Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гармои бесобиқа - имтиҳони наве барои рӯзадорон


Tajikistan - Tajik girls praying, Dushanbe, 2009
Tajikistan - Tajik girls praying, Dushanbe, 2009

Охири моҳ мардуми рӯзадори Тоҷикистонро имтиҳони сахте интизор аст – ҳавосанҷон ба таври бесобиқа тафсидани ҳарорати ҳаворо пешгӯӣ мекунанд.

Парвина Саидҷамолова, мудири бахши пешгӯии боду ҳавои Маркази ҳавосанҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “аз 27 то 30 июл дар ҷумҳурӣ болоравии ҳарорати ҳаво дар назар аст, зеро ба ҷумҳурӣ аз нимҷазираи Араб ҳавои хушку ниҳоят гарм ворид мешавад. Дар Хатлон ҳаво аз 41 то 46 дараҷа ва ҷануби вилоят то 48 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар водиҳои вилояти Суғд ҳам хело гарм хоҳад шуд ва дар он ҷо ҳарорат рӯзона аз 38 то 43 боло хоҳад рафт. Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ ҳамин гуна ҳарорат, аз яъне аз 38 то 43 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст. Дар манотиқи кӯҳистон ҳам ҳаво то 40 ва 45 дараҷа гарм мешавад”.

Парвина Саидҷамолова афзуд, ки бар асари гармои шадид хатари сӯхтор афзоиш меёбад ва боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо бар асари обшавии пиряхҳо ҳам дар назар аст. Дар баландии аз чаҳор то чаҳоруним ҳазор метр аз сатҳи баҳр фуромадани ярч ва селоба аз эҳтимол дур нест. Маркази ҳавосанҷӣ тавсия додааст, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати мошинҳои боркаш дар роҳу шоҳроҳҳо мутаваққиф карда шавад.

Ба гуфтаи корманди масъули Маркази ҳавосанҷӣ, ҳавои гарм боиси хурӯҷи бархе аз бемориҳо низ хоҳад шуд ва аз он шояд афроди рӯзадор осеб бубинанд. Бино ба тавсияи табибон, кӯдакону мӯйсафедон он рӯзҳо бояд дар хона бимонанд ва тез-тез об нӯшанд.

Дар ҳамин ҳол, эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа, муовини раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, ба мо гуфт, ки ҳавои гарм наметавонад баҳонае барои хӯрдани рӯза барои ҳама рӯзадорон бошад. Ӯ афзуд, одамоне, ки сабру тоқат мекунанд, аз подоши зиёдтари Худованд барои таҳаммул бархурдор хоҳанд шуд. “Аммо шахсоне, ки барои кор дар шахтаҳои аз 40 то 50 ё 60 дараҷа гарм маҷбуранд, метавонанд рӯзаашонро хӯранд ва аммо қазояшро баъдан бигиранд”, афзуд рӯҳонии маъруф.

Аз эшони Саидҷон суол кардем, ки оё Шӯрои уламо барои мусалмонҳо дар адои фаризаҳои илоҳӣ дар рӯзҳои гарму шабҳои кӯтоҳи Тоҷикистон фатвое содир кардааст ва сарнавишти пешниҳоди коҳиш додани ракъатҳои таровеҳ аз 20 то 8 ракъат чӣ шуд? Ба гуфтаи ӯ, ин пешниҳод пазируфта нашудааст, аммо Шӯрои уламо пешниҳод кард, ки замони хатми "Қуръон”-ро сабуктар кунанд. Эшони Саидҷон афзуд, “мо фармудем, ки “хатм” дар 40 дақиқа ё як соат анҷом шавад. Ҳоло мо ояҳои Қуръонро дар 40-45 дақиқа мехонем, зеро як-ду пораи онро пешакӣ дар хона тайёр мекунем. Қуръон, ки хатм шуд, онро дар шаби Қадр мебахшем”.

Рӯҳонии шинохта гуфт, ин тасмим аз сӯи Шӯрои уламо ба он хотир гирифта шуд, ки шабҳои моҳи Рамазон хело кӯтоҳанд ва мардум аз дуру дароз идома кардани хатми "Қуръон” хаставу безобита мешаванд.

Эшони Саидҷон ҳамчунин гуфт, ки фитри рӯза барои ҳар шахс 3 сомонӣ ва закоти мол бошад 350 сомонӣ аз 14 ҳазор сомонии фойида муқаррар шудааст.
XS
SM
MD
LG