Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суръати кори Ютуб дар Русия суст мешавад


Як вакили Думаи давлатии Русия хабар дод, ки суръати кори шабакаи Ютуб дар ин кишвар баъди як ҳафта то 70 дарсад суст мешавад.

Ба қавли Александр Хинштейн сустшавии кори Ютуб дар Русия феълан танҳо ба компютерҳо дахл дорад ва гузинаи мобилии ин барнома мисли пештара кор мекунад. Ин вакили рус ин тасмимро “қадами маҷбурӣ” хонд, ки ба гуфтаи ӯ нисбати масъулини Ютуб равона шудааст.

Хинштейн бовар дорад, ки паст кардани суръати кори Ютуб шумораи асосии корбаронро кам намекунад, чун аҳолӣ феълан дар таътил ҳастанд ва аз варианти мобилии Ютуб истифода мебаранд.

Ҳукумати Русия баъди оғози ҷанг алайҳи Украина шабакаҳои зиёдеро маҳдуд кард то аҳолӣ ба иттилои алтернативи дастрасӣ надошта бошанд.

XS
SM
MD
LG