Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози ғайриодии соҳибкори тоҷик ва посухи раиси андоз. Ҳақ бо кист? САДО


Фарҳод Юлдошев, молики як корхонаи насби таҷҳизоти газӣ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд эътирозашро аз амалкарди масъулони Идораи андоз ба таври бесобиқа ба намоиш гузошт. Ӯ ба дари корхонааш навишт, ки корманди андоз аз ӯ "ҳақ" металабад ва ба ин хотир коргоҳашро мефурӯшад. Аммо масъулони идораи андози шаҳри Бӯстон ҳақ ситондан аз ин соҳибкорро рад карданд.

Баҳси як соҳибкор бо раиси идораи андози Бӯстон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00
Линки мустақим

Эълон ё эътирози Фарҳод Юлдошев ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба вокунишҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд. Юлдошев дар ойинаи даромадгоҳи коргоҳаш навишт: "Фурӯхта мешавад. Корманди андоз Ҳусейнов Бедил ҳар моҳ 500 доллар "доля" талаб дорад."

Бедил Ҳусейнзода, сардори идораи андози шаҳри Бӯстон, рӯзи 23-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "иддаои соҳибкор асос надорад" ва ӯ "ягон танга нагирифтааст".

Фарҳод Юлдошев, соҳибкори тоҷик, рӯзи 23-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони андоз аз онҳо "ҳақ"-и калон талаб карданд. Ба иддаои ин соҳибкор, "вақте аз супурдани маблағ худдорӣ кардем, ба идораи мо кормандони идораи оташнишониро даъват намуда, ба дари коргоҳ муҳр заданд."

"Ба мо ҳақ бастанд. Боз 106 ҳазор сомонӣ ҷарима. Ман маҷбур шудам, ки ҳамин хел нависам. Давлат чораи ҳамон одамро бинад, кор рафтан мегирад," -- гуфт соҳибкор.

Аммо Бедил Ҳусейнзода, сардори идораи андози шаҳри Бӯстон худи соҳибкорро ба он муттаҳам мекунад, ки даромадашро аз андоз пинҳон кардааст. "Вай дар ҳисоботаш 4 нафарро ҳамчун коргар нишон медод, аммо дар асл 12 нафар кор мекунанд. Мо дар асоси фарқияти 8 нафар санад тартиб додем. Юлдошев дар ҳисоботаш навиштааст, ки аз фаъолияти кориаш рӯзона 1000 сомонӣ ба даст меорад. Ҳамон рӯзе, ки бачаҳои ман рафтанд 4 автомобил нарх карда истода буданд. Даромади Юлдошев Фарҳод ҳамарӯза 1000 сомонӣ не, балки аз 15 то 20 ҳазор сомонӣ аст," -- афзуд раиси идораи андози шаҳри Бӯстон.

Соҳибкор Фарҳод Юлдошев хилофкорӣ дар пардохти андозро беасос донист ва гуфт, то омадани Бедил Ҳусейнзода ба мақоми сардори идораи андози шаҳри Бӯстон ҳеч мушкил дар ин самт надоштанд. Ин соҳибкор мегӯяд, кормандони андоз дар 5-10 дақиқаи санҷиш ҳисоб карданд, ки як коргоҳи ӯ бояд иловатан 106 ҳазор сомонӣ андоз супорад, ки “нодуруст аст”.

Соҳибкор афзуд, эътирози ӯ ба он хотир буд, ки роҳбари бахши андози вилояти Суғд ба мушкили ӯ саривақтӣ расидагӣ накарданд. Тиҷорати асосии Юлдошев, ба гуфтаи худаш, асосан дар Русия аст ва коргоҳи насби таҷҳизоти газӣ дар шаҳри Бӯстон як бахши хурди тиҷорати ӯ мебошад.

Бедил Ҳусейнзода, ки соҳибкор ӯро ба гирифтани “доля” муттаҳам мекунад, ба додситонии шаҳри Бӯстон шикоят бурдааст. Ҳусейнзода мегӯяд, нашри эълони “доля” гирифтани ӯ ва паҳн шудани он дар шабакаҳои иҷтимоӣ “шаъну шарафи ӯ ва мақомоти андозро паст кардааст”.

“Вай ба ман туҳмат кард, бигзор исбот кунад, ариза диҳад. Барои чӣ дар корхонааш менависад? Барои чӣ дар сомона менависад? Ба органҳо муроҷиат кунад, ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқ дорад. Касе пул талаб карда гирифтааст, ҷавобашро гӯяд,” -- гуфт сардори идораи андози шаҳри Бӯстон.

Бо ин ҳама соҳибкор Фарҳод Юлдошев гуфт, баъди сарусадои зиёд дар ин бора роҳбарияти идораи андози вилояти Суғд ба ӯ ваъда додаанд, ки дигар барояш мушкил пеш намеояд ва бигзор ба кораш идома диҳад. Ба ин хотир, ин соҳибкор мегӯяд, эълонҳои “эътирозомез” канда, кормандонашро дубора ба кор даъват кардааст.

Ин бори аввал нест, ки номи Бедил Ҳусейнзода, сардори нозироти андози шаҳри Бӯстон, дар робита ба қазияҳои олуда ба фасод расонаӣ мешавад. Ду моҳ пеш сомонаи “Ахбор” дар як гузориши таҳқиқотӣ навишт, Бедил Ҳусейнзода барои ҳар коргоҳ “ҳақ”-и муайян муқаррар кардааст. Ба навиштаи ин сомона, “доля”-и Ҳусейнзода аз 1000 то 10 ҳазор сомонӣ мебошад. Инчунин ин расона гуфт, Ҳусейнзода бо қимати 200 ҳазор доллар манзил сохтааст.


Худи Бедил Ҳусейнзода рӯзи 23-юми декабр гуфт, “хонаи маро омада диданд, пурсиш шуд. Аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омада диданд.” Аммо ба суоли Радиои Озодӣ, ки аз миёни роҳбарони идораҳои андоз дар ноҳияҳои Тоҷикистон чаро ин ҳама сарусадоҳо дар ҳаққи ӯ садо медиҳад гуфт, “намедонам”.

Эътирози ғайриодии соҳибкор дар вилояти Суғд ҳарчанд бори аввал аст, аммо норозигиҳо аз низоми андозбандӣ тақрибан ҳар моҳ садо медиҳад. Бархе аз соҳибкорон низоми феълии андозро “миёншикан” меноманд, ки ба гуфтаи онҳо имкони софдилона кор карданро намедиҳад. Мақомот баръакс тоҷирону моликони корхонаҳоро ба сарпечӣ аз пардохти андоз ва кам нишон додани даромадҳояшон муттаҳам мекунанд.

Андоз воситаи асосии пуршавии буҷаи Тоҷикистон аст. Аз 26,4 миллиард сомонӣ буҷаи соли оянда беш аз 17 миллиарди он аз ҳисоби андоз бояд пур карда шавад.

XS
SM
MD
LG