Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA як зина поин шуд


Мавқеи тими миллии Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA, ки дар сомонаи Федератсияи байнулмилалии футбол нашр шудааст, як зина поин шуд ва бо 1212,41 имтиёз дар ҷойгоҳи 103-юм қарор дорад.

Дар ин феҳрист Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо 1901,48 имтиёз дар байни 210 даста дар ҷойгоҳи аввал аст.

Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, бо 1854,91 имтиёз дар ҷойгоҳи дувум ва Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, бо 1835,67 имтиёз зинаи севумро соҳиб шудаанд.

Инчунин ба даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллии Англия, Бразилия, Белгия, Нидерланд, Португалия, Колумбия ва Италия дохиланд.

Аз байни тимҳои мунтахаби кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (25-ум, 1567,25 имтиёз), Русия (33-юм, 1506,58 имтиёз) ва Узбекистон (61-ум, 1397,41 имтиёз) ба даст овардаанд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Қазоқистон (109-ум), Озарбойҷон (111-ум), Эстония (123-юм), Литва (135-ум), Латвия (137-ум), Туркманистон (144-ум) ва Молдова (152-юм) пеш буда, пас аз Украина (25-ум), Русия (33-юм), Узбекистон (61-ум), Гурҷистон (70-ум), Арманистон (97-ум), Беларус (99-ум) ва Қирғизистон (102-юм) ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойгоҳи 17-умро азони худ кардааст.

Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 18-ум), Эрон дар мақоми дувум (дар ҷаҳон 20-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми севум (дар ҷаҳон 23-юм) мебошанд.

Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойгоҳи 99-ум ва натиҷаи пасттаринаш ҷойгоҳи 180-ум мебошад. Феҳристи навбатии FIFA 19-уми август соли равон нашр хоҳад шуд.

Дар зимн, тими миллии футболи Тоҷикистон, ки дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар ҷадвали гурӯҳи “G” зери роҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе, мутахассиси гурҷӣ, бо касби 8 имтиёз ҷойи сеюмро гирифт, аз ҳаққи ширкат дар даври сеюми мусобиқот ва роҳхат ба Ҷоми Осиё-2027 маҳрум гашт.

Акнун тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки 25-уми марти соли оянда оғоз меёбад, иштирок хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG