Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир гуфт, паноҳҷӯёни “ҷиноятпеша”-ро аз Олмон меронанд


Нэнси Фезер
Нэнси Фезер

Вазири корҳои дохилии Олмон гуфтааст, Берлин барои аз қаламраваш рондани паноҳҷӯёни “ҷиноятпеша” ба Афғонистон ва Сурия бо чанд кишвар музокироти пинҳонӣ дорад.

Нэнси Фезер дар ин бора рӯзи 28-уми июл дар мусоҳибааш бо нашрияи “Bild” таъкид кардааст.

Ӯ гуфта, ки “мехоҳем исломиҳои хашин ва ҷиноятпешаро биронем Бо кишварҳои гуногун гуфтушунид дорем, то ихроҷи онҳо ба Афғонистон ва Сурия имконпазир гардад.”

Ин мавзуъ пас аз кушта шудани як афсари пулис дар моҳи июни имсол дар шаҳри Манҳейми Олмон матраҳ шуд. Муфаттишон гуфтанд, ҳамларо як муҳоҷири афғонистонӣ анҷом додааст.

Нашрияи “Bild” навишт, имсол тақрибан 40 ҳазор суриягӣ ва 20 ҳазор афғонистонӣ аз Олмон дархости паноҳандагӣ кардаанд.

Анналена Бербок, вазири корҳои хориҷии Олмон, иқдоми рондани паноҳҷӯёнро танқид кард ва гуфт, ихроҷи муҳоҷирон ба кишварҳое мисли Афғонистон “номумкин аст”.

Олмон бештар аз даҳ сол боз макони паноҳҷӯён аз Тоҷикистон низ ҳаст. Дар гузашта чанд шаҳрванди кишвар дар онҷо бо иттиҳоми терроризму ифротгароӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG