Исми Адибаи Азиз, шоира ва мизбонии барномаи фарҳангие дар телевизиони "Пойтахт" сари забонҳо омад, ки дар ҷараёни пахши як барномаи адабӣ бо иштироки шоира Гулрухсор фиристандаи мавҷҳои телевизионӣ аз кор монд ва пахши барнома қатъ шуд.
Мақомоти Тоҷикистон даст аз талаби истирдоди Умаралӣ Қувватов набардоштаанд ва мегӯянд, Имороти Муттаҳидаи Араб бо асноди зарурӣ таъмин шудааст.
Аз 25 феврал то 22 марти соли равон Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ дар Женева иҷлоси 22-юми худро баргузор мекунад.
Рӯзи панҷшанбе дар Кохи раёсати ҷумҳурии Арманистон Серж Саркисён ва рақиби интихоботии вай Раффӣ Ҳованнисён бо ҳам мулоқот ва роҳҳои ҳалли ихтилофотро баррасӣ карданд.
Ҳар сол 21 феврал СММ рӯзи ҷаҳонии Забони модариро баргузор мекунад. Соли ҷорӣ дар робита бо ин рӯз дар кишварҳои мухталиф зери шиори “Забони модарӣ ва китобҳо” ҳамоишҳо созмон медиҳанд.
Роберт Блейк, ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико баъд аз машваратҳои сеҷонибаи Амрикову Ҳиндустон ва Афғонистон дар Деҳлии Ҳиндустон 20 феврал вориди Тоҷикистон мешавад.
Кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ хостори ташкили “Интерполи Иқтисодӣ” ё пулиси байналмиллалии иқтисодии худ шудаанд.
Аз инфиҷори шиҳоб ё метеорит, ки субҳи рӯзи ҷумъа дар вилояти Челябински Русия ба замин афтод, ягон шаҳрванди Тоҷикистон зарар надидааст.
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар нишасте бо Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат хост, ки иловаҳои қонуни Ҷексон-Веникро барои Тоҷикистон лағв кунанд.
Қодир Қосим-раиси вилояти Бадахшони Тоҷикистон мегӯяд, додситонӣ расидагӣ ба парвандаи раҳбарони гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳро, ки дар нооромиҳои тобистони соли гузашта дар Хоруғ ширкат доштанд, идома медиҳад.
Додгоҳи низомии Бишкек рӯзи сешанбе Қурмонбек Боқиев – раиси ҷумҳури пешини ин кишварро ба 24 соли зиндон маҳкум кард. Бародари ӯ Ҷаниш Боқиев ҳабси абад гирифт.
Алии Лориҷонӣ ахиран ба эътирози ҳаводорони кафанпӯши президенти Эрон рӯ ба рӯ шуд.
Соли мор, соли нави чинӣ аз нахустин дақиқаҳои рӯзи якшнабе дар Чин ва чанд кишвари дигари Осиё оғоз шуд. Аз Австралия то Кореяи Ҷанубӣ миллионҳо тан соли ҷадидро бо оташбозӣ ҷашн гирифтанд.
Созишнома дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия мӯҳлати сабтиномро то 15 рӯз тамдид кард.
Human Rights Watch мегӯяд, ҳазорон нафар муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ дар Русия ба фиреби корфармоён рӯ ба рӯ шудаанд.
Рӯзи ҷумъа даҳҳо муҳоҷирони кории Осиёи марказӣ, ки дар Санкт-Петербург ба рӯбучини хиёбонҳои ин шаҳр машғуланд, ба нишонаи эътироз аз пардохт нашудани музди корашон, тазоҳурот карданд.
Тоҷикистон дуввуми марти соли ҷорӣ ба таври расмӣ узви 159-уми Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат хоҳад шуд.
Дар шаҳрҳои бузурги Русия маъракаи ҷамъоварии имзо барои ҷорӣ кардани виза ё раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз идома дорад.
То нӯҳ моҳи дигар ба баргузории интихоботи расёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мавзеъгирии худро рӯшан накардаанд, агар ҳизби ҳокими Халқӣ-Демократиро истисно шуморем.
Баъзе аз ҷавонони қирғиз ба радиои "Озодӣ" шикоят бурдаанд, ки онҳоро дар Маскав боздошт кардаанд ва барои хидмати аскарӣ ба артиши Русия фиристодаанд.
Ёфтҳои бештар