Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми нави худро нисбат ба Зайд Саидов эълон кард, ки бар асоси он муҳлати зиндони ин соҳибкор се соли дигар тамдид шуда, дар маҷмуъ бо ҳукми пешинааш 29 сол расидааст.
Волидони бархе аз довталабон мегӯянд, ки фарзандонашон бо вуҷуди ба даст овардани холи зарурӣ натавонистаанд шомили донишгоҳҳои Тоҷикистон шаванд. Иддаое, ки мақомот рад мекунанд.
Як намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пеш аз намози ҷумъаи 7 август дар масҷиди марказии Душанбе гуфт, ҳар касеро, ки ба ғайри мазҳаби Ҳанафия рафтор мекунад, ҷавобгарӣ интизор аст.
Дар остонаи бузургдошти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, падари шеъри форсӣ ё сардафтари адабиёти форсу тоҷик, нашри дуввуми Девони ин абармарди фарҳангу адаб бо номи “Девони Рӯдакӣ” дар нашриёти “Бухоро бо тиражи як ҳазор нусха аз чоп баромад.
Наздикони Раҳимҷон Тешабоев, таксироне, ки соли гузашта аз тарафи ду сарбози Пойгоҳи 201 Русия кушта шуд, дар додгоҳ 10 миллион рубли русӣ ҷуброн талаб кардаанд.
Бар асоси қонуни нави нафақа, онҳое, ки андозу пули ҳифзи иҷтимоӣ намесупоранд, ба гурӯҳи бознишастаҳои "камбағал" шомил хоҳанд шуд. Ин хатар бештар ба муҳоҷирон таҳдид мекардааст.
Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, ки алайҳи шаш мансабдори собиқи Бонки миллӣ "барои вайрон кардани низоми фурӯши асъори хориҷӣ" санад тартиб дода, ба Додситонии кулл фиристодааст.
Кабкинисо Камоловаи 43-сола замоне ба орзуи зиндагӣ дар хонаи алоҳида ва бидуни дахолати хушдоман расид, ки алакай худаш хушдоман ва аз орзуҳояш нишоне намонда буд.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз хатари нестшавии забонҳои бадахшӣ ё помирӣ ва яғнобӣ давраҳои омӯзиширо созмон доданист.
Масъулони Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон мегӯянд, тендер ё музоядаи байналмилалии осоишгоҳи "Зумрад" идома дорад ва он то охири сол фурӯхта хоҳад шуд.
Мақомоти Тоҷикистон аз ҳамтоёни узбаки худ хостаанд, роҳи оҳани Тирмиз - Амузангро, ки ба ҷануби кишвар мепайвандад ва чанд соли пеш тахриб шуда буд, дубора барқарор кунад.
Сафири Амрико дар Тоҷикистон созиши ҳастаии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳониро “дастоварди бузург” ва таҷрибаи беназири ҳамкориҳои байналмилалӣ унвон кард.
Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, аз он нигаронӣ кард, ки бархе аз тоҷирон пӯсти мурғро аз Эрон барои таҳияи ҳасибу "котлет" ва сихкабоби мурғӣ ба кишвар ворид менамудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ба қарибӣ тармиму таҷдиди яке аз нерӯгоҳҳои бузургро шурӯъ мекунанд, вагарна то ду се соли дигар тамоми агрегатҳояш аз кор хоҳанд монд.
Як гуруҳи вижаи иборат аз кормандони Кумитаи занон, ҷавонон, мақомоти иҷроия ва равоншиносону ҳуқуқдонҳо ба хонаи ҳар як сокини кишвар рафта, аз онҳо ба чанд савол ҷавоб хоҳанд гирифт.
Асари рассоми шинохтаи тоҷик Зокир Собиров - “Бародари ман”, ки дар сабки "Параллелизм" эҷод шудааст, дар намоишгоҳи байнулмилалии ҳунарҳои зебои Ню-Йорк ҷоизаи тиллоӣ дарёфт кард.
Идораи “Тоҷикстандарт” дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 300 тонна маҳсулоти ғайристандартиро мусодира намуда ва аз муомилот берун кардааст.
Раиси Академияи илмҳои Тоҷикистоен мегӯяд, таҳқиқи олимони тоҷик собит кардааст, ки моҳи Рамазони имсола 29 рӯз аст.
Гурӯҳе аз омӯзгорони хориҷии литсейҳои туркӣ баъди табдили ном кардани ин муассисаҳо, ки акнун мактаби хонандаҳои болаёқат ном дорад, аз кор рафтаанд.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки Гимназияи исломӣ баста нашудааст, вале ба далели рӯбарӯ шудан ба бӯҳрони молӣ, дигар имкони нигаҳ доштани бинои феълии мактабро надорад.
Ёфтҳои бештар