Додситонии ноҳияи Левобережнии шаҳри Воронежи Русия аз додгоҳи ноҳия дархост кардааст, ки никоҳи як шаҳрванди Тоҷикистонро бо сокини маҳаллӣ бекор кунад. Додистонии ин ноҳия ба муҳаббату самимияти шаҳрванди Тоҷикистон бо зани рус шак карда, гуфтааст, ин никоҳ ҳосили муомилаи молии ду нафар аст ва онҳо бо ҳам соате ҳам оиладорӣ накардаанд.
Вақте ки як ҷавони 30-сола ва зани 40-50 сола бо ҳам никоҳ мекунанд, албатта, мақомот ба муҳаббату самимияти онҳо шак мекунанд.
Артем Рукасов, ёвари додситони ноҳияи Левобережнии шаҳри Воронеж, рӯзи 21-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ду ҳафта қабл муфаттишони додситонӣ воқеӣ будани никоҳи шаҳрванди Тоҷикистонро бо ин зани рус мавриди санҷиш қарор доданд. “Санҷиши мо муайян кард, ки никоҳшудагон дар тӯли ду соли никоҳи расмӣ ягон рӯзе бо ҳам назистаанд ва ҳоҷагии умумӣ надоштанд. Мо барои бекор кардани ин никоҳ, ки ҳама нишонаҳои никоҳи қалбакиро дорад, ба додгоҳи ноҳия даъво бурдем, то онро баррасӣ кунад”, - гуфт Рукасов.
Додситонӣ мегӯяд, бо андешаҳои ахлоқӣ исми ин ҳамсаронро намебарад. Рукасов гуфт, баръакси таҷрибаи маъмул, ки аксарият бар ивази пул бо занони рус никоҳ мекунанд, ин шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти ризоияти ин зан ба никоҳ манзили дуҳуҷрадори ӯро бепул таъмир кардааст. Дар иваз ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳаққи иқомати муваққат (корти РВП)-ро дар Русия ба даст овардааст, ки шароити зиндагиву кор дар ин кишварро осонтар мекунад.
Дар ҳоле ки масъули додситонӣ аз шарҳи бештари қазия худдорӣ кард, бархе коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, издивоҷи шаҳрвандони рус бо муҳоҷирон падидаи маъмулӣ аст. Идораҳои ақди никоҳи Русия мегӯянд, дар давоми як сол ба ҳисоби миёна 12 ҳазор мавриди издивоҷи русҳову тоҷикистониҳо сабт мешавад. Вале дар бархе ҳолатҳо полис ва намояндагони дигари сохторҳои ҳифзи қонун дар воқеӣ ё самимӣ будани ингуна никоҳҳо шубҳа мекунанд. Як далелаш, ба гуфтаи Елена Чепик, корманди оҷонси шиносии «Вместе навсегда», синни номуносиби никоҳшавандагон мебошад.
«Масалан, вақте як ҷавони 30-сола ва зани 40-50 сола бо ҳам никоҳ мекунанд, албатта, мақомот ба никоҳи онҳо шак мекунанд. Кормандони САҲШ низ ба ин ҳолат шак мекунанд, аммо чун ду ҷониб ариза пеш меоранд, ки «мо мехоҳем бо ҳам никоҳ кунем» ин идора ҳақ надорад никоҳи онҳоро ба таври расмӣ сабт накунад», - афзуд ӯ.
Вақте як ҷавони тоҷик ба Русия меояд, аксар вақт ягон пуштибон надорад. Вақте бо зани рус издивоҷ мекунад, агар онҳо як ҷо ҳам зиндагӣ накунанд, занони рус маъмулан дар таҳияи ҳуҷҷатҳо ва гуфтугӯ бо идораҳои пулис ва дигар мақомоти давлатӣ хеле кумакашон мекунанд
Вале дар сурати сохта ё қалбакӣ будани издивоҷи ин ду нафар, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба худ ҳақ медиҳанд, ки ингуна издивоҷҳои ба қавле ғаразнокро бекор кунанд. Хонум Чепик мегӯяд, ягона мақсади «домодҳои ҷаълӣ» ба осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия аст ва бо сахттар шудани тартибқи додани шаҳрвандӣ шумораи чунин домодҳо меафзояд.
Саъдӣ Розиқов, як зодаи Тоҷикистон, ки 20 соли ахир дар шаҳри Биробиҷани Русия ба сар мебарад, бо ин андеша розӣ аст, чун никоҳ бо шаҳрванди Русия роҳи осони дарёфти шаҳрвандии ин кишвар аст: «Вақте як ҷавони тоҷик ба Русия меояд, аксар вақт ягон пуштибон надорад. Вақте бо зани рус издивоҷ мекунад, агар онҳо як ҷо ҳам зиндагӣ накунанд, занони рус маъмулан дар таҳияи ҳуҷҷатҳо ва гуфтугӯ бо идораҳои пулис ва дигар мақомоти давлатӣ хеле кумакашон мекунанд. Яъне, зани рус як пуштибони бачаҳои муҳоҷири мо мешаванд, ки дар аксар ҳолат ҳуқуқи худро ҳимоя карда наметавонанд.»
Аз сӯе, талоши дарёфти даромади пулӣ занҳои зиёдро дар Русия ба фикри издивоҷ бо як шаҳрвандони хориҷӣ мебарад. Барои дарёфти домоду арӯс эълонҳои оҷонсиҳои махсус, вебсайтҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ кофист, ки ҳар номзад шахси мавриди назари худро пайдо кунад. Чунин хадамот нарх ҳам дорад ва вобаста ба макони истиқомат дар Русия аз ҳам фарқ дорад. Барои мисол, агар як зани миёнсол дар вилояти Хабаровск ба ҳисоби миёна бар ивази 15 ҳазор рубл бо домоди хориҷӣ никоҳ кунад, «арӯсҳо»-и маскавӣ барои ин гуна хадамот 150-200 ҳазор рубл мепурсанд.
Наташа Валуева, сокни 45-солаи сокини Красноярск, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, омодааст бо марде, ки синнаш аз ӯ то 5 сол тафовут дорад, никоҳ кунад. Валуева гуфт, барои ин хизматаш аз домод 70 ҳазор рубл мехоҳад ва шарташ ин аст, ки баъди имзо дар идораи ЗАГС бо домод ҳеҷ робитае доштан намехоҳад.
Бино ба иттилои раёсати САҲШ-и Вазорати адлияи Русия, ҳар сол дар ин кишвар беш аз 12 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо шаҳрвандони Русия издивоҷ мекунад. Пеш аз издивоҷи шаҳрванди Тоҷикистон бо зани рус, мақомоти Русия аз домоди тоҷик мехоҳанд, собит кунад, ки дар ватан ҳамсари дигар надорад.
Омори никоҳҳои қалбакии бекоршудаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дастрас нест. Вале як кандукови мо дар саҳифаҳои матбуоти Русия собит кард танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ аз 71 мавриди ошкор шудани чунин никоҳҳои қалбакии шаҳрвандони Тоҷикистон гузориш пахш шудааст.