Кумиссиюни Амрико оид ба озодии динии байналмилалӣ(USCIRF) дар гузориши солонааш ба ҳукумати Амрико тавсия додааст, то Тоҷикистонро дар рӯйхати сиёҳи кишварҳои "боиси нигарониҳои хос" ҷо дода, сарфи назар аз тағйироти геополитикии дунё ҳуқуқи инсон ва озодии динро дар меҳвари равобиташ бо Душанбе бигузорад.
Тоҷикистон аз соли 2009 таҳти пайгарди гузоришҳои солонаи USCIR қарор дорад. Дар гузориши солонаи озодиҳои мазҳабӣ - 2014, ки рӯзи 30 апрел нашр шудааст, Кумиссиюни Амрико оид ба озодии динии байналмилалӣ дигарбора ба вазорати хориҷаи Амрико тавсия додааст, ки Тоҷикистонро ба далели нақзи фаровони озодиҳои мазҳабӣ дар радифи 7 кишвари дигар - Миср, Ироқ, Нигерия, Покистон, Сурия, Туркманистон ва Ветнам - ба рӯйхати сиёҳи кишварҳои аз лиҳози муроооти озодии дин боиси нигаронии хос шомил кунад.
Дар ин гузориш вазъи умумии озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар як соли гузашта чунин хулоса шудааст: “Дар Тоҷикистон нақзи муназзам, бардавом ва ошкори озодии динӣ идома дорад. Ҳукумати Тоҷикистон ҳама гуна фаъолияти динии мустақил ва берун аз назорати давлатӣ, аз ҷумла фаъолиятҳои мусулмонон, протестантҳо ва шоҳидони Яҳворо саркӯбӣ карда, ба ҷазо мекашад. Ҳукумат инчунин афроди алоҳидаро бо иттиҳомҳои ҷиноии собитнашудаи марбут ба фаъолиятҳои динии исломӣ ба зиндон мекашад.»
Саргаҳи мушкилот қонуни дин аст?
Фаъолияти созмони шоҳидони Яҳво, яке аз равияҳои дини масеҳӣ дар Тоҷикистон аз соли 2007 манъ шудааст. Аммо дар гузориш саркӯбии озодиҳои мазҳабӣ аз сӯи давлати Тоҷикистон натиҷаи қонунҳои, бино бар ин манбаъ, “саркӯбкунанда” хонда шудааст. Сухан аз ҷумла дар бораи қонуни дини Тоҷикистон аст, ки соли 2009 қабл шуд. Кумиссиюни озодиҳои дини Амрико чанд маҳдудияти эҷодкардаи ин иқонунро дар гузориши солонааш баршумурдааст:
« - талаботҳои душвор ва безоркунандаи бақайдгириро барои гурӯҳҳои динӣ ҷорӣ менамояд;
- фаъолиятҳои динии ба қайд гирифта нашуда, инчунин таълимоти хусусии динӣ ва навойинӣ ё тағйири мазҳабро (прозелитисм) ҳамчун ҷурми ҷиноӣ маҳсуб медонад;
- маҳдудиятҳои шадидро нисбати теъдод ва масоҳати масҷидҳо ҷорӣ мекунад;
- ба давлат иҷозат медиҳад то дар масъалаи таъйини имомон дахолат намояд;
- аз ташкилотҳои динӣ барои таъмини омӯзиши динӣ ва робита бо ҳаммазҳабони хориҷӣ иҷозатномаи расмӣ талаб менамояд;
- ва дар бобати мӯҳтаво, интишорот ва воридоти маводҳои динӣ назорати давлатиро ҷорӣ менамояд.»
Гузориш меафзояд, бар илова дар солҳои 2011-2013 дар кодекси маъмурӣ ва ҷиноӣ барои фаъолиятҳои мазҳабие, чун ташкил ё ширкат дар ҷамъомадҳои “иҷозатнашудаи” динӣ ва ташкил ё иштирок дар “гурӯҳҳои омӯзиши динии ифротӣ” ҷаримаҳои сангинтар ва ҳатто ҳукми зиндон таъйин кардаанд. Маҳдудияти дигар, ба гуфтаи муаллифон, қонуни соли 2011 тасвибшуда дар бораи масъулияти падару модар аст, ки «иштироки ноболиғон дар ҳама гуна фаъолиятҳои муташаккили динӣ, ба истиснои маросимҳои ҷаноза ва фаъолиятҳо дар муассисаҳои расмии динӣ»-ро манъ мекунад.
Гуфта мешавад, дар моҳи августи соли 2013 Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз ҳукумати Тоҷикистон дархост намуд, ки дар Қонуни дин, Қонуни масъулияти падару модарон ва Кодекси маъмурӣ, ки тааҳҳудоти кишварро дар назди СММ “ба таври номутаносиб маҳдуд месозанд”, “ҳамаи муқарраротро лағв ё ислоҳ намояд” ва “муносибати табъизомези худро дар бобати ба қайд гирифтани гурӯҳҳои муайяни динӣ тағйир диҳад.”
Дар гузориши USCIRF ҳамчунин омадааст, ки мақомот аз хафви таблиғи зидди давлат ва ҳам ба маҳзи хатари созмонҳои тундрав масҷидҳо ва мардуми масҷидравро таҳти назорат қарор дода, пӯшидани либоси мусулмониро маҳдуду пӯшидани ҳиҷобро дар муассиссаҳои таълимӣ пурра манъ кардаанд ва ҳатто теъдод ва синнусоли довталабони зиёрати Ҳаҷро танзим ва назорат мекунанд. Ҳамин тавр қонунан гузоштани риш ба омӯзгорони макотиб дар Тоҷикистон манъ шуда, Шӯрои уламои нимарасмӣ аз соли 2005 ибодати занҳо дар масҷидро “бо сабаби мавҷуд набудани намозгоҳи алоҳида барои занон” манъ кардааст.
Гузориш бо ишора ба инки аз 1 январ бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби буҷа ба имом-хатибон маош таъин шудааст, меафзояд: «Миқдори рӯзафзуни занони тоҷик эътироз баён мекунанд, ки ҳоло андози супоридаи онҳо барои пардохти маоши имомхатибони масоҷиде масраф мешавад, ки онҳо ҳаққи намозгузорӣ дар онҷоро надоранд.”
“Нақзи ҳуқуқи аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ”
Як бахши гузориши солонааш дар бораи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистонро USCIRF “Нақзи ҳуқуқи аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ” унвон кардааст. Дар ин бахши гузориш ҳамлаи афроди номаълум ба муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳаит дар апрели соли 2013, марги, бино бар ин гузориш, “шубҳаовари узви 34-солаи ҲНИТ Умедҷон Тоҷиев баъди ду моҳи боздошт дар январи соли 2014 зикр шудааст.
Аммо бахши Тоҷикистони гузориши солона бештар дар бораи масҷидбандиҳост: «Қонуни Тоҷикистон теъдоди масҷидҳои иҷозатшударо сахт маҳдуд кардааст, дар солҳои охир ҳукумат садҳо масҷид ва намозгоҳҳои сабтнашударо баста, дар шаҳри Душанбе се масҷиди сабтнашударо хароб кард.”
Лутфи нимаи додарарӯси президент
Муаллифон бори дигар ба сарнавишти ягона каниса (ибодатгоҳ)-и яҳудиён дар маркази Душанбе, ки дар соли 2008 бо булдозер тахриб шуд, баргаштааст: “Дертар ба ҷамоати яҳудиёни Душанбе биноеро доданд (биноро додарарӯси Президент Раҳмон, яке аз сарватмандтарин бонкдорон тӯҳфа намуд), ки онро танҳо барои ибодат истифода мебаранд, аммо соҳиби он нестанд.”
Гузориш ҳамчунин мегӯяд, моҳи июли соли 2013 Убайдулло Ҳасанов, собиқ сархатиби ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, баъди онки дар мулоқоти рӯҳониён бо раисиҷумҳцур аз Эмомалӣ Раҳмон барои сохтани масҷиди нав замин пурсид, аз мақом барканор шуд. Аз тарафи дигар муаллифон гушоиши нахустин маркази исмоилиён дар Душанбе дар соли 2009 ва нақшаи сохтани яке аз бузургтарин масҷидҳои дунё бо сармояи Қатар дар пойтахтро аз корҳои хуби ҳукумати Тоҷикистон дар арсаи озодии дин унвон мекунад.
Аммо дар айни замон аз дасти дарози давлат дар табъу нашр ва воридоти адабиёти динӣ ва маҳдуд будани таълими мазҳабӣ дар Тоҷикистон интиқод шудааст. Дар гузориш бо такя ба маълумоти хабаргузории динии «Форум 18” гуфта мешавад, ки “то декабри соли 2013 аз 6 мадрасаи ба таври расмӣ тасвибшудаи Тоҷикистон панҷтоаш баста шуда буданд; 300 донишҷӯи ин мадрасаҳо дар вилояти Суғд бояд дар мактабҳои ҳамагонии ғайридинӣ таҳсил намоянд. Мақомоти Тоҷикистон ҳоло танҳо ба як мадраса дар ноҳияи Турсунзодаро иҷозати фаъолият додаанд.»
Тавсияҳо: Ҳуқуқи инсон ва озодии дин меъёри асосӣ бошад
Гузориш зимни натиҷагириҳояш мегӯяд, сиёсати Амрико дар Осиёи Марказӣ дар солҳои охир ба ҷанги Афғонистон тамаркуз мекард ва аз ин рӯ, масоили ҳуқуқи инсон ва озодиҳои дин дар ин сиёсат асосӣ набуд. Вале кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрикоро чунин сиёсатро “кӯтоҳбинона” номида, аз ҳукумати Амрико хостааст, то дар Тоҷикистон ба сурати доиму қоим ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои мазҳабӣ бартарӣ диҳад.
Дар бахши тавсияҳои гузориш ҳамчунин омадааст ки “ҳукумати Амрико бояд:
· Ба мақомоти Тоҷикистон фишор оварад, то ин ки Қонуни дин аз соли 2009 ва
қонунҳои марбутаи дигарро дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба тааҳҳудоти
байналмилалӣ, аз ҷумла тааҳҳудоти марбут ба озодии дин ё эътиқод, мувофиқ намояд, инчунин ба таври ҳамагон нақзи ин таааҳҳудотро аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон мавриди танқид қарор диҳад;
· Назорати муҳокимаҳои додгоҳии онҳоеро, ки дар робита бо мансубияти динии онҳо мутаҳҳам шудаанд, идома диҳад ва бо ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҳамкорӣ намуда, ба кормандони системаи судӣ дар бораи меъёрҳои ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар давраҳои омӯзишӣ ташкил намояд;
· Ҳукумати Тоҷикистонро ба мувофиқат намудан ба боздидҳои гузоришгарони махсуси СММ оид ба озодии дин ва эътиқод, мустақилияти системаи судӣ ва шиканҷа, таъйин намудани рӯзҳои муайяни боздидҳо ва таъмин кардани шароити комилу лозимӣ барои чунин боздидҳо даъват намояд;
· Боварӣ ҳосил намояд, ки сафорати ИМА бо фаъолони ҳуқуқи башар робитаи фаъол барқарор менамояд ва Ҳукумати Тоҷикистонро водор намояд, ки тамосу дастрасии бештари ҳар як маҳбусро бо аъзои оила, нозирони ҳуқуқи башар, хидмати муносиби тиббӣ ва вакили додгустарӣ фароҳам кунад.
· Боварӣ ҳосил намояд, ки кӯмаки ИМА ба Ҳукумати Тоҷикистон, ба истиснои
кӯмакҳои башардӯстона ва барои пешрафти ҳуқуқи башар пешбинишуда, дар сурате анҷом меёбад, ки агар ҳукумат ҷадвали замонии иқдомоти мушаххасро барои ислоҳоти Қонуни дин ва беҳбуди шароити озодии динӣ ва эътиқод мураттаб ва амалӣ намояд;
· ва сармоягузории барномаи Бахши VIII-и Вазорати корҳои хориҷиро дар риштаи пажӯҳишҳо, аз ҷумла пажӯҳиши озодии динӣ ва ҳуқуқи башар, ҳамчунин барномаҳои забонии марбут ба омӯзиши минтақаи Авруосиёро дубора барқарор намояд.»