Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми президенти Тоҷикистон бо пирӯзии Станислав Бондаренко аз Украина ба анҷом расид.
Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, ки дар Варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат барпо гардид, 45 варзишгар аз 15 кишвар - Афғонистон, Беларус, Италия, Куба, Қазоқистон, Қирғизистон, Непал, Озарбойҷон, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Украина, Ҷопон ва Эрон - ширкат доштанд.
Мусобиқа дар вазни мутлақ, яъне беш аз 81 кило миёни варзишгарони синашон аз 18-сола боло сурат гирифт. Станислав Бондаренко, кидар қувваозмоии ниҳоӣ бар Гарсия Мендоза аз Куба пирӯз шуд, соҳиби Ҷоми президенти Тоҷикистон, медали тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 56 ҳазор сомонӣ гардид. Гарсия Мендоза барои ҷойи дувум бо медали нуқра ва 32 ҳазор сомонӣ сарфароз гашт.
Гуштигирон Муҳсин Кисомиддинов ва Абдулло Тангриев, ҳарду аз Узбакистон, ки ҷойҳои севумро азони худ карданд, ҳар кадом бо медалҳои биринҷӣ ва 16 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд. Вале паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқа, ки сар аз соли 2013-ум баргузор мешавад, барои аввалин бор бе медал монданд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми президенти Тоҷикистон бо ширкати 40 варзишгар аз 13 кишвар дар Майдони тенниси шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.
Дар қувваозмоии ниҳоӣ паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бар гуштигири Беларус Александр Ваховяк пирӯз шуда, соҳиби Ҷом, медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 7 ҳазор доллари амрикоӣ гардид. Ба Александр Ваховяк медали нуқра ва чор ҳазор доллар супурда шуд.
Фирдавс Насимов (Тоҷикистон) ва Энди Сантяго Алварес (Куба), ки ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ ва ду ҳазор долларӣ сарфароз гаштанд.