Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 соли зиндон ба марзбоне, ки ба Афғонистон фирор карда буд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи низомии Тоҷикистон як сокини шаҳри Исфараро, ки соли гузашта ҳангоми хидмат дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба тарафи Афғонистон фирор карда буд, 17 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Додгоҳии низомии Тоҷикистон марзбони тоҷикеро, ки ба Афғонистон фирор карда буд, ба 17 соли зиндон маҳкум кард. Як масъули додситонии низомии гарнизони шаҳри Кӯлоб рӯзи душанбеи 22 феврал бо тасдиқи ин хабар ба Озодӣ гуфт, ки “баррасии парвандаи ин сарбоз дар додгоҳи низомии Тоҷикистон ва пушти дарҳои баста сурат гирифт ва ҳукм нисбат ба Фатҳулло Файзуллозода бо маҳрумият аз озодӣ ба муддати 17 сол дар ҳафтаи гузашта эълон шуд”.

Додситонии низомии гарнизони шаҳри Кӯлоб охири соли гузашта алайҳи сарбози қисми низомии "2133"-и нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон Фатҳулло Файзуллозода бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон парванда боз кард.

Ин сокини маҳаллаи Мулдони шаҳри Исфара, ки дар як қисми низомии нерӯҳои марзбонӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ хидмат мекард, баъди убури марз аз тарафи пулиси Афғонистон дар охирҳои моҳи ноябр боздошт ва ба мақомоти интизомии Тоҷикистон таслим карда шудааст.

Пештар ҳам як мақоми додгоҳи низомии пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мавриди ба Афғонистон убур кардани Фатҳулло Файзуллозода ва кӯшиши бо ҷанбиши тундрави Толибон пайвастани вай парванда боз карда шуда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, раиси маҳаллаи Мулдони ноҳияи Исфара, ки Давлатбой Содиров, рӯзи 30 декабр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки намояндагони мақомоти интизомӣ ба онҳо дар бораи боздошти Фатҳулло Файзуллозода тақрибан дар аввалҳои моҳи декабр хабар доданд. Ӯ афзуда буд: “Вақте ки ҷасади як сарбозро ба Исфара оварданд, намояндагони мақомоти интизомӣ гуфтанд, ки як сокини дигари Исфара аз маҳаллаи Мулдон ба Афғонистон гузаштааст. Вай дар вақти аз марз гузаштан ба афғонҳо гуфтааст, ки дар инҷо ӯро намозгузорӣ намемонанд, китоби динӣ хондан намемонанд ва барои ҳамин мехостааст ба назди Толибон равад.”

Додситонии низомии гарнизони Кӯлоб бар асоси баёнияи Фатҳулло Файзуллозода мегӯяд, сарбози боздоштшудаи қисми ҳарбии “2133” дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар моҳи майи соли равон барои идомаи хидмат аз қисми ҳарбии “2620” ба ноҳияи Ҳамадонӣ интиқол дода шуд, вале ӯ рӯзи 19 ноябри соли равон тахминан соати 1400 аз дидбонгоҳи рақами 1 ба воситаи дарёи Панҷ ба Афғонистон фирор мекунад.

Тавре мақомоти тафтишотӣ мегӯянд,вай бо машварати бародараш Сайфулло, ки феълан дар Афғонистон мебошад, ба он кишвар фирор карда, қасд доштааст ба гурӯҳи Толибон бипайвандад. Фатҳулло Файзуллозода, бино ба баёноте ки ба тафтишот додааст, гӯё ҳанӯз то фирораш ба Афғонистон узви созмони тундрави “Ансоруллоҳ” будааст.

Аммо вай баъди вуруд ба Афғонистон аз тарафи сарбозони мақомоти амниятии Афғонистон боздошт шуда, ба Тоҷикистон истирдод мешавад.

Ба гуфтаи манобеи Озодӣ дар Исфара, маҳаллаи Мулдон бо гароиши як қисми сокинонаш ба ақидаҳои ифротӣ маъруф аст ва дар соли 2009 низ дар ин маҳалла чанд ҷавон, ки машғули ташвиқи адабиёти мазҳабии ифротӣ будаанд,боздошт шуда буданд.

XS
SM
MD
LG