Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақиби Комроншоҳ паҳлавоне аз Гурҷистон аст


Бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 4 август баргузор шуд, рақиби паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар нахустин даври мусобиқоти дзюдо дар вазни то 90 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия варзишгари Гурҷистон Варлам Липартелиани мебошад.

Бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 4 август баргузор шуд, рақиби паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар нахустин даври мусобиқоти дзюдо дар вазни то 90 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия варзишгари Гурҷистон Варлам Липартелиани мебошад.

Варлам Липартелиани паҳлавони номдор ва пуртаҷриба буда, соли 2015-ум дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Остонаи Қазоқистон дар вазни то 90 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардидааст. Вай қаҳрамони ҳафткаратаи Аврупо ва ғолиби бисёркаратаи Гран-при ва Grand Slam (Тоскулоҳи бузург) мебошад. Ӯ дар рейтинг ё радабандии ҷаҳонии зӯртарин варзишгарони дзюдо дар ҷойи сеюм аст.

Мутахассиси варзидаи русиягӣ Владимир Елчанинов, мураббии Комроншоҳи Устопириён, рӯзи 4 август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Комроншоҳ бо паҳлавони гурҷӣ Варлам Липартелиани ягон бор қуввваозмоӣ накардааст. Дарвоқеъ, Комроншоҳ бисёр мехост, ки бо Варлам рақобат кунад ва, инак ин орзуяш амалӣ мешавад. Ӯ ба қувваозмоӣ муқобили Варлам ҳамаҷониба омодааст ва барои пирӯзӣ ҷаҳду ҷадал хоҳад кард.”

Ба гуфтаи оқои Елчанинов қувваозмоии Комроншоҳ ва Варлам дар Олимпиадаи Рио рӯзи 10-уми август соати 10-и пагоҳӣ ба вақти маҳаллӣ ва соати 18-и бегоҳӣ ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.

Зимнан, Комроншоҳи Устопириён дар байни варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ширкат мекунанд, баъди муштзан Анвар Юнусов дувумин шуда ба мусобиқа шуруъ менамояд.

Комроншоҳи Устопириён, ки барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ ширкат меварзад, дар Олимпиадаи Рио-2016 дар Бразилия дар мусобиқоти дзюдо барои медал мубориза хоҳад бурд.

Дар айни ҳол гуштигири тоҷик, ки дар Деҳаи олимпӣ ба сар мебарад, ба Олимпиада омодагӣ мегирад. Ҳаррӯз ду бор тамрин мекунад. Субҳ дар толори варзишӣ ба тарбияти бадан машғул мешавад. Баъдан дар толори гуштӣ рӯи татами ё гилем таҳти назорати Владимир Елчанинов ва падараш Усто Устопиров машқ мекунад.

Комроншоҳи Устопириён дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо як ҳафта шуд, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейро ба сар мебарем. Аз ин пеш тӯли 45 рӯз дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи кӯҳии Шаҳристони вилояти Суғд омодагӣ дидем ва нақшаҳое, ки доштем ба ҷо овардем. Дар ин ҷо бошад, он усулҳоеро, ки азбар карда будам, такрор менамоям. Бештар ба омодагии рӯҳӣ таваҷҷуҳ мекунам, инчунин вазни худро коҳиш медиҳам. Мураббиёнам хатоҳоямро мегӯянд ва ман мекӯшам, ки иштибоҳҳоро ислоҳ намоям.”

Усто Устопиров, падар ва мураббии Комроншоҳ, ба “Озодӣ” иброз дошт, ки ба пирӯзии писараш бовар дорад. Ба гуфтаи ӯ барои дастгирии Комроншоҳ мухлисони ашадиаш – бародарон Гулмаҳмад ва Шоҳин Гуловҳо, Мӯсо Назиров ва Охунов, ҳарчор аз деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, аз ҳисоби худ рӯзи 2 август ба Рио-де-Жанейрои Бразилия омадаанд.

КОМРОНШОҲИ УСТОПИРИЁН

7 январи соли 1993 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Гуштии дзюдо, вазни то 90 кг

Факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро соли 2015-ум хатм кардааст.

Аз соли 2012-ум ба дзюдо машғул аст. Аввалин мураббиаш падараш Усто Устопиров ва баъдан бародараш Фаридун Устопиров мебошанд. Феълан бо раҳбарии Владимир Николаевич Елчанинов тамрин мекунад.

Устоди дараҷаи байналмилалист.

Дар Ҷоми Аврупо соли 2013-ум дар Киев (Украина) ҷойи аввал, дар Ҷоми Владимир Путин (2013) дар Хасавюрт (Доғистон) ҷойи сеюм, дар Гран-прии Алматӣ (Қазоқистон, 2013) ҷойи сеюм, дар Гран-прии Тошканд (Узбакистон, 2013) ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2014) ҷойи дуюм, дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон (Кореяи Ҷанубӣ, 2014) ҷойи панҷум, дар Гран-прии Остона (Қазоқистон, 2014) ҷойи аввал, дар чемпионати Осиё дар Кувайт (2015) ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2015) ҷойи дуюм, дар чемпионати ҷаҳон дар Остона (Қазоқистон, 2015) ҷойи панҷум, дар Гран-прии Тошканд (Узбакистон, 2015) ҷойи дуюмро ишғол кардааст.

Комроншоҳ 16 апрели соли 2016-ум дар чемпионати Осиё дар Тошканд дар вазни то 90 кг медали тилло ба даст овард. Бояд тазаккур дод, Комроншоҳи Устопириён нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи дзюдои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё соҳиб гаштааст. Ӯ баъди гурзандози машҳур Дилшод Назаров дувумин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мушарраф шудааст ва аввалин бор дар Олимпиада ширкат меварзад.

Ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.

Бар асоси рейтинг ё феҳристи охирини ҷаҳониву олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, Комроншоҳи Устопириён дар байни 278 ҷудочии ҷаҳон бо 1292 имтиёз дар мақоми 10-ум ва дар рейтинги олимпӣ дар мақоми нӯҳум қарор дорад. Вай ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Рио-2016 роҳ ёфтааст.

Муҷаррад аст.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5 то 21 август барпо мегарданд. Ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон ҳафт варзишгар - Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҳарду дар риштаи дзюдо), Анвар Юнусов (бокс), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) – дохиланд.

Гурзандоз Дилшод Назаров дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки шаби 5 август дар варзишгоҳи “Маракана”-и Рио-де-Жанейро баргузор мешавад, парчамбардори ҳайати Тоҷикистон интихоб шудааст. Олимпиадаи навбатӣ барои ӯ чорумин ба шумор меравад.

Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол сар аз соли 1996 ширкат меварзанд. Ба ин тартиб, барои шашумин бор аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ беҳтарин варзишгарони кишвар намояндагӣ мекунанд.

Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Рио-2016

6-16 август, бокс

Анвар ЮНУСОВ, дар вазни то 56 кг

10 август, дзюдо

Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг

12 август, дзюдо

Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг

11-12 август, шиноварӣ

Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон

12-13 август, шиноварӣ

Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон

15-17 август, варзиши сабук

Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ

Дилшод НАЗАРОВ

20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мешавад.

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро.

XS
SM
MD
LG