Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳмина Ниёзова Тоҷикистонро дар озмуни мусиқии "Славянский базар" муаррифӣ мекунад


Дар шаҳри Витебски Беларус даври 20-уми озмуни мусиқии “Славянский базар” шурӯъ шуд, ки дар он имсол наздики 20 овозхони ҷавони мусиқии поп аз қаламрави шӯравии собиқ ва давлатҳои хориҷӣ иштирок мекунанд. Тоҷикистон низ имсол дар симои Таҳмина Ниёзова, барандаи озмуни “Ситораҳои асри нав” дар озмун ширкат хоҳад кард. Барномаи ин ҷашнвораи ҳунарӣ аз ду бахш иборат буда, довталабон бояд ҳунари худро дар иҷрои оҳангҳои миллии худ ба забонҳои модариашон ва ҳамчунин ва дар даври баъдӣ ба забони русӣ намоиш диҳанд. Овозхонии ҳунармандон ба таври зинда сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG