Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Реги Омӯ. 300 соли нахусти ислом дар Мовароуннаҳр. ВИДЕО


Бахши аввали силсилабарномаи таърихӣ зери унвони "Реги Омӯ" дар Радиои Озодӣ.

1500 сол пеш, муддате монда ба пайдоиши ислом ва сипас густариши он ба Ховари Миёна, Эрон ва Мовароуннаҳр, мардуме, ки миёни Омӯдарё ва Сирдарё мезистанд, давлате муташаккил ва воҳид надоштанд.

Аз Хоразм то Бухоро, аз Самарқанд то Чоч (Тошканд) ва Панҷакенту Балх, ҳар шаҳре барои худаш подшоҳе бумӣ ва дарборе кӯчак дошт ва ҳар подшоҳе дар шаҳрҳои кӯчактари давру бар шоҳзодаҳо ва ҳокимони тобеи худро соҳиб буд. Онҳо бо ҳамдигар робитаи наздик доштанд, аммо ҳамзамон рақиб ва гоҳ душмани якдигар низ буданд.

Аз шикасти Ҳахоманишиён то зуҳури лашкариёни араб дар Мовароуннаҳр чаҳор таҳаввули мушаххас сарнавишти баъдии ин сарзамин (ва Афғонистон ва ҳатто Покистони кунунӣ)-ро рақам задааст.

Забони аксари мардум суғдӣ, хоразмии бостон ва дигар забонҳо ва лаҳҷаҳои эронии шарқӣ буд, ки дар тарафи Балху Помир ва Афғонистони кунунӣ роиҷ буд. Бархе низ туркзабон буданд.

Тавзеҳ ин ки манзур аз "забонҳои эронии шарқӣ" форсии Эрони кунунӣ нест. Имрӯза форсӣ танҳо яке аз даҳҳо забон ва лаҳҷаи хонаводаи забонҳои эронӣ, аммо бузургтарини онон ва танҳо забони эронӣ аст, ки аз даврони бостон то кунун дар таҳаввуле таърихӣ давом пайдо кардааст. Забонҳои эронӣ ба чандин гурӯҳ ва зергурӯҳ тақсим мешаванд. Забонҳои таърихӣ ва кунунии "эронии шарқӣ" иборатанд аз портӣ, суғдӣ, хоразмӣ, помирӣ, пашту ва ишкошимӣ (Виндфур, 14).

Барномаи видеоиро дар инҷо бубинед:

Реги Омӯ. 300 соли нахусти ислом дар Мовароуннаҳр (Бахши аввал)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:29:40 0:00

Аксари мардуми Мовароуннаҳр на мусалмон, балки пайрави ойини Зардушт буданд. Бахше аз онон буддоӣ буд. Баъзеҳо ҳам масеҳии настурӣ, яҳудӣ ва ё пайрави ойинҳои Маздак ва Монӣ буданд.

Туркҳои Мовароуннаҳр аксар монанди ҳамқавмони худ дар даштҳои Авруосиё (Аврупо-Осиё) пайрави ойини шаман ва ё шаманбоварӣ (тенгрӣ) буданд. Бахши кӯчактаре аз онҳо пайрави боварҳои дигаре монанди ойини Буддо ва ғайра шуда буд.

Қарнҳо буд, ки дар муносиботи қабилаҳои саҳрогард бо эрониён ва чиниҳо тиҷорат, рафтуомад, издивоҷ, мубодилоти фарҳангӣ ва забонӣ, кӯчу муҳоҷират ва дастандозиҳо ва таҳоҷуми марзӣ чизи ҳудудан одӣ буд.

Ҳанӯз аз арабҳо ва ислом хабаре набуд. Ҳанӯз кӯч ва сукунати аслии қабилаҳои турк ба Мовароуннаҳр, Хуросон, Озарбойҷон ва мобақии Эрон ва Анатолия шурӯъ нашуда буд.

Аббос Ҷаводӣ
Аббос Ҷаводӣ

Замина

Ончи ки дар ин навишта дар бораи таърихи Мовароуннаҳр гуфта хоҳад шуд, асосан марбут ба 300 соли нахусти ислом ва аҳволи ин сарзамин ва мардуми он аст.

Аз ислом то кунун таҳаввулоти ҳатто бештаре дар ин сарзаминҳо, мардуми он, зиндагии иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ ва фарҳангии онон рух дода, то ҷое ки аз диди имрӯз, авзои ҳатто ҳамон давраи оғозини ислом низ барои аксарияти мо монанди афсона ва ё хобу хаёл аст.

Бешак лозим нест ҳама муаррих ва таърихнавис ва ё забоншинос бошанд. Аммо табиист, ки наметавон бидуни донише пояӣ ва ҳадди ақал аз гузашта, вазъи имрӯзро ба дурустӣ дарк кард.

Сарзамин

"Мовароуннаҳр" номест арабӣ, ба маънои "он сӯи рӯдхона". Номи форсии Мовароуннаҳр "Фарорӯд" аст. Ба забонҳои аврупоӣ ва таҳти таъсири лотин ва юнонӣ ба ин сарзамин "Трансуксияна" ва ё "Трансоксания" мегӯянд, яъне он сӯи рӯди "Оксус" (Oxus - Вахш), ки номи аврупоии Омӯдарёст. Номи Омӯдарё ба арабӣ "Ҷайҳун" аст. Номи рӯдхонаи шимолитару шарқитари ин минтақа Сирдарё ба арабӣ "Сайҳун" аст.

Вақте "он сӯи рӯдхона" мегӯем, ҳатман аз ҷониби ғарби Омӯдарё, яъне аз зовияи Эрон ба ин сарзамин нигоҳ мекунем. Табиатан юнониён, румиён ва дертар арабҳо ҳам, ки аз ғарб ва аз тариқи Эрон ба Мовароуннаҳр омаданд ва бо он ошно шуданд, аз зовияи ғарб, аз нигоҳи Эрон, ба ин сарзамин нигариста, онро Мовароуннаҳр номидаанд.

Имрӯза дар миёни ду рӯди Омӯдарё ва Сирдарё кишварҳои Узбекистон, Тоҷикистон ва бахши кӯчаке аз Қирғизистон ва Туркманистон қарор доранд. Аммо дар амал вақте "Мовароуннаҳр" гуфта мешавад, ончи ки дар Эрон ва дунёи ғарбӣ ва исломӣ мефаҳманд, маҳдуд ба ин кишварҳо нест, балки ба ҷуз Узбекистон ва Тоҷикистон сарзаминҳои он сӯи Сирдарё монанди Қазоқистон, Қирғизистон, минтақаи Кошғари Чин ва ҷануби Русия низ дар назар гирифта мешавад. Дар амал ҳамаи ин сарзаминҳо шомили таъбири Мовароуннаҳр мешаванд.

Бартолд
Бартолд

Дар тӯли ин суҳбат хонанда, шунаванда ва ё тамошогари видеои мо беҳтар аст ду чизро ҳамеша дар назар бигирад: якум, нақшаи ҷуғрофиёии ин минтақа ва дувум, силсиламаротиб ва ё солшумори таърихиро, то ин ки дар дарки таҳаввулот шахсҳо, маҳалҳо ва ё замонҳоро дар зеҳни худ пасу пеш накунем ва мавзӯъро роҳаттар бифаҳмем.

Мовароуннаҳрро метавон ба чаҳор ноҳия тақсим кард: Балх дар ҷануб, сарзамини Суғд шомили ду шаҳри бузурги Самарқанд ва Бухоро дар марказ, Хоразм дар шимол-ғарб ва Тошканд (Чоч ва ё Шоши қадим) дар шимол-шарқи Узбекистони кунунӣ ва дар марзи даштҳои Авруосиё, ҳамонҷо ки пас аз он сарзаминҳои қабоили турк шурӯъ мешудааст.

Балхи қадим каму беш бо сарзаминҳои бостонии Бохтар (Бактрияи давраи Искандар ва Селевкиён) ва ҳамчунин сарзамини Кушониён ва Ҳаптолиён ҳампӯшӣ дорад. Равобити ин минтақа дар ҷануби кӯҳҳои Ҳиндукуш бештар бо Ҳинду Эрон ва дар шимоли кӯҳҳои Ҳиндукуш бо Суғд ва даштҳои он сӯи Сирдарё будааст. Балх (аз ҷумла Балхи қадим, Ҳирот ва Бомиёни Афғонистон) дар гузашта маркази пайравони ойини Будоӣ ва ҷойгоҳи ёдгориҳои таърихии онҳо низ будааст. Ба назари Фрай, миёни фарҳанг ва забони балхӣ ва ё Боктриёии бостон ва Суғд шабоҳати бисёре будааст (Фрай, 2015, 47).

Шояд муҳимтарин ва ё муассиртарин ноҳияи Мовароуннаҳр Суғд буда (Фрай, ҳамонҷо, 279), ки шаҳрҳои аслии он Самарқанду Бухоро, марказҳои тиҷорат ва фарҳанги ин минтақа ба шумор мерафтааст.

Сарчашмаи аслии осоишу пешрафти мардуми Суғд аз тиҷорат дар "Роҳи абрешим", бахусус тиҷорат бо Чин ва Эрон ва хариду фурӯш бо дигар сарзаминҳои ҷаҳон будааст.

Дар Хоразм то авоили ислом як тамаддуни бостонии Эрони шарқӣ ҳоким буд. Дар онҷо Хоразмшоҳони Офриғӣ ҳукм меронданд. Забони мардум, яъне хоразмии бостон, яке аз шохаҳои эронии шарқӣ буд. Ин мавзӯъро аз "Осор-ал-боқия", асари муаррихи хоразмӣ Абурайҳони Берунӣ дарк мекунем, ки як ҳазор сол пеш навишта шудааст. Равобити тиҷории мардуми Хоразм асосан бо мардуми ҷануби Русияи кунунӣ ва ҳавзаи рӯди Волга ва умуман қабоили турк дар даштҳои авруосиёӣ буд.

Таърихи дуртар

Агар катибаи Бесутуни Дориюш, подшоҳи Ҳахоманиширо, асос бигирем, Суғд, Хоразм, Балх, Порт, Искудро (сарзамини сакоҳо) ва Қандҳоро пеш аз милод ва дар давраи Ҳахоманишиён ҷузви сарзаминҳои императории Ҳахоманишӣ буд. Албатта, дараҷа ва ҷузъиёти ин вобастагӣ ба давлати Ҳахоманиширо намедонем.

Ричард Фрай
Ричард Фрай

Ҳатто 600-700 сол баъд Шопури Якуми Сосонӣ дар сангнавиштаи "Каъбаи Зардушт" бахшҳои ҷудогонаи Мовароуннаҳр, монанди Кӯшоншаҳр, Суғд ва "Чочистон" (Тошканди кунунӣ?) ва «Тӯрон»-ро ҷузви сарзаминҳои Эроншаҳр мешуморад. Фрай мегӯяд «ин сарзаминҳо таҳти назорати Сосониён набуданд, балки аз сӯи подшоҳони маҳаллӣ идора мешуданд ва бархе аз онон, ки дар Афғонистони кунунӣ ҷо гирифтаанд, шояд хароҷпардози подшоҳони Сосонӣ будаанд» (Фрай, ҳамонҷо, 279). Ба назари Бартолд, «пас аз фурӯпошии императории Кӯшонҳо (чаҳорсад сол пеш аз ислом, - М.) ҳеч ҳоким ва ноибуссалтанаи подшоҳии бегона бар Мовароуннаҳр ҳукмронӣ накарда ва бо вуҷуди бархе иттилоот, эҳтимол надорад, ки ҳокими дастнишондаи Сосониён усулан бар ин минтақа ҳукм ронда бошад (Бартолд, 183).

Албатта, набояд фаромӯш кард, ки марзҳо ва ҳокимияти сиёсӣ дар манотиқи марзии давлатҳои гузашта ағлаб мавзӯе пурфарозу нишеб ва тағйирёбанда будааст.

Ба ҳар ҳол, дуруст аст, ки пас аз Ҳахоманишиён ва ба таври мушаххас аз замони Сосониён ба баъд эҳтимолан ба хотири вижагиҳои ҷуғрофиёӣ ва фарҳангии худ ва ҳамчунин ривоҷи тиҷорати роҳи абрешим ба Чин, Мовароуннаҳр бо вуҷуди риштаҳои муштараки фарҳангӣ ва забонӣ бо худи Эрон ҳеч гоҳ таҳти ҳокимияти давлатҳои марказии Эрон набуда, балки минтақае бо «давлатшаҳр»-ҳои нимамустақил ва осуда, монанди Бухорову Самарқанд, буда, ки ҳар кадом шоҳ ва ҳукмрони худро дошт. Ҳокимони ин давлатшаҳрҳо, бино ба ривоёти чинӣ, дар асл бо ҳамдигар хешу табор буданд. Онҳо "иттиҳодияи" нопойдореро ташкил медоданд, аммо тобеъ, хароҷпардоз ва ё "гумоштаи" як ҳоким ва подшоҳи бузург набуданд.

Аз шикасти Ҳахоманишиён то зуҳури лашкариёни араб дар Мовароуннаҳр чаҳор таҳаввули мушаххас сарнавишти баъдии ин сарзамин (ва Афғонистон ва ҳатто Покистони кунунӣ)-ро рақам задааст. Якум, таъсис ва ҳукумати гурӯҳе аз лашкариёни Искандари Мақдунӣ дар Балх, мавсум ба «Боктриё» (ҳамон Бохтари форсии муъосир ва ё Тахористон) аст. Дар ин давра (то яксад сол пас аз мелод) забони мардум асосан лаҳҷаҳои эронии шарқӣ, аммо фарҳангу забони мактуб юнонӣ буд. Таҳаввули дувум ба дунболи заволи подшоҳии юнонии Боктриё дар қарни дувуми пас аз милод буд, ки ҷои онро подшоҳони Кӯшон (100-250 милодӣ) бо марказияти Балх гирифтанд. Дар ин давра шоҳиди рушди тиҷорат ва бавижа тиҷорати абрешим бо Чини ҳамсоя ва густариши ойини Буддо дар минтақа ҳастем. Марҳилаи севум шомили ҳокимияти қабоили Ҳаптолиён (440-670 мелодӣ) аст, ки худ омезае аз қабоили кӯчидан аз даштҳои шимол ва мардуми маҳаллӣ буданд. Дар ҳар ду давраи Кӯшониён ва Ҳаптолиён ин давлатҳо сарзамини васеъе аз Осиёи Миёна то Ҳиндустонро таҳти ҳокимияти худ доштанд.

Қабилаҳои турк пас аз фурӯпошии давлати Сосониён ва зуҳури ислом ҳарчи бештар ба Мовароуннаҳр, Хуросон, бақияи Эрон ва Ховари Миёна кӯч карданд. Бахши дигаре аз онҳо ҳам аз Осиёи Миёна ба сӯи ғарб, яъне Аврупои шарқӣ, муҳоҷират кард.

Таҳаввули чаҳорум тасаллути арабҳо ва ислом ва ба таври тақрибан ҳамзамон нуфуз, кӯч ва сукунати қабилаҳои турк аз даштҳои шимоли Авруосиё ба Мовароуннаҳр ва сипас Эрон ва Ховари Миёна ва ҳатто ҳокимияти онон дар сартосари ин минтақа аст.

Ақвом, адён ва забонҳои пеш аз ислом

Имрӯза метавонем авзои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Мовароуннаҳрро муддати кӯтоҳе пеш аз ҳамлаи арабҳо чунин пеши чашми худ таҷассум намоем: аз Гургон, Нишобур, Марв ва Балх (дар наздикии Мазори Шарифи кунунӣ дар Афғонистон) ҳар чи рӯ ба сӯи шимолу шарқ мерафтем, назорати давлати Сосонӣ заъифтар ва таркиби қавмӣ ва забонии мардум омехтатар мешуд.

Аксари мардуми ин минтақа ба лаҳҷае аз се зершохаи забонҳои эронии шарқӣ сухан мегуфтанд: Якум: хоразмии бостон дар шимолу ғарби Мовароуннаҳр миёни марзи Туркманистон ва Узбакистони кунунӣ, дувум: суғдӣ (дар Самарқанд, Бухоро, Чоч ва ё Тошканди кунунӣ ва чандин ноҳияи дигар) ва севум: забони бохтарӣ ва дигар забонҳои эронии Тахористон (Гулден, 1992 а, 189). Аммо ба хотири равобити наздик бо эрониён ва давлати Сосонӣ форсии миёна ва ё «паҳлавӣ» низ дар Мовароуннаҳр ҷо афтода буд.

Забони ба истилоҳ «расмӣ» ва ё давлатӣ, яъне забони мукотибот миёни подшоҳиҳои маҳаллии минтақа, давлатҳои марказӣ ва иёлатҳо ва вилоятҳо ибтидо портӣ ва дертар форсии миёна, дар Балх ҳам то муддатҳо юнонӣ буд, чаро ки бархе аз нерӯҳои Искандар пас аз шикасти Ҳахоманишиён барои ҳифзи марзҳо аз дастандозии қабоили шимолӣ дар ин минтақа ҷойгир шуда буданд (Фрай, 2018).

Пеш аз ислом, теъдоди камтар, аммо афзояндае аз мардуми Мовароуннаҳр ҳам туркизабон буданд. Аксари туркҳо на дар миёни ду рӯд, балки дар он сӯи Сирдарё ба сурати қабилаҳои кӯчнишин дар даштҳои паҳновар миёни марзҳои шимоли ғарбии Чин то шимоли дарёи Хазар, миёни ду императории васеъи Чин ва Эрони Сосонӣ мезистанд. Бахши кӯчаке аз ин қабоил дар навоҳии марзии Эрон, монанди Хоразм ва Суғд (Бухорову Самарқанд) ва ё минтақаи Кошғари Чин якҷонишин шуда буданд.

Қабоили турк пас аз фурӯпошии давлати Сосониён ва зуҳури ислом ҳарчи бештар ба Мовароуннаҳр, Хуросон, бақияи Эрон ва Ховари Миёна кӯч карданд. Бахши дигаре аз онҳо ҳам аз Осиёи Миёна ба сӯи ғарб, яъне Аврупои шарқӣ, муҳоҷират кард.

Барномаро дар Ютуб тамошо кунед:

Забони туркии онҳо агарчи вижагиҳои маҳаллӣ ва қабилаии худро дошт, аммо ҳанӯз монанди имрӯз сурати воҳид ва миллӣ надошт, ки номҳое монанди узбакӣ ва туркманӣ ва ё қазоқу қирғиз ва уйғур ба худ бигирад, бахусус ки ҳанӯз туркҳо дар ҳоли кӯч буданд ва забонашон вобаста ба кӯчҳо ва омезиш бо қавмҳои дигар дар ватанҳои навёфта тағйир меёфт. Хоразм, Самарқанд ва Бухоро ҳанӯз туркзабон нашуда буд. Ҳатто Туркияи кунунӣ ҳанӯз аксаран масеҳимазҳаб ва юнонизабон буд (Гулден, ҳамонҷо, 210-212).

Ба гуфтаи Бартолд, аксари мардуми бумии Мовароуннаҳр ва бавижа табақаи ҳоким ва ашроф, монанди бақияи Эрон, зардуштӣ буд. Дар инҷо низ монанди худи Эрон табақоти ҳоким ва ашрофи заминдор «деҳқон» номида мешуданд, аммо бар хилофи худи Эрон, дар Мовароуннаҳр гурӯҳбандии табақотии чандоне набуд (Бартолд, 180). Табақаи «деҳқон» қишри густардатаре аз мардум ва аз ҷумла заминдорони маҳаллиро дар бар мегирифт ва ҳокимият, монанди мобақии Эрон, намоди иттиҳоди подшоҳе муқтадир ва рӯҳонияти бонуфуз маҳсуб намешуд.

Ба назари Фрай, тиҷорат бо сарзаминҳои дигар, мардуми зардуштии Суғдро нисбат ба ҳамаи динҳо таҳаммулпазир карда буд. Ойинҳои Зардушт, Будо, Маздак, Монӣ ва Масеҳият барои суғдиён чизе ошно буд. Бартолд менависад, ки дар Мовароуннаҳр таомули мазҳабии бамаротиб бештаре аз худи Эрон мавҷуд буд. Ашхосе, ки дар Эрони зардуштӣ мавриди пайгарди мазҳабӣ қарор мегирифтанд, дар Мовароуннаҳр паноҳ меёфтанд ва ин таомули мазҳабӣ зоҳиран дар мавриди будоиён ва масеҳиёни настурӣ низ мавҷуд буд (Бартолд, ҳамонҷо, 180).

Таърихнигорони араб, эронӣ ва ҳамчунин муаррихини ғарбӣ ҳангоми шарҳи авзои Мовароуннаҳр дар давраи кӯтоҳи пеш аз ислом ва авоили ислом аз чаҳор нерӯи иҷтимоӣ ва сиёсӣ сухан мегӯянд: якум, эронизабонони бумӣ, яъне хоразмиён, суғдиён ва балхиён, ки аксарияти мардуми Мовароуннаҳрро ташкил медоданд; дувум, эрониён, яъне эрониёни худи Эрони Сосонӣ, ки бо мардуми бумии Мовароуннаҳр муштаракоти бисёри забонӣ ва фарҳангӣ доштанд ва сипас ҳамчун навмусалмонон ҳамроҳ бо арабҳо ба Мовароуннаҳр омаданд; севум, туркҳо, ки бахше аз онон дигар дар Мовароуннаҳр маскун шуда, аммо бахши бузургтарашон дар даштҳои шимол зиндагӣ мекарданд ва аз онҷо ба Мовароуннаҳр ҳуҷум менамуданд; ва чаҳорум, арабҳо ва лашкари исломии онон, ки аз Хуросон ба Мовароуннаҳр ҳамла мекарданд.

Дар матн аз ин манбаъҳо истифода шудааст

(Дар бахши баъдӣ дар бораи ҳамлаҳои арабҳо, муқовимати мардуми бумӣ ва туркҳо дар баробари онон ва билохира тасхири Мовароуннаҳр сухан хоҳем гуфт)

XS
SM
MD
LG