Раиси Академияи илмҳои Тоҷикистоен мегӯяд, таҳқиқи олимони тоҷик собит кардааст, ки моҳи Рамазони имсола 29 рӯз аст.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, муддати 8 рӯзи ахир дар пайи оббозӣ ва ғарқшавӣ дар кӯлу рудхонаҳои кишвар 24 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Дар Душанбе мулоқоти сафири ИМА Сюзан Эллиотт ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода баргузор шуд.
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон аз расидани гармои “арабӣ” ба қаламрави кишвар хабар медиҳад. Ин гармиҳо аз 12 то 15 июл идома хоҳад кард.
Як намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар масҷиди марказии Душанбе аз намозгузорон хост, ки то лаҳзаи дуову фотиҳа дар ҷои худ бинишинанд, вагарна нисбат ба онҳо чора дида хоҳад шуд.
Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои минтақа бо ҳазинаи беш аз 1 миллиард евро, ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои минтақаро дар авлавият қарор додааст.
Марзбонҳои тоҷик мегӯянд, солҳо боз бо пулиси сарҳадбони Афғонистон ҳамкорӣ доранд, аммо дар бораи тавофуқи Душанбеву Кобул дар мавриди мубориза бо "Давлати исломӣ" чизе намедонанд.
Масъулони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ҳайати Ассамблеяи парлумонии НАТО (Паймони Атлантики Шимолӣ) бо сафари серӯза ба Тоҷикистон омада, ҳамкориҳоро матраҳ хоҳанд кард.
Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, дар минтақаҳои Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳудуди 1500 нафар мусаллаҳ аз гурӯҳҳои тундрав ҷамъ омадаанд.
Ҳафтаи гузашта дар муносибатҳои байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон пешрафти назаррасе ба вуқӯъ пайваст. Ду тараф вазъи равобити байниҳамиро баррасӣ ва дурнамои онро мушаххас карданд.
Нахустин сафари расмии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба унвони раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон ба Тоҷикистон дар ҳошияи “Ҳамоиши байналмилалии об барои ҳаёт” дар шаҳри Душанбе, сурат гирифт.
Дар шаҳри Душанбе тайи маросиме аз 239-умин солгарди истиқлолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҷлил шуд.
Вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ тасмим гирифтанд, сомонаҳоеро, ки гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро барои ҷалби шаҳрвандон аз он истифода мекунанд, қатъ кунанд.
Хадамоти зилзиласанҷии Амрико хабар додааст, ки субҳи рӯзи сешанбе дар Тоҷикистон заминларзае ба тавонои 4,8 дараҷаи Риштер рух додааст.
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Саидҷаъфар Исмонов бори севум узви Шӯрои ҷамъиятӣ шуд. Ин масъала субҳи 26 май дар нишасти навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ баррасӣ гардид.
Сардори раёсати ҳамкориҳои байнулмилалии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки қазоват кардан дар бораи гӯё ба Сурия рафтани Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН, пеш аз вақт аст.
Президенти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мегӯяд, Ҳафиз Холиқзода аз раҳбарии Маркази оянданигарӣ бо хоҳиши худ ба истеъфо рафтааст ва ин ҷо "асроре" нест.
Тарҳи роҳҳои ду ва сетабақа дар шаҳри Душанбе, ки як донишҷӯи дирӯза омода кардааст, таваҷҷӯҳи мақомоти олии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушдро ба худ ҷалб кард.
Душанбе то ду ҳафтаи дигар мизбони чаҳор нишасти муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ дар заминаи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир хоҳад буд.
Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи нави Стратегияи миллии рушди кишвар барои то соли 2030-ро таҳия карданист, ки ҳадаф аз он, рушди бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар дар 15 соли оянда аст.
Ёфтҳои бештар