Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷаи Тоҷикистон бузургтар шуд. Даромадаш аз куҷо меояд?


Даромади буҷаи Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои аз ҳисоби молиёти соҳибкорону мардум аст.
Даромади буҷаи Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои аз ҳисоби молиёти соҳибкорону мардум аст.

Маҷлиси намояндагон тарҳи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2020-ро қабул кард, ки 17,9 миллиард сомонӣ бахши даромадаш аз ҳисоби андоз ва ё молиёт аст.

Мувофиқи қонуни нави буҷа даромад аз ҳисоби молиёт дар соли оянда 1,7 миллиард сомонӣ ва тақрибан 10 дар сад бештар аст. Иқтисоддонҳо мегӯянд, возеҳ нест, ки соли 2020 мақомот ин маблағро аз куҷо ва чӣ гуна барои буҷа ҷамъ меоранд. Меҳрубон Бурҳонов иқтисоддони тоҷик мегӯяд: “Вақте андозаи даромадҳои буҷаро тасдиқ карданд, сарчашмаҳои даромад ҳам бояд асоснок шаванд. Вазъи ҳозираи соҳибкорӣ ба мо маълум, ҳазорон соҳибкор ва ширкатҳо бинобар зиёд будани сарбории андоз фаъолияташонро қатъ мекунанд.”

Коршиноси тоҷик мегӯяд, чанд соли гузашта фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ зиёд беҳбуд наёфт ва даромади ширкатҳо ва соҳибкорон ё бетағйир мондааст ва ё баръакс кам шудааст. Бештар кардани даромади буҷа дар чунин шароит ба гуфтаи Бурҳонов, кумитаи андозро водор мекунад, усулҳои маъмуриро истифода барад ва ба ҳар баҳона аз паси ҷаримаи соҳибкору ширкатҳо шавад: “Барои соҳибкорон ягон беҳбудӣ ва ё имтиёзҳои хосе нест. Аммо мо интизорем, ки онҳо 10 дарсад бештар ба буҷа андоз супоранд. Дар ин ҳолат танҳо як чизро интизор шудан мумкин. Кумитаи андоз бо тамоми нерӯ ва фишангҳое, ки дорад, аз роҳи тафтишу ҷаримаҳо буҷаро пур мекунад”.

Даромади буҷаи Тоҷикистон барои соли оянда 26 миллиарду 100 миллион сомонӣ (ҳудуди 2 миллиарду 600 миллион доллар) ва қисмати хароҷот 26, 4 миллиард сомонӣ барномарезӣ шудааст. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, ки рӯзи 22-уми ноябр дар назди вакилон тарҳи буҷаро муаррифӣ кард, гуфт, даромади буҷа дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 9,6 дарсад бештар муайян шудааст.

Қаҳҳорзода гуфт, камомади даромади буҷаро аз ҳисоби “фурӯши амволи давлатӣ, қарз ва грантҳои созмонҳо ва давлатҳои хориҷӣ” ҷуброн мекунанд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз масъулони Кумитаи андоз пурсид, даромади буҷа аз ҳисоби андоз дар 9 моҳаи имсол иҷро нашудааст, буҷаи соли оянда чӣ гуна иҷро мешавад? Муовини раиси кумита, ки дар ҷаласа ҳузур дошт, ба ин суол посухи рӯшане гуфта натавонист. Дар идома Шукурҷон Зуҳуров аз вазъи ногувори соҳибкорон ва молиёти зиёд ибрози нигаронӣ карда гуфт: Соҳибкорон аз кишвар мераванд. Муносибат ба онҳо хуб нест ва ин ҷойи ташвиш аст.”

Танқид аз кори маъмурони кумитаи андоз ва ҳам андозаи молиёт дар Тоҷикистон бисёр зиёд аст. Соҳибкорон шикоят мекунанд, ки ба ҷойи таммаркуз ба кор, бояд ба суолҳои бешумори маъмурони кумита посух бидиҳанд, ки зуд-зуд барои тафтиши фаъолияти онҳо меоянд. Айни замон дар бораи ришвахорӣ ҳам зиёд сӯҳбат мешавад ва ин гуфта ҳамеша ҳаст, ки маъмурони андоз бо соҳибони ширкатҳову корхонаҳо муомила мекунанд ва дар ивази ришва ба сарпечии онҳо аз пардохти молиёт чашм мепӯшанд.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия гуфт, бахши аъзами хароҷоти буҷа ба соҳаи иҷтимоӣ равона мешавад: “Нуздаҳ дарсади харҷоти буҷаи соли 2020 ба соҳаи маориф равона мешавад.“ Буҷаи соли 2020 ба фарқ аз соли 2019 бинобар баргузории интихоботӣ порлумонӣ ва президентӣ хароҷоти изофӣ дорад. Ба гуфтаи вазири молия, барои ҳарду интихобот беш аз 30 миллион сомонӣ ҷудо мекунанд. Вакилони Маҷлиси намояндагон тарҳи буҷаи соли 2020-ро, ки муаллифаш ҳукумат аст, мисли ҳамеша бидуни кадом тағйироте ҷонибдорӣ ва тасвиб карданд.

XS
SM
MD
LG