Додситонии шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон парвандаи ҷиноии Аҳлиддин Машрабов, гумонбари аслӣ дар қатли Алексей Буенков, сарбози пойгоҳи низомии 201-уми Русияро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристод.
Таҷаммӯъи донишҷӯёни тоҷик аз донишгоҳҳо ба назди намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо кашид. Ҷамъомадагон аксҳои мухолифони давлатро оташ заданд.
Мирҳаёт Ёқубов - раҳбари муваққати "Тоҷиксодиротбонк" - аз мақоми пешинааш дар Бонки миллӣ даст кашидааст. Вай сардори раёсати амалиёти байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон буд ва моҳи май баъди омаданаш ба "Тоҷиксодиротбонк" ҳамзамон дар ҳарду вазифа кор мекард.
Дар ҷараёни адои маносики Ҳаҷҷи имсола се зоири тоҷик ҷон дода ва ҷасади онҳо дар қабристони "Шароеъ" дар Макка ба хок супурда шудааст. Имсол барои зиёрати Каъба аз Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор нафар рафта, бозгашти онҳо 17-уми сентябр оғоз хоҳад шуд.
Нуралишоҳ Назаров, муовини пешини сардори раёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон таъйини 3 млн доллар подош барои ёфтани маҳалли будубоши полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов аз сӯи Амрикоро дар эҳтимоли муваффақият ба даст овардани ин ҷангӣ дар сафҳои "Давлати исломӣ" медонад.
Медали тиллои Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро, ки нахустин медали тиллои олимпии Тоҷикистон баъди соли 1992 дар кишвар аст, бо мавҷи зиёди табрику ифтихор дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуд.
Ба дунболи изҳороти сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия, як узви Палатаи ҷамъиятии он кишвар аз раҳбари иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хостааст, ки ба табдили номи кӯчаҳои бозмонда аз Шӯравӣ дар Душанбе мавқеашро равшан кунад.
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, эҳсоси тарс монеи пайдо шудани ҳизбҳои мухолиф дар Тоҷикистон шуда, ҳизбҳои оппозитсионие, ки дар гузашта фаъол буданд, акнун дар рӯи коғаз боқӣ мондаанд.
Аввалин мусофироне, ки рӯзи 24 август тавассути роҳи оҳани нави Кӯлоб-Қӯрғонтеппа-Душанбе саёҳат мекунанд, 200 донишҷӯ аз шаҳри Кӯлоб хоҳанд буд.
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, аз хабарнигорон даъват кард, ки меъёри забони давлатиро риоя кунанд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин ҷарима аз 600 то 1600 сомонӣ аст.
Вазирони умури хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷон Керрӣ мушкилу чолишҳои минтақаиро дар Вошингтон баҳсу баррасӣ мекунанд.
Вазири молияи Тоҷикистон аз ошкор шудани 500 миллион сомонӣ "маблағи ғайримақсаднок" дар шаш моҳи аввали соли равон хабар дод.
Аз замони барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Амрико 25 сол сипарӣ шуд. Ин сана ба рӯзҳои таҷлил аз ҷашни истиқлоли Амрико рост омад.
Аммо дар конфронси Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Душанбе раҳбари ҳизб Шодӣ Шабдолов иштирок надоштааст.
Гулрухсори Сафӣ (Сафиева), шоири саршиноси тоҷик, Рӯзи Ваҳдати миллиро ба сабаби беморӣ дар хона ва бо таҳияи китоби орзуҳояш – "Рубоӣ ва дубайтӣ" сипарӣ мекунад. Аммо ҳозир шуд, ба чанд саволи Озодӣ посух гӯяд.
Шӯрои Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон қазияи занонзанӣ дар қабристони Хованскоеро баррасӣ кардааст, ки дар он 3 муҳоҷири тоҷик кушта шуданд.
Шон Стайл дар сафари ахираш ба Душанбе бо мақомоти вазорати корҳои хориҷӣ мулоқот кард. Ӯ мегӯяд, ки Канада хостори сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон аст.
Шерхон Салимзода, раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир гуфт, хатари қочоқи маводи мухаддир ва терроризм дар як сатҳ аст ва мубориза бо ин падидаҳо, иқдоми муштаракро тақозо мекунад.
Элизабет Инга Миллард, сафири нави Амрико дар Душанбе, аз талошҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ҳимоят кард ва аммо гуфт, ки “бояд терроризм аз мухолифатҳои сиёсӣ ҷудо бошад”.
Ёфтҳои бештар