Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Қирғизистон дар бораи боздошти муҳоҷирон аз Русия шарҳ хостааст

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 14-уми апрел сафири Русия дар Бишкек Сергей Вакуновро фаро хонда, дар робита ба боздошти бераҳмонаи муҳоҷирон ёддошт ё худ нота тақдим кардааст.

Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, Алмос Имонғозиев, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, бо дипломати рус қазияи боздошти дастҷамъии муҳоҷирони қирғизистонӣ дар як ҳаммоми Маскавро баррасӣ намуда, шарҳи онро талаб кардааст.

Ҳодиса 10-уми апрел ба вуқӯъ пайваста, дар он ниҳодҳои қудратии Русия бидуни кадом зарурате бо истифода аз зӯр муҳоҷиронро боздошту тафтиш карданд.

Вазорат тақозо кардааст, ки ҳуқуқи шаҳвандони Қирғизистон дар Русия ҳифз гардад, то коршарикии стратегии ду кишвар аз ин гуна ҳодиса халалдор нашавад.

"Ваҳшатбор". Марги даҳҳо кас дар ҳамлаи мушакии Русия ба як шаҳри Украина

Раҳбарони Украина, Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаи мушакии Русияро ба шаҳри Сумии Украина маҳкум карданд.

Дар ин ҳодиса дар рӯзи 13-уми апрел 34 кас, аз ҷумла ду кӯдак кушта шуд. Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина хабар дод, ки 117 нафари дигар бо шумули 15 кӯдак захмӣ гаштанд.

Урсула фон дер Лейен, раиси Кумисюни Аврупо, ҳамлаи Русияро ба шаҳри Сумии Украина “поймоли дағалонаи қонунҳои байнулмилалӣ” номид ва хоҳони “чораҳои қатъӣ барои риояи созиши оташбас” шуд.

Сухангӯйи Антонио Гутерриш гуфт, ки дабири кулли Созмони Милал аз ҳамлаи Русия “амиқан нигарон шудааст”. Вай афзуд, ин “намунаи вайронгари ҳамлаҳои монанд ба шаҳру ноҳияҳои Украина аст, ки дар ҳафтаҳои охир идома дорад.”

Доналд Трамп, президенти Амрико, гуфт, ҳамлаи Русия ба Суми “як чизи даҳшатнок” буд. “Ба ман гуфтанд, ки онҳо хато кардаанд. Ман фикр мекунам, ин як чизи даҳшатнок аст. Ба ин назарам, ки ҷанг дар кул як чизи даҳшатнок аст,” – гуфт ӯ, аммо дақиқ шарҳ надод, ки манзураш аз “хато кардаанд” чӣ буд.

Маскав аз оғози ҷанги васеъмиқёс иддаоро дар мавриди ҳамлаи барқасдона ба ҷои кору зисти сокинон дар Украина рад кардааст. Агарчӣ борҳо ҳамлаи Маскав ба бемористону мактаб, зерсохти энержӣ ва биноҳои истиқоматӣ сабт шудааст.

Котиби давлатии Амрико Марко Рубио ҳодисаи рӯзи якшанберо “ҳамлаи даҳшатбори мушакии Русия” хонд. Фиристодаи вижаи Трамп дар умури Украина Кит Келлогг гуфт, “ҳамлаи нерӯҳои Русия ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар Сумӣ ҳама гуна хати одобро гузашт.”

Фридрих Мертс, садри аъзами нави Олмон, раисҷумҳури Русия Владимир Путинро ба содир кардани “ҷинояти ҷангии барқасдона ва ҳисобшуда” гунаҳкор кард. “Ин посухи Путин ба онҳоест, ки бо ӯ дар бораи оташбас гап мезананд,” -- гуфт Мертс.

Сарони Бритониё, Фаронса ва Итолиё низ ҳамларо маҳкум карданд.

Вазири корҳои дохилии Украина Иҳор Клименко гуфт, пулис дастрасиро ба ҷойи ҳамла маҳдуд кардааст, то маъмурони наҷот ба кори худ идома диҳанд. Вай афзуд, барои ҳамоҳангсозии амалиёти имдод ва расондани ёрӣ ба осебдидагон як марказ таъсис шудааст. Дар ҷойи ҳодиса равоншиносони хадамоти фавқулода ва пулис низ кор мекунанд.

Алёна Ятсина, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, аз ҷойи ҳодиса гуфт, “ҳамла дар ҷойи бисёр серодам – дар маркази шаҳр ва дар замоне рух додааст, ки бисёре аз украиниҳо дар остонаи иди муқаддас ба калисо мерафтанд.”

Кирило Буданов, раиси Идораи истихбороти низомии Украина, ин ҳамларо “ҷинояти дигари ҷангии Русия” номида, дар Телеграм навишт, ки Русия ду мушаки дурпарвози Искандар-М/КН-23-ро аз вилоятҳои Воронеж ва Курск ба Сумӣ сар додааст. “Вазифаи якҷояи мост, ки ҳеч ҷинояткори низомӣ беҷазо намонад,” – гуфт ӯ.

Андрей Ермак, раиси дастгоҳи президенти Украина Владимир Зеленский иддао кард, ки Русия дар мушакҳо бомбаҳои кассетӣ гузоштааст. Ба гузориши хабаргузории “Рейтерс”, ӯ гуфтааст, “русҳо ин корро мекунанд, то мардуми бештареро бикушанд.”

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт: “Танҳо нокасон чунин рафтор карда метавонанд. Ҷони инсонҳоро мегиранд. Ба наздикони қурбониён ҳамдардӣ мекунам.”

Созмони Милали Муттаҳид дар охири моҳи март гузориш дод, ки аз оғози соли 2025 дар даргириҳо дар Украина камаш 413 ғайринизомӣ кушта шуданд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар се моҳи аввали имсол дар Украина бар асари ҳамлаҳои Русия беш аз 2000 нафар захмӣ гаштанд. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024-ум 30 дарсад бештар будааст.

Сабти як заминларзаи дигар дар ҳудуди Тоҷикистон

Пайомади зилзила дар минтақаи Рашт. 13-уми апрели 2025
Пайомади зилзила дар минтақаи Рашт. 13-уми апрели 2025

Як заминларзаи дигар субҳи 14-уми апрел баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистонро такон дод.

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳо гуфт, маркази заминларза 18-километрии шарқи ноҳияи Рашт (156-километрии шимолу шарқи Душанбе) будааст.

Тибқи итилои манбаъ, қувваи заминларза дар марказаш 3-4 дараҷа ва дар минтақаи Рашт 3 дараҷаро ташкил дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, "дар натиҷаи ин заминларза талафот сабт нашудааст".

Дар заминларзаи як рӯз пеш (13-уми апрел) як кӯдаки сесола ҷон бохта, садҳо хона осеб дидаанд.


Исломобод аз Эрон хост, омилони қатли 8 покистониро боздошт кунад

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон

Дафтари Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, рӯзи 13-уми апрел кушта шудани ҳашт коргари покистонӣ дар Эронро маҳкум кард ва аз Теҳрон хост, омилони ин ҳодисаро боздошт кунад ва ҷазо диҳад.

Тибқи маълумоте, ки Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ нашр кард, шахсони мусаллаҳ рӯзи 13-уми апрел вориди як корхона дар шаҳри Маҳристон дар вилояти Сиистон ва Балучистон шуданд ва дасту пои коргарони покистониро, ки хоб буданд, бастанд ва сипас онҳоро тирборон карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон ин ҳамларо "террористӣ" хонд ва эълон кард, ки Теҳрон аз "ҳеч иқдоме барои шиносоии омилон ва пуштибонҳои ин ҷиноят ва иҷрои адолат дар мавриди онҳо, кӯтоҳӣ нахоҳад кард".

Ба иттилои Радиои Фардо, гурӯҳи "Артиши озодибахши Балучистон", ки як гурӯҳи ҷудоиталаби покистонӣ аст, ва ҳамчунин "Ҷайш ал-Адл" масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтаанд.

"Артиши озодибахши Балучистон" аз сӯи Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва ҳукумати Покистон ҳамчун гурӯҳи террористӣ шинохта шудааст.

навшуда

Дар ҳамлаи Русия ба Сумии Украина зиёда аз 30 нафар кас кушта шуд

Оқибати ҳамлаи Русия ба шаҳри Суми. 13-уми апрели соли 2025
Оқибати ҳамлаи Русия ба шаҳри Суми. 13-уми апрели соли 2025

Дар ҳамлаи нерӯҳои Русия ба шаҳри Сумии Украина рӯзи 13-уми апрел дастикам 34 кас, аз ҷумла ду кӯдак кушта шудаанд.

Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина иттилоъ дод, ки дар ин ҳамла 117 кас, аз ҷумла 15 кӯдак захмӣ гаштанд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар изҳороте гуфт, мушакҳои русӣ ба бинои истиқоматӣ ва мактабу таваққуфгоҳи мошинҳо бархӯрдааст.

Баъзе аз расонаҳои украинӣ навиштанд, ки мушаки русӣ рӯзи 13-уми апрел ба як троллейбус дар маркази шаҳри Суми зад.

Дар наворҳое, ки телеграм-каналҳои украинӣ аз ҷойи ҳодиса пахш кардаанд, дида мешавад, ки дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Суми сӯхтори калон сар задааст.

Раисҷумҳури Украина дар бораи ин ҳамла гуфтааст, “танҳо нокасон чунин рафтор карда метавонанд. Ҷони инсонҳоро мегиранд. Ба наздикони қурбониён ҳамдардӣ мекунам. Феълан амалиёти наҷот идома дорад, ҳамаи ниҳодҳои дахлдор кор мекунанд. Вокуниши ҷиддии ҷаҳонӣ лозим аст. Иёлоти Муттаҳида, Аврупо, ҳама дар ҷаҳон, касе мехоҳад, ки ин ҷангу куштор хотима ёбад."

Рейтерс: 200 шаҳрванди Чин шомили артиши Русия шудаанд

Афсарони Чин бо пуштибонии Пекин шеваи ҷанги неруҳои Русияро дар минтақаи алоҳида меомӯзанд. Дар ин бора хабаргузории “Рейтерс” бо такя ба ду мақомдори амрикоӣ ва собиқ корманди истихбороти яке аз кишварҳои ғарбӣ гузориш додааст.

Ба қавли манбаъ, ҳудуди 200 шаҳрванди Чин ба артиши Русия шомил шудаанд. Онҳо зархарид буданд ва бевосита бо Чин дар тамос будаанд.

Мақомдорони амрикоӣ ба “Рейтерс” гуфтаанд, омода набудани артиши Чин ба амалиёти низомии Русия таъсир намерасонад.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина рӯзи 8-уми апрел гуфт, ду шаҳрванди Чинро, ки аз тарафи Русия дар минтақаи Донетск меҷангиданд, ба асорат гирифтанд. Ӯ аз ҳампаймонҳои Киев хост, ба ин масъала вокуниш нишон диҳанд ва аз Пекин шарҳ бихоҳанд.

Мақомдорони Чин эълон карданд, ки низомиёни худро ба Украина нафиристодаанд.

Трамп гуфт, музокирот бо Эрон хуб пеш меравад

Доналд Трамп соате пас аз поёни музокироти Эрон ва Амрико дар бораи барномаи ҳастаии Теҳрон гуфт, "фикр мекунам, ки гуфтугӯҳо хуб пеш мераванд."

Раиси ҷумҳури Амрико 13-уми апрел бидуни овардани ҷузъиёти мушаххас ба хабарнигорон гуфт, “то замоне, ки кор ба анҷом нарасидаааст, ҳеч чиз муҳим нест. Бинобар ин дӯст надорам дар борааш суҳбат кунам. Аммо хуб пеш меравад.”

Музокироти Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико ва Аббос Ароқчӣ, вазири хориҷи Эрон рӯзи шанбеи 12-уми апрел дар пойтахти Уммон баргузор шуд. Мақомҳои ду кишвар онро мусбат ва созанда тавсиф карданд. Ду тараф ҳамчунин гуфтаанд ки даври баъдии ин музокирот шанбеи оянда баргузор хоҳад шуд.

Ин нахустин музокироти мақомҳои эронӣ ва амрикоӣ дар маъмурияти дуввуми Доналд Трамп аст.

Заминҷунбӣ ба Тоҷикистон талафоти ҷонӣ ва молӣ овард

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аввалин маълумот дар бораи заминларзаи субҳи 13-уми апрелро расонаӣ кард. Аз Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии КҲФ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, маркази заминларза дар 21-километрии ноҳияи Рашт ва дар ҳудуди Тоҷикистон буд.

Ба гуфтаи манбаъ, қувваи заминларза дар марказ 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 дараҷаро ташкил дод.

Намояндагони Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ гуфтанд, зарари расида аз ин ҳодисаро ҳисоб доранд.

"Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҳудуди ноҳияи Рашт се хона зарар дидааст. Ин маълумоти пешакӣ аст. Гуруҳи зудамали минтақаи Рашт ба ҷойи ҳодиса мераванд. Муовини якуми раиси кумита ҳам ба он ҷо раҳсипор шуданд,"-гуфтанд аз Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ.

Бино бар хабари ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод дар ин ҷо се нафар, аз ҷумла як кӯдак осеб дидаанд.

Заминларза соати 9-24-и рӯзи 13-уми апрел рух дода, шаҳри Душанбе, минтақаи Рашт ва вилояти Суғдро такон дод.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст.

Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.

навшуда

Заминларза Тоҷикистонро такон дод

Рӯзи 13-уми апрел заминларзае чанд минтақаи Тоҷикистон, азҷумла шаҳри Душанбе, минтақаи Рашт ва вилояти Суғдро такон дод. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар пойтахт, заминларза соати 9:24 сар шуда, тақрибан се дақиқа идома кард. Чанд сокини минтақаи Рашт ва шаҳри Хуҷанд ҳам дар Фейсбук навиштаанд, ҷунбидани заминро ҳис кардаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки қувваи заминҷунбӣ чанд дараҷа буд ва маркази он куҷост.

Баъзе марказҳое, ки ҷунбидани заминро дар гӯшаву канори ҷаҳон мустақим пайгирӣ мекунанд, навиштаанд, ки заминларзаи субҳи 13-уми апрел ба ҷуз Тоҷикистон дар Қирғизистон ва Узбекистон ҳам рух додааст. Ба навиштаи ин сомонаҳо, маркази заминларза шаҳри Қуқанди Узбекистон буд ва қувваи ҷунбидани замин дар марказ 4,6 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил медод.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст.

Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.

Ҳавопаймои F-16 дар Украина суқут кард

Ҳавопаймои F-16.
Ҳавопаймои F-16.

Неруҳои ҳавоии Украина хабар дод, ки ҳавопаймои F-16-и ин кишвар суқут кардааст. Ҳодиса 12-уми апрел рух дода, халабон Павел Иванов ҷон бохтааст.

"Як комиссия ҳама паҳлуҳои фоҷиаро меомӯзад,"-омадааст дар хабари неруҳои ҳавоии Украина.

Бахши украинии Би-би-си шоми 12-уми апрел бо такя ба манобеаш хабар дод, ки ҳавопаймои F-16 ба эҳтимоли зиёд бо мушаки русӣ сарнагун шудааст.

Президент Владимир Зеленский ба пайвандони халабони ҳалокшуда ҳамдардӣ карда гуфтааст, чигуна рух додани ҳодиса бояд аниқ шавад. Бо фармони Зеленский, ба халабон Павел Иванов баъди маргаш унвони қаҳрамони Украина доданд.

Ин дуюмин бор аст, ки ҳавопаймои F-16 дар Украина сарнагун мешавад. Пеш аз ин моҳи августи соли 2024 бори аввал F-16 суқут карда, халабон Алексей Мес ҳалок шуда буд. Он вақт артиши Украина хабар дода буд, ки ҳавопаймо дар пайи партоби мушаки русӣ сарнагун шудааст.

Украина тобистони соли гузашта аз кишварҳои ғарбӣ чанд адад ҳавопаймои F-16 дарёфт карда буд. Теъдоди ин намуд ҳавопаймоҳо махфӣ аст, аммо шумораи онҳо аз 10 то 20 адад тахмин зада мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико дар Умон оғоз шуд

Аббос Ароқчӣ (аз рост) ва Стив Виткофф (аз чап).
Аббос Ароқчӣ (аз рост) ва Стив Виткофф (аз чап).

Гуфтугӯҳои Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон ва Стив Виткофф, фиристодаи вижаи раиҷумҳури Амрико дар умури Ховари Миёна, дар Масқат, -- пойтахти Умон, оғоз шуд.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон баъд аз зуҳри 12 апрел, бо ин эълони ин хабар дар сафҳаи худ дар шабакаи Х, навишт, "ин гуфтугӯ дар маҳалли пешбинишуда тавасути мизбони умонӣ бо ҷойгир шудани намояндагони Ҷумҳурии исломӣ ва Амрико дар толорҳои аз ҳам ҷудо, анҷом мешавад ва ду тараф дидгоҳҳо ва мавзеи худро аз тариқи вазири корҳои хориҷии Умон, ба якдигар мерасонанд".

Ба навиштаи расонаҳои Эрон, дар гуфтугӯҳои имрӯз бо Амрико, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ, Маҷид Тахтравончӣ, муовини сиёсӣ, Козим Ғарибободӣ, муовини байналмилалӣ ва ҳуқуқии вазорати корҳои хориҷӣ ва музокиракунандагони баландояи бахши бартараф кардани таҳримҳо ва коршиносони масоили ҳастаӣ, ҳамроҳи Аббос Ароқчӣ ҳастанд.

Қабл аз оғози ин гуфтугӯҳо, хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як "мақоми эронӣ", ки номаш фош нашудааст, навишт, ки Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, ба Аббос Ароқчӣ барои музокирот бо тарафи амрикоӣ, "салоҳияти пурра" додааст.

Ин манбаъ ба "Рейтерз" гуфтааст, "муддати музокирот, ки танҳо дар бораи мавзуи ҳастаӣ аст, бастагӣ ба ҷиддият ва ҳусни нияти тарафи амрикоӣ дорад".

Эрон ҳар гуна музокира дар бораи барномаи мушакӣ ва тавоноиҳои дифоии худро рад кардааст.

Вазири корҳои хориҷии Эрон субҳи 12 апрел пас аз ворид шудан ба Умон дар сӯҳбат бо ҳамтои умонии худ дар мавриди гуфтугӯи ҳастаии Эрон ва Амрико гуфт, ки "нияти мо расидан ба созиши шарафмандона аз мавзеи баробар аст".

Ӯ бо андохтани тӯб ба замини Амрико, афзуд, "агар тарафи муқобил аз мавзеи баробар ворид шуда бошад, имконе барои як созиши ибтидоӣ, вуҷуд хоҳад дошт".

Қаблан Алӣ Шамхонӣ, мушовири сиёсии Алии Хоманаӣ дар шабакаи Х навишта буд, ки Вазири корҳои хориҷии Эрон бо "ихтиёроти комил" роҳии Умон шудааст.

Ба иддаои ӯ, "Теҳрон ба дур аз намоиш ва суханбозӣ дар баробари дурбинҳо, ба дунболи созиши воқеӣ ва одилона аст".

Ин нахустин музокироти мақомҳои эронӣ ва амрикоӣ дар маъмурияти дувуми Доналд Трамп аст.

Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар соли 2015 ба созиши ҳастаӣ бо номи Барномаи Ҷомеи Иқдоми Муштарак ё БАРҶОМ, даст ёфтанд ва Трамп, ки аз мухолифони ин созишнома буд, дар соли 2018 хуруҷи Амрико аз ин созишномаро эълом кард.

Эрон талош барои даст ёфтан ба силоҳи ҳастаиро рад мекунад, аммо пас аз хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, аз ӯҳдадориҳои худ дар чорчӯби ин созиш канор рафт ва мизони ғанисозии уранюмро ба вижа дар як соли гузашта, ба шиддат афзоиш додааст.

Стив Виткофф, намояндаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар умури Ховари Миёна қаблан гуфта буд, ки Доналд Трамп дар талош аст, то бо "эътимодсозӣ", аз даргирии низомӣ бо Эрон пешгирӣ кунад ва Теҳрон ҳам аз тариқи "миёнаравҳо" дар ҳоли тамос бо Амрико аст.

КҲФ мегӯяд, аз боронгариҳои ахир хонаҳо, роҳҳо ва киштзорҳо осеб диданд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асари боронгариҳои сахти рӯзҳои гузашта ва омадани селҳо, даҳҳо хона дар минтақаҳои гуногуни кишвар осеб дида, ба роҳҳо ва киштзорҳо осеб расидааст.

Тоҷикистон рӯзҳои 5-10 апрел шоҳиди боронгариҳои сахт буд ва КҲФ аз сокинон хоста буд, ки дар ин рӯзҳо аз эҳтиёт кор бигиранд.

