Тоҷикистон ба сурати истисноӣ ба хориҷиён ҳам фурӯхтани манзилҳо дар силсилаи биноҳои “Диёри Душанбе”-ро, ки аз сӯи як ширкати Қатар сохта мешаванд, иҷозат додааст. То кунун хориҷиҳо ҳаққи харидани хона дар Тоҷикистонро надоштанд.
Бовар меравад, ки хеле гарон будани нархи хонаҳои “Диёри Душанбе” боис шудааст, ки ширкати масъули сохтани он – “Қатарӣ Диёр” – барои чунин имтиёзе ба раҳбарияти Тоҷикистотн муроҷиат кунад, чунки бо нархҳои чандсадҳазорӣ дар бинои аввали алакай сохтмонаш баанҷомрасидаи “Диёри Душанбе” то имрӯз танҳо нисфи хонаҳо ба фурӯш рафтаанд.
Дар Доҳа - пойтахти Қатар алакай маъракаи расмии фурӯши хонаҳои ширкати “Диёри Душанбе”-ро эълон карданд. Ин хонаҳо дар шаҳри Душанбе дар байни кӯли Ҷавонон, наҳри Ҳисор ва рӯдхонаи Душанбе ҷой гирифта, дар рӯбарӯяш Кохи Миллат ба назар мерасад. Силсилаи биноҳои “Диёри Душанбе”, ба гуфтаи бисёриҳо, ин минтақаро хеле назаррабо кардааст.
Бо вуҷуди ин ки сохтмони бинои аввали истиқоматӣ ба поён расидааст, вале соҳибони он танҳо моҳи феврали соли 2015 барои зист вориди хонаҳои худ хоҳанд шуд. Моҳи феврал кумиссиюни вижаи ҳукуматӣ бояд ин хонаҳоро қабул карда ва барои зист иҷоза диҳад. Бинои аввал дорои 67 манзил буда, ба гуфтаи намояндагони ширкат, бештар аз нисфи ин манзилҳо алакай ба фурӯш рафтааст.
Гарчӣ ба таври истисноӣ дар бораи фурӯши ин хонаҳо ба шавҳрвандони хориҷӣ порлумони Тоҷикистон қонуни алоҳида ба тасвиб расондааст, вале то ҳол харидорони хориҷӣ ба ширкат муроҷиат накардаанд. Ин хонаҳоро аслан шаҳрвандони Тоҷикистон харидорӣ кардаанд.
Санҷар Каримов - раиси шӯъбаи фурӯши ширкати “Диёри Душанбе” аз додани тавзеҳот дар бораи харидорони чунин хонаҳо худдорӣ кард, вале гуфт, ки сатҳи иҷтимоии онҳо хеле баланд аст ва дар ҷомеа онҳоро мешиносанд. Онҳо бештар тоҷиру соҳибкоранд. Дар миёни онҳо, ба гуфтаи ӯ, кормандони давлативу ҳукуматӣ низ ҳастанд. Вале намояндаи ширкат ошкор гуфт, ки ҳар кас барои харидории хона дар муҷтамаи “Диёри Душанбе” имкони молӣ надорад.
Масалан, масоҳати хонаҳои сеҳуҷраӣ аз 115 то 125 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва барои ҳар метри мураббаъ масоҳат аз 2640 то 2900 доллар нарх муайян шудааст. Ба ин тартиб, як сеҳуҷраӣ аз 303 то 362 ҳазор доллар нарх хоҳад дошт. Ба ин нарх ҷой барои нигаҳдошти мошин дар гаражи зери бино ё таҳхона ҳам дохил мешавад. Ононе, ки соҳиби хонаи чаҳорҳуҷраӣ мешаванд, ба онҳо барои ду мошин ҷой ҷудо мекунанд.
Санҷар Каримов мегӯяд, ин хонаҳо барои зиндагӣ комилан дар ҳолати омода ба соҳибонашон супурда мешаванд. Ошпазхона ва ҳаммом бо мебел ва бо ассосияи зарурӣ таъминанд ва мебелу масолеҳи сохтмонии дохили хонаҳо аз Олмон ва Туркия оварда шудаанд. Барои нигаҳбонии маҳалли атроф посбон, тамизкор ва боғбон низ ба кор гирифта мешаванд ва дастмузди онҳоро ширкати “Диёри Душанбе” пардохт мекунад.
Агар харидор бештар аз 30 дарсади нархи хонаро пардохт кунад, ҳаққи зиндагӣ дар хонаро пайдо мекунад, вале дар давоми як соли баъдӣ бояд пули хонаро пурра бипардозад вагарна, баъд аз як сол мисли бонкҳои ҳипотекӣ ё қарздиҳанда соҳиби хона ба бонки қарздиҳанда 5 дарсади иловагӣ пардохт хоҳад кард.
Барои таъмини оби гарм ва марказгармӣ ҳар бино барои худ марказгармии алоҳида дорад ва пойбанди оби гарм аз берун нахоҳад буд.
Корҳои сохтмонӣ ва пардоздиҳӣ дар ду бинои дигари иқоматии “Диёри Душанбе” идома дорад ва пешбинӣ мешавад, ки ин ду бино соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигиранд. Дар маҷмӯъ дар ин се бино 380 хонаи иқоматӣ хоҳад буд. Ба ҷуз аз хонаҳои иқоматӣ муҷтамаи “Диёри Душанбе” мағозаҳо, қаҳвахона, тарабхона, кӯдакистон ва биноҳои маъмурӣ низ дорад, ки ба меъёрҳои байналмиллалӣ мутобикат мекунад. Масалан, бинои аввале, ки аз 67 хона иборат аст ва ҳоло ба истифода дода мешавад, дар қисмати поёниаш 26 маҳали тиҷоратӣ дорад.
Арзиши умумии тарҳи “Диёри Душанбе” 300 миллион долларро ташкил медиҳад ва он нахустин ва бузургтарин тарҳи сохтмонии кишварҳои арабӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ин тарҳро ширкати “Қатарӣ Диёр” сармоягузорӣ мекунад ва соҳиби ягонаи муҷтамаи сохтмонӣ ба шумор меравад. Ҳукумати Тоҷикистон маҳали сохтмонро, ки 68 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад, ба таври ройгон дар ихтиёри “Қатарӣ Диёр” гузошт ва ин ширкатро аз боҷи гумрукиву бештари андозҳо озод кард, то сармоягузори хориҷӣ ҳавасманд шавад ва сармояи худро ба Тоҷикистон ворид кунад.
Дар қарордоде, ки миёни Тоҷикистон ва ширкати “Қатарӣ Диёр” имзо шудааст, ҷониби Тоҷикистон ба ширкат баъзе имтиёзҳо додааст. Ба хотири он ки ин имтиёзҳо бо қонунҳои мавҷудаи Тоҷикистон дар таззод қарор нагирад, бо пешниҳоди ҳукумат порлумони Тоҷикистон имтиёзҳои пешбинишуда дар созишномаи дуҷонибаро дар қонуни алоҳида ба тасвиб расонд ва ширкатро ҳангоми ворид кардани бор аз боҷи гумрукӣ ва ҳамчунин дар дохили кишвар аз пардохти андоз озод кард. Додани ҳаққи хариди ин хонаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ низ аз ҷумлаи ҳамин имтиёзҳо ба ширкат дониста мешавад.
Ардашер Қодирӣ - сафири Тоҷикистон дар Доҳа – пойтахти Қатар чунин иқдомро таҷрибаи мусбат медонад ва мегӯяд, сармоягузор ба ҷои дигар намеравад ва барои сармояи худ ҷои судмандро ҷустуҷӯ мекунад. Барои ҳамин Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ аз усули кӯҳна тадриҷан дур мешавад, зеро додани имтиёз ба сармоягузори хориҷӣ дар марҳилаи кунунӣ ба нафъи рушди кишвар аст.
Оқои Қодирӣ мегӯяд, бар асоси тарҳ дар оянда муҷтамаи “Диёри Душанбе” васеътар хоҳад шуд. Дар қисмати шимолии он як меҳмонсарои панҷситорадор бунёд мешавад, ки аз 80 ҳуҷраи зист иборат хоҳад буд. Дар қисмати ҷанубии он бунёди як кӯдакистон низ дар назар дошта шудааст. Шумораи биноҳои истиқоматӣ аз 3 ба 5 расонда мешавад.
Корҳои сохтмониро аслан ширкати “Синоҳайдро”-и Чин анҷом медиҳад ва баъзе ширкатҳои Тоҷикистон низ дар он кор мекунанд. Дар оғоз ҷониби Тоҷикистон пофишорӣ дошт, ки ширкатҳои дохилӣ ин муҷтамаъро созанд, вале “Қатарӣ Диёр” барои анҷоми корҳои сохтмонӣ озмун эълон кард ва ширкатҳои дохилӣ , чун таҷрибаи кофии ширкат дар чунин озмунҳоро надоштанд ва таҷҳизоти фанниву корашон ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набуд, шикаст хӯрданд.
Дар ин видеои таблиғӣ бо истифода аз фанновариҳои компутарӣ "Диёри Душанбе" алакай баъди пурра сохта шуданаш ҷилва дода мешавад: