Раисҷумҳури пешини Эрон мақоми худро дар як ниҳоди мӯътабари давлатии ин кишвар аз даст дод.
Барак Обама хостааст, то мурофиаи гумонбарони терроризм дар Гуантанаморо аз сар бигиранд.
Ҷонибдорони Қаззофӣ аз ин ки баъзе аз шаҳракҳо аз нерӯҳои шӯришӣ дубора ба даст омадааст, истиқбол карданд.
Қонуни нав дар бораи анҷоми амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шунидани гуфтугӯҳои телефониро иҷоза медиҳад.
Ҳилларӣ Клинтон дар Женева мавзеъгирии байналмилалӣ дар қиболи бӯҳрони Либияро баррасӣ мекунад.
Аз Эрон дар бораи маҳали иқомати раҳбарони мухолифони давлат гузоришҳои зиду нақиз мерасад.
Дидбони ҳуқуқи башар гуфтааст, аз 16-уми феврал то кунун дар тирандозии нерӯҳои давлат дар Либия 104 нафар кушта шудаанд.
Дар бархе аз кишварҳои арабӣ тазоҳуроти эътирозии зиддиҳукуматӣ идома дорад ва нишонаҳое аз коҳиши он ба назар намерасад.
Дар ҳафтае, ки гузашт, Матлубхон Давлатов, раҳбари дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар Маскав бо Сергей Наришкин, раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Русия мулоқот кард.
Амрико дар ҳоле аз “талошҳо”-и мардуми Эрон ҳимоят кард, ки аъзои Маҷлис муҷозоти раҳбарони мухолифинро талаб кардаанд.
Cуханронии Муборак дар телевизиони Миср мабнӣ бар идомаи ҳукуматаш, вокунишҳои манфӣ дар пай доштааст.
Муовини раиси ҷумҳури Миср гуфтааст, ки " мо барои муддати тӯлонӣ идома ёфтани тазоҳуротро таҳаммул намекунем".
Ду шаҳрванди Амрико, ки ба ҷосусӣ муттаҳам мешаванд, баъд аз 18 моҳи боздошт, дар додгоҳ ҳозир шуданд.
Тоҷикистониёни Олмон мехоҳанд ба ҷашнвораи худ, ки даҳуми сентябр баргузор хоҳад шуд. тоҷиконро аз кишварҳои дигар ба Олмон даъват кунанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Миср мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон барои берун рафтан аз ин кишвар муроҷиат накардаанд.
Сӯҳбате бо Муҳаммади Эгамзод, таҳлилгари тоҷики муқими Маскав, дар бораи таъсиси Хадамоти муҳоҷират дар назди дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири он ба вазъи муҳоҷирони корӣ дар Русия.
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, гуфт, то замоне ки мардуми кишвараш иҷоза медиҳанд, дар сари қудрат боқӣ хоҳад монд.
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон имрӯз 26-уми январ дар Кобул ҷаласаи парлумони нави ин кишварро ифтитоҳ кард.
Дар инфиҷори 24-уми январ дар фурудгоҳи Маскав шаҳрвандони кишварҳои мухталиф кушта ва захмӣ шуданд.
Сарнавишти Мария Амелӣ, муҳоҷири ғайриқонунии зодаи Русия дар Норвегия таваҷҷӯҳи гурӯҳҳои ҳуқуқи башар, сиёсатмадорон ва мардуми оддиро ба худ ҷалб кардааст ва онҳо дар ин рӯзҳо ба дифоъ аз Мария бархостаанд.
Ёфтҳои бештар