Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии 8 шаҳрванди Тоҷикистон аз кори ғуломӣ дар Липетск


Ҳашт шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз шаш моҳ ба ин тараф дар як корхонаи ғайриқонунӣ ва махфии шаҳри Липетск дар ҳолати ғуломӣ кор мекарданд, тавассути пулис раҳо шуданд.

Имрӯз 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон баъд аз се рӯзи бозпурсӣ шӯъбаи пулисро дар шаҳри Липетск тарк намуданд. Онҳо шаш моҳ дар як корхонаи ғайриқонунӣ ва махфии ин шаҳр дар ҳолати ғуломӣ кор мекарданд.

Солеҳ Роибов, раҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Липетск ба Радиои Озодӣ гуфт, соҳибони корхона боздошт шудаанд ва ҳоло таҳти бозпурсӣ қарор доранд. Амалиёти пулис 31 июл анҷом гирифтааст ва кори ғуломии ин 8 нафар ба поён расид.

Солеҳ Роибов, раҳбари созмони иҷтимоии “Наврӯз” дар вилояти Липетск мегӯяд, агар ин шаҳрвандон дар ҷараёни тафтиши пулис раҳо намешуданд, имкон дошт раҳбарони корхона онҳоро нобуд мекарданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар давоми шаш моҳи кори худ дастмузд нагирифтаанд ва ҳатто соҳибони корхонаи махфӣ аз рӯзи аввали ба кор омадан ҳуҷҷатҳои онҳоро гирифтаанд. Онҳо дар як шабонарӯз то 16-18 соат кор мекардаанд.

Солеҳ Роибов мегӯяд: “Рӯзи ҷумъа, 31 июл ба ман аз Хадамоти муҳоҷирати вилояти Липетск занг заданд ва хабар доданд, ки 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба сабаби кори ғайриқонунӣ дар яке аз корхонаҳои шаҳр дастгир шудаанд, биёед ба онҳо кӯмаки худро расонед. Ман бо Ҳафиз Ҳафизов, ҳуқуқдони ҷамъиятамон ба шӯъбаи рақами 4 пулиси шаҳр рафтем. Онҳоро баъд аз боздошт ба он ҷо оварда буданд. Онҳоро барои депорт тайёр мекарданд ва мехостанд ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол диҳанд. Мо як ҷо бо ҳуқуқдони худ исбот кардем, ки ин ҷавонон ба доми фиреб афтодаанд. Соҳибони корхона онҳоро дар ҳолати беҳуқуқӣ нигоҳ доштаанд. Дар шароити тоқатфарсо истисмор кардаанд ва ба онҳо пуле надодаанд. Бинобар ин, онҳо ҷабрдида мебошанд, ҷинояткор нестанд. Бояд ба онҳо кӯмак кард, на депорт”.

Дар натиҷаи гуфтугӯҳои тӯлонӣ бо пулис ва хадамоти муҳоҷирати шаҳр ин 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон 2 ҳазор рублӣ ҷарима супурдаанд ва рӯзи душанбе, 3 август шӯъбаи пулисро тарк карданд.

Ба гуфтаи Солеҳ Роибов, ин 8 нафар ҳама аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (Колхозободи пешин) ва ҷавонони аз 18 то 22 сола мебошанд, ки таҷрибаи кор дар муҳоҷиратро надоштаанд. Онҳоро дар Маскав як миёнрав пайдо кардааст ва бо ваъдаҳои зиёд ба шаҳри Липетск овардааст ва дар он ҷо ба соҳибони корхонаи кӯҳна ва махфии тавлиди шишаи арақ фурӯхтааст.

Аз соатҳои аввали кор дар ин корхона ҷавонон эҳсос кардаанд, ки ҳеҷ ҳуқуқ надоранд ва мисли ғулом бояд кор кунанд, зеро аз озодиҳои гашту гузор маҳрум буданд ва онҳоро ҳамеша назорат мекарданд, то бо берун аз корхона иртибот барқарор накунанд. Онҳо дар як шабонарӯз то 2,5 ҳазор шишаи арақ истеҳсол мекардаанд. Шабу рӯз онҳоро чун дар зиндон посбон назорат мекард ва бо навбат шабонарӯзӣ корро идома медоданд. Рӯзҳои таътил надоштаанд ва барои хоб тақрибан 5-6 соат ба онҳо вақт медодаанд. Ин корхона дар ҷараёни яке аз тафтишҳои пулис ошкор шудааст.

Роибов мегӯяд, агар онҳоро пулис ошкор намекард, имкон дошт, ки онҳоро дар ҳамин вазъ муддатҳои тӯлонӣ кор мефармуданд ва сипас барои халосӣ аз онҳо ва пардохт накардани ҳақи корашон онҳоро нобуд мекарданд. Ин шаҳрвандони ҷавони Тоҷикистон дар Липетск сабти ном надоштанд ва ҳатто ба онҳо барои хабар кардан ба хонаводаҳояшон имкон ва иҷоза надода буданд.Телефон надоштанд ва бо ҷаҳони хориҷ наметавонистанд тамос бигиранд, то аз вазъи худ хабар диҳанд. Ҳар қадами онҳо зери назорати посбонон буд. Дар ҷараёни боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин корхона миқдори зиёди пул низ мусодира шудааст, бо вуҷуди ин, ки ҳар бор ба дархости коргарон “ҳоло пул нест” мегуфтанд.

Акнун баъд аз боздошти соҳибони корхона ва мудохилаи пулису хадамоти муҳоҷират корхона қавл додааст, ки барои ҳар моҳи кор ба ин шаҳрвандони раҳошудаи Тоҷикистон 15 ҳазор рублӣ дастмузд медиҳанд, дар ҳоле ки дастмузди онҳо дар шароити кори бештар аз 16 соат дар шабонарӯз хеле зиёдтар аз он хоҳад буд. Дар бораи пардохти 15 ҳазор рублӣ байни пулис ва соҳибони корхона протоколи пешакӣ имзо шудааст.

Имкон даст надод, ки Радиои Озодӣ дар Липетск ин шаҳрвандони раҳошударо пайдо ва бо онҳо гуфтугӯ кунад. Вале Солеҳ Роибов, ки шоҳиди бозпурсии онҳо дар дафтари пулис будааст, аз қавли онҳо мегӯяд, шахси миёнрав дар Маскав ваъда додааст, ки онҳо ҳар моҳ бештар аз 30 ҳазор рубли русӣ дастмузд хоҳанд гирифт. Роибов мегӯяд: “Миёнрав аз Маскав онҳоро оварда дар ин ҷо ба корхона бо пули калон фурӯхта рафтааст ва ба инҳо ҳеҷ чиз надодааст. Мумкин буд, ки ин бачаҳо дар ҳамин ҷо нобуд мешуданд. Мутаассифона, ҳамин хел ҷойҳои корие ҳаст, ки як сол-ду сол кор мефармояд ва вақте, ки коргарон маош ё озодӣ талаб карданд, мумкин воқеаҳои дигар ҳам рӯй медод”.

Ин корхонаи махфӣ ба ҷуз аз 8 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон коргари дигар надоштааст. Ба гуфтаи Солеҳ Роибов, соҳибони корхона доғистонӣ будаанд ва ҳоло дар боздошт ба сар мебаранд ва таҳти бозпурсӣ қарор доранд. Шаҳрвандони Тоҷикистонро 3 август баъд аз хатми бозпурсӣ раҳо шудаанд ва то муддате дар шаҳри Липетск ба сар мебаранд, то дар бозпурсиҳои баъдӣ ширкат кунанд ва пули худро низ бигиранд. Ҷамъияти тоҷикон мегӯяд, ки то охир, яъне то ба поён расидани мурофиаҳои додгоҳӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG