Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо миллион доллар? Оғози арзёбии оқибатҳои сел дар Хатлон. ВИДЕО


Даҳҳо хона дар ноҳияи Фархор мисли ин хона зери об мондаанд.
Даҳҳо хона дар ноҳияи Фархор мисли ин хона зери об мондаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ба арзёбии хисороти селу обхезиҳои ахир шурӯъ кардаанд ва мегӯянд, ба зудӣ натиҷаҳои онро эълон мекунанд.

Борони зиёд ва сел дар вилояти Хатлон, бахусус ноҳияҳои Панҷу Фархор, Хуросону Бохтар хонаҳои даҳҳо нафарро вайрон кард ва даҳҳо гектар зироат ва киштзорҳои мардумро аз байн бурд. Дар натиҷаи фалокатҳо, се нафар ҷон доданд.

Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки як ҳайат барои ошноӣ бо миқёси воқеии фалокат ва барои рафъи оқибатҳои он ба Хатлон рафтааст.

Умеда Юсупова сухангӯи кумита гуфт , “ҳар як хонае ки зарар дидааст, масоҳати онро дуруст ҳисоб мекунанд ва баъд хисороти расидаро муайян мекунанд”.

Ноҳияи Фархор. 20-уми май.
Ноҳияи Фархор. 20-уми май.

Умеда Юсупова гуфт, барои кӯмак ба мардуми осебдида маъмурони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаро фиристодаанд ва ба сокинони зарардида ҳукуматҳои ноҳияву вилоят кумаки моддӣ мерасонанд. Ба қавли вай эҳтиёҷ ба кӯмаки башарии созмонҳои хайрия вуҷуд надорад.

Умеда Юсупова гуфт, “Техникаҳо сафарбар шудаанд, аз сӯи кумита танҳо барои ин техникаҳо ба ноҳияи Фархор ду тонна маводи сузишворӣ фиристода шуд”. Ба қавли ӯ, бартараф кардани оқибатҳои фалокат дар муддати кӯтоҳ имконнопазир аст.

Ин дар ҳолест, ки чандин сокини деҳаҳои Сурхобу Қизилсуи ноҳияи Фархор ва деҳаи Селгаҳи ноҳияи Панҷ шикоят мекунанд, ки чанд рӯз боз аст, ки хонаҳояшон зери обу гил аст ва касе барои поккорӣ кӯмак намекунад. Ҳамин тавр онҳо бо кӯмаки хешу табор ва ҳамсояҳои худ маводи хурока пайдо мекунанд.

“Даҳ кило орд, як килоӣ шакару равған ва намаку панҷ нон”- кӯмаки мақомоти маҳаллӣ ба сокинони деҳаи Селгаҳ дар ноҳияи Панҷ аст, ки пас аз вайронгариҳои сел дар рӯзи панҷум ба дасти онҳо расид.

Тамоман хона кафида ба замин рехт. Тамоми қитъаҳои наздиҳавлигӣ зери лой монданд.

Зоҳир Назаров, сокини деҳа мегӯяд, сел хонаашро вайрон ва кишти картошкаву помидорашро ба хок яксон кард. “Ин хонаҳои пури лойро кӣ покиза мекунад? Тамоман хона кафида ба замин рехт. Тамоми қитъаҳои наздиҳавлигӣ зери лой монданд. Таҳхонаҳоро дигар дида намешавад, ки чӣ ҳасту чӣ нест” – мегӯяд, ӯ .

Сулаймон Вализода раиси ноҳияи Фархор 21-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба зарардидаҳои офати табиӣ кӯмаки моддӣ ирсол кардаанд. Ба қавли ӯ, аз имрӯз чанд тан аз соҳибкорон иқдом кардаанд, ки оилаҳои зарардидаро бо навбат бо маводи ғизоӣ таъмин намоянд.

«То имрӯз хӯрокаи ҳаррӯза аз суи ҷамоатҳо тақсим карда мешуд ва аз имрӯз соҳибкорон бо навбат ба сокинон кумак мерасонанд. Ба ҳар як оилаи зарардида, як халта орд, биринҷ, равған, намак ва сабзиҷот кумак карда мешавад” - гуфт, ӯ.

Мардуми мӯҳтоҷи Сурхоб дар интизори кӯмак
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00

Раиси ноҳияи Фархор гуфт, деҳаҳои Сурхоб ва Қизилсу минтақаи хатарнок нестанд ва 30 соли ахир чунин селро дар ёд надоранд.

Офатҳои табиӣ даҳҳо гектар замини кишт дар ноҳияҳои Хуросону Фархорро низ ба харобазор табдил додааст. Кишоварзони рустои Қизилсуи ноҳияи Фархор гуфтанд, ки намедонанд, қарзи барои кишт гирифтаашонро аз кадом ҳисоб ҷуброн мекунанд.

Тоҷикистон як кишвари кӯҳистонӣ ва осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Дар кишвар 381 минтақаи махсусан хавфнок сабт шудааст ва дар онҳо беш аз 10 ҳазор хонавода зиндагӣ мекунанд. То се соли оянда бояд беш аз 1400 хонавода аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯч дода шаванд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар шаш соли ахир дар кишвар 603 ҳодисаи табиӣ сабт шудааст, ки бар асари онҳо 127 нафар ҷон бохта ва ба иқтисоди мамлакат 600 миллион доллар хисорот ворид гаштааст.

XS
SM
MD
LG