Ба иттилои КҲФ, аз боронгариҳои рӯзҳои гузашта, аз ҷумла, сокинони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Сангвор, Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Ҳисор зарар диданд. Ба иттилои ин ниҳод аз ҷумла, сел дар ноҳияи Рӯдакӣ даҳҳо таҳхонаи сокинонро аз лой пур кард.

КҲФ мегӯяд, рӯзи 10 апрел бар асари боронҳои сахт ва омадани сел, роҳи мошингарди Лабиҷар то маркази ноҳияи Сангвор барои чанд муддат баста монд.

Дар ҳамин рӯз, дар пайи боронҳои шадид сел 13 хоҷагии деҳқонии деҳаи Кӯҳдоманро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз лою об пур кардааст. Ҳамчунин даҳҳо гектар замини пахта дар қаламрави ин ноҳия зарар дидааст.

Ҳаҷми умумии зарари расида аз боронгариҳои ахир то кунун маълум нест. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияҳои ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонси ҳавошиносии Тоҷикистон аз эҳтимоли боришоти сахт дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва эҳтимоли фаромадани тарма дар рӯзҳои 12-14 апрел, хабар додааст. Ин ниҳод гуфтааст, ба ғайр аз манотиқи шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар ноҳияҳои кӯҳии кишвар эҳтимоли омадани сел вуҷуд дорад.

Вокунишҳо ба эъдоми 4 тан аз сӯи Толибон дар Афғонистон

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Пас аз эъдоми чаҳор тан дар маҳзари ом дар вилоятҳои Бодғис, Нимрӯз ва Фароҳи Афғонистон, шуморе аз созмонҳои байналмилалӣ бо нашри эъломияҳо, ин иқдоми ҳукумати Толибонро танқид карданд.

Дафтари ҳуқуқи башари СММ бо ибрози нигаронӣ дар ин маврид рӯзи 11 апрел дар шабакаи Х навишт, ин гуна ҷазо додан бо каромати инсонӣ ва ҳаққи зиндагӣ, носозгор аст ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки таъсири чандоне барои пешгирӣ аз ҷурму ҷиноят надорад. Ин ниҳод дар идома аз ҳукумати Толибон хостааст, ки истифода аз ин гуна ҷазо доданро бас кунад ва дар ниҳоят онро бекор намояд.

Ҳамзамон бо ин, Ричард Беннет, гуориши вижаи СММ барои ҳуқуқи башари Афғонистон низ бо маҳкум кардани эъдоми чаҳор тан дар маҳзари ом дар Афғонистон, рӯзи ҷумъа дар сафҳаи худ дар Х навишт, "ки ин эъдомҳо ва ҳамчунин муҷозоти баданӣ, ки аз сӯи Толибон дар маҳзари ом анҷом мешавад, нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ аст ва бояд фавран поён ёбад".

Дар ҳамин ҳол, Дафтари намояндагии СММ дар Афғонистон ва бахши Осиёи Ҷанубии Созмони афви байналмилал низ бо нашри эъломияҳои алоҳида дар шабакаи Х, хостори қатъи фаврии ин муҷозот шудаанд.

Толибон рӯзи 11 апрел чор нафарро дар вилоятҳои Бодғис, Нимрӯз ва Фароҳ дар маҳзари ом эъдом карданд.

Ин бештарин шумораи эъдомҳо дар як рӯз аз замони ҳокимияти дубораи Толибон бар Афғонистон то кунун будааст.

Толибон пас аз дубора ба қудрат расидан дар моҳи августи соли 2021, муҷозот дар маҳзари ом, аз ҷумла, эъдом ва дигар муҷозоти баданиро дар ин кишвар дигарбора оғоз карданд. Онҳо то кунун 10 нафарро дар маҳзари ом эъдом кардаанд.

Созмонҳои пуштибони ҳуқуқи башар ҳамвора ин эъдомҳоро поймол кардани қонунҳои байналмилалӣ, хондаанд.

Ҳарчанд идораҳои маҳаллӣ ва додгоҳҳои Толибон ҳамеша таъкид доштаанд, ки ба гуфтаашон, ҳукми қасосро пас аз таҳқиқоти шаффоф ва таъмини адолат иҷро кардаанд, вале СММ ва ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи башари байналмилалӣ ҳамвора дар ин бора ибрози шак карда, борҳо ҳукумати Толибонро ба надоштани низоми додгоҳии дуруст, муттаҳам кардаанд.

Онҳо борҳо аз Толибон хостаанд, ки пеши ин гуна муҷозотро бигиранд.

Дар ҳамлаи Исроил ба Ғазза 10 узви як хонавода кушта шуданд

Ғазза. Акс аз бойгонӣ.
Ғазза. Акс аз бойгонӣ.

Ба навиштаи " The time of Israel", дар пайи ҳамлаи ҳавоии артиши Исроил ба хонае дар минтақаи Хон Юнус дар ҷануби Ғазза, як хонаводаи 10-нафар, аз ҷумла 7 кӯдак, ҷон бохтаанд.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки дар ҳафтаҳои ахир, дар ҳамлаҳои Исроил даҳҳо зан ва кӯдак кушта шудаанд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар низ нисбат ба кӯчи иҷбории фаластиниҳо ба минтақаҳои дигар ва вазъияти бӯҳрони инсонӣ дар Ғазза, ҳушдор додаанд.

Исроил дар 18 март ҳамлаҳои худ ба Ғаззаро дигарбора оғоз кард ва ба оташбаси думоҳа поён дод.

Аз он замон то кунун, беш аз 1500 нафар кушта шудаанд. Ҳамзамон, Исроил ворид шудани кӯмакҳо ба Ғаззаро манъ кардааст.

Талаби 8 созмон аз ҳукумати Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ

Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон. 27-уми марти 2025
Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон. 27-уми марти 2025

Ҳашт созмони бонуфузи ҷаҳонӣ аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ хостаанд, ки ба ҳуқуқи башар таваҷҷуҳи ҷиддӣ карда, ваъдаҳои додаашонро дар нишаст бо сарони Иттиҳоди Аврупо иҷро кунанд.

Изҳороти муштараки

  • Civil Rights Defenders,
  • International Partnership for Human Rights,
  • Araminta,
  • Freedom Now,
  • Norwegian Helsinki Committee,
  • People in Need,
  • International Federation for Human Rights ва
  • World Organisation Against Torture

рӯзи 10-уми апрел нашр шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқ гӯшзад кардаанд, ки дар доираи нишасти Самарқанд эъломияе қабул шуд, ки дар он аз ҷумла ба пойбанд будан ба озодии баён, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил, дифоъ аз ҳомиёни ҳуқуқ ва риояи ҳуқуқи занону кӯдакон таъкид шудааст.

Муаллифони муроҷиатнома мегӯянд, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бояд ба суистифода аз қонунҳои зидди ифротгароӣ, ки дар кишварҳои минтақа бештар барои таъқибу озору азияти фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳову мухолифон истифода мебаранд, поён дода шавад.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро барои боздошту бозпурсии беасоси хабарнигорон ва наздикони мухолифону ҷомеаи шаҳрвандӣ танқид кардаанд.

Дар изҳороти охири 8 созмон ҳам аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон талаб шудааст, ки барои раҳоии хабарнигорон – Рухшона Ҳакимова, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Аҳмади Иброҳим, Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Хуршеди Фозил, Хушом Ғулом ва Завқибек Саидаминӣ фавран чора андешад.

“Ҳомиёни ҳуқуқ ва вакилони дифоъ, Улфатхоним Мамадшоева, Бузургмеҳр Ёров, Манучеҳр Холиқзода ва Фаромуз Иргашов низ бояд ба зудтарин фурсат раҳо карда шаванд,” – омадааст дар муроҷиатнома.

Ҳамзамон таъкид шудааст, ки “бо зиндонӣ кардани ин афрод давлати Тоҷикистон миёни намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ як фазои тарснокеро ба вуҷуд овардааст. Ҳукуматро зарур аст вазъро тағйир диҳад.”

Дар изҳороти муштараки созмонҳо ҳамчунин гуфта шудааст, ки чанд шахсе, ки соли 2024 маҷбурӣ аз хориҷа ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, боздошту зиндонӣ ва шиканҷа шудаанд.

Мавқеъ ва вокуниши ҳукумати Тоҷикистон ба ин изҳорот ва талаби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ маълум нест.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG