Порлумони Тоҷикистон рӯзи 3-юми феврал, бо гузашти қариб ду ҳафта пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди барканории Юсуф Раҳмон аз мансаби додситони кул (прокурори генералӣ) пазируфт. Ӯ 59-сола аст ва даҳ соли охир дар ин мақом кор кард. Хадамоти матбуоти президент навишт, ки Юсуф Раҳмон ба вазифаи дигар гузашт, вале ҷойи нави кораш ҳанӯз эълон нашудааст.
Боздоштҳои дастҷамъӣ
Боздоштҳои дастҷамъӣ, ҳукмҳои дарозмуддат, зиндонӣ шудани даҳҳо фаъолу хабарнигорро ҳосили даҳсолаи кори Юсуф Раҳмон дар Додситонии кул медонанд.
Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, эътилофи се созмони мухолиф (дар Тоҷикистон мамнуъст), гуфт, "давраи кори ин мансабдор бо саркӯбҳо ва поймолкунии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рост омад."
Ӯ афзуд: "Гуфта наметавонем, ки тоб додани фишангҳо маҳз бо ташаббуси Юсуф Раҳмон сурат гирифт. Тасмими саркӯби дигарандешӣ дар сатҳи болотарин гирифта шуда буд. Дар ин миён Юсуф Раҳмон ва прокурорҳои ноҳия ва шаҳру вилоятҳо имкон ёфтанд, ки бо рақибони иқтисодӣ ва ё одамоне, ки як навъ роҳи инҳоро убур кардаанд, ҳисоби шахсии худро баробар кунанд.”
"Дастгоҳи интиқом"
Пас аз соли 2015 майли ҳукумат ба саркӯбгарӣ ва таъқиби мухолифон дар Тоҷикистон афзуд. Додситонии зери раҳбарии Юсуф Раҳмон дар баробари ду ниҳоди қудратӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ, нақши калидӣ дошт.
Таҳлилгар Сайидмуҳйиддин Дӯстмуҳаммадиён дар суҳбат бо телевизиони "Настояшее Время", як бахши Радиои Озодӣ, гуфт, "Юсуф Раҳмон ҳамчунин бо он дар ёдҳо хоҳад монд, ки додситониро ба як маркази мустақили қудрат ва василаи амалӣ кардани амбитсияҳои аксаран ғайриқонунии худ табдил дод.”
"Вай, инчунин, Додситонии кулли Тоҷикистонро ба як дастгоҳи интиқом табдил дод: мо инро дар мисоли қазияи вакили мудофеъ, Бузургмеҳр Ёров, дидем, ки барои чанд даҳсола зиндонӣ шуд,” -- афзуд ӯ.
Навор дар Инстаграм:
Ҷонибдори ҳукм қатл
Дар давраи раёсати Юсуф Раҳмон аксар парвандаҳо муҳри махфӣ гирифта, мурофиаҳо паси дарҳои баста мегузаштанд. Худаш дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар ин маврид гуфта буд, ки “уҳдадор нестем, ба ин суол ҷавоб диҳем. Он бо мақсади ҳифзи манфиатҳои давлат аст, ҳифзи манфиати ҷамъият аст.”
Вай, ҳамчунин, аз тарафдорони барқарор шудани ҳукми қатл дар Тоҷикистон буд: “Ман, ҳамчун прокурори генералӣ, тарафдори инам, ки ҳукми қатл нисбат ба ҷинояткорҳои ислоҳнопазир, онҳое, ки ҷиноятҳои махсусан сангин, аз ҷумла кушторҳои барқасдонаи чандин нафар ва ё табаддулоти давлатӣ мекунанд, татбиқ шавад."
"Соҳиби курсии муҳимтар". Дар куҷо?
Соли 2022 қудои президент шуд ва Додситонӣ ба ниҳоди яккатоз табдил ёфт. Дар як гурӯҳи пуртарафдори "Фейсбук" дар поёни соли 2024 ӯро мансабдори муҳими сол хонда, ҳадс задаанд, ки эҳтимол Юсуф Раҳмон дар соли 2025 соҳиби курсии муҳимтаре шавад.
“Хабарҳо ҳокӣ аз онанд, ки дар ошкор кардани қотилони кушторҳои пайопай дар Конибодом маҳз зертобеони Юсуф Раҳмон махсусият нишон додаанд... Чунин вижагиҳои корӣ метавонад фарзияеро ба миён орад, ки дар соли нави 2025 ва пас аз интихоботи Маҷлиси олӣ, генерал-полковник Юсуф Раҳмон курсии дигари муҳим дар сохторҳои қудратиро соҳиб шавад,” – навиштааст рӯзноманигор Раҷаби Мирзо дар гурӯҳи "Ахбор барои Афкор" дар Фейсбук.
Юсуф Раҳмон аз соли 2015 додситони кул ё прокурори генералии Тоҷикистон буд. Тибқи қонун даҳ сол (ду давраи панҷсолӣ) ҳаққи кор дар ин вазифаро дошт.
Ҳоло ба ҷойи ӯ Ҳабибулло Воҳидзодаи 60-сола додситони кул таъйин шудааст. Ӯ аз моҳи январи 2024 то моҳи январи 2025 муовини додситони кул (ҳамзмон додситони ҳарбӣ) буд.
Воҳидзода аз соли 2011 то 2015 низ дар мақоми муовини додситони кул кор кардааст. Дар аввали соли 2015, баъд аз танқиди сахти президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният аз мақом дур карда шуд, аммо зуд ба ҳайси додситони вилоят ба Суғд рафту сипас, соли 2020, дубора ба Душанбе баргашт ва ба курсии раиси Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир. Ҳоло порлумон ризоят дод, ки ӯ дар мақоми додситони кул кор кунад.
Видео дар Фейсбук: