Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқаев гуфт, Остона барои мизбонии гуфтугӯҳои Боку ва Ереван омодааст



coat of arms, Kazakhstan, Tokaev
coat of arms, Kazakhstan, Tokaev

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 6-уми июл дар саммити ғайрирасмии Созмони кишварҳои туркзабон гуфт, Остона омодааст, аз гуфтугӯҳои Озарбойҷон ва Арманистон мизбонӣ кунад.

"Мехоҳам тамоюлҳои мусбатро дар барқарор кардани сулҳ миёни Озарбойҷон ва Арманистон таъкид намоям. Қазоқистон пайваста аз кушишҳои барқарории сулҳ дастгирӣ мекунад. Мо ҳамеша омодаем, ки гуфтугӯҳои сулҳ миёни Боку ва Ереванро мизбонӣ кунем”, - изҳор дошт Тоқаев рӯзи 6 июл дар нишасти Озарбойҷон.

Мулоқоти сарони кишварҳои туркзабон дар шаҳри Шушаи Қарабоғи Кӯҳӣ баргузор шуд. Ин шаҳрро Озарбойҷон соли 2020 дар пайи як задухӯрд бо ақалиятҳои арманитабор дубора зери назорати худ даровард.

Моҳи сентябри соли 2023 артиши Озарбойҷон амалиёти навбатии низомиро дар минтақа роҳандозӣ ва Қарабоғи Куҳиро комилан ба идораи худ даровард. Дар натиҷа ҳукумати худхондаи Қарабоғи Куҳӣ пароканда шуд.

Дар саммити Шуша президентҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Қирғизистон, муовини президенти Туркия, дабири кулли Созмони кишварҳои туркзабон, раиси Ҷумҳурии Қибриси Шимолӣ ва сарвазири Маҷористон иштирок доштанд.

XS
SM
MD
LG