошт.

Эндрю Ҷеллӣ, ҳуқуқшиноси Садои Амрико гуфт, “ин як ғалабаи қатъӣ барои озодии матбуот, ислоҳи аввал ва як танбеҳи шадид ба маъмурияти Трамп барои беэътиноии комил ба арзишҳое, ки демократия барои мо муайян кардааст, мебошад."

Ҷеллӣ як эътилофи хабарнигорон, иттиҳоди коргарӣ ва созмони “Хабарнигорони Бидуни Марз”-ро намояндагӣ мекунад, ки маъмурияти Трампро пас аз он ки президент фармон дод, маблағгузории USAGM ва шаш ниҳоди дигари федеролии вобастаро дар чаҳорчӯби маъракаи коҳиши харҷҳои ҳукумат ва мутобиқ кардани он ба барномаи сиёсии худ кам кунад, ба додгоҳ кашид.

Онҳо дар аризаи даъвоии худ гуфта буданд, ки дар сурати қатъи кори “Садои Амрико” холигоҳ ба таблиғгарон дода мешавад ва онҳо дар фазои расонаии ҷаҳон яккатоз хоҳанд шуд.

Трамп ва дигар ҷумҳурихоҳон “Садои Амрико”-ро ба “чапгароӣ” ва барои дуруст нарасонидани арзишҳои амрикоӣ ба мухотабон танқид мекунанд, ҳарчанд, Конгресс ин расонаро вазифадор кардааст, ки ба ҷонибдории ҳеч ҳизбе кор накунад.

Лейк, рӯзноманигори собиқи телевизион мӯҳтавои матлабҳои “Садои Амрико” ва Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва дигар расонаҳои хабариро танқид мекунад.

“Мо мехоҳем, мӯътақид шавем, ки ин оҷонсиҳо ба арзишҳои амрикоӣ пойбанд ҳастанд. Мо дар бораи таърихи Амрико мегӯем. Мо дар бораи таърихи мухолифони Амрико намегӯем. Аз баҳри Худо, мо гирдиҳам наомадем, ки зидди Амрико ахлот паҳн кунем,”--гуфтааст ӯ.

Ҷудо аз ин, рӯзи 28-уми март Радиои Осиёи Озод, ки зери чатри USAGM кор мекунад, изҳорот дод, ки агар додгоҳ ба қарори маъмурияти Трамп барои коҳиши маблағгузориаш дахолат накунад, то охири моҳи апрел баста мешавад.

Радиои Осиёи Озод низ ба додгоҳ даъво кардааст, ки USAGM ба маблағе, ки Конгресс барояш додааст, дастрасӣ диҳад.

Дар изҳороти ин расона гуфта шудааст, ки онҳо дар аризаашон ба додгоҳ аз “зарари ҷуброннопазири ин тасмим ба кору обрӯяшон ва таҳти хатар мондани хабарнигоронашон дар бархе минтақаҳои хатарноки ҷаҳон таъкид кардаанд".

Радиои Осиёи Озод гуфтааст, ки 75 дарсади кормандонашро дар ИМА ба рухсатии бемузд фиристодааст ва 90 дарсади хабарнигорони қарордодиашро бекор гузоштааст.

Ин Радио аз соли 1996 ба ин сӯ барои тамоми Осиё барнома пахш мекунад.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, хабарнигорони ин расона бо чанд забон аз кишварҳои худкома хабарҳои мӯътамад пешкаш мекунанд ва аз вазъи ақаллиятҳои зулмдида, мисли уйғурҳои Чин, ҷаҳонро огоҳ месозанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG