Оилаи Бӯрихоновҳо дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон қариб ду моҳ боз дар азо нишастаанд. Се кӯдаки хонавода -- Нозанини 10-сола, Маҳҷабини 7-сола ва Шаҳриёри 6-сола -- рӯзи 16-уми июли имсол барои харидани яхмос аз хона берун рафтанд, аммо ба чуқурии кофтаи роҳсозон афтода, ҷон доданд.
Масъулияти азнавсозии роҳи "Кангурт-Балҷувон-Ховалинг"-ро дар ҳудуди ноҳияи Темурмалик ширкати "China Road"-и Чин ба уҳда дошта, пули сохтмонро Бонки Осиёии Рушд додааст.
Баҳодур Бӯрихонов дар марги фарзандонаш ширкати роҳсозро гунаҳкор медонад. Вай мегӯяд, ширкати роҳсозӣ аз сойи назди хонаи ӯ шағал гирифта, баъд аз анҷоми кор ҷойи онро пур накардааст.
"Хонаи мо аз роҳ 100 метр дур аст. Даҳҳо бор гуфтам, ки агар ягон ҳодиса шавад, кӣ ҷавоб медиҳад? Онҳо ҳавобаландӣ карда, ба гапҳои ман гӯш надоданд. Акнун фарзандони ман дар чуқурие, ки онҳо кофта буданд, ғарқ шуданд", -- гуфт Бӯрихонов.
Бибихол Шарифова, ҳамсари Баҳодур Бӯрихонов, мегӯяд, рӯзи фоҷиа фарзандонаш барои хариди яхмос ба дӯкон рафта, баъд аз ним соат хабари ғарқшавиашон расид.
Ӯ гуфт: "Онҳо ҳар рӯз барои харидани яхмос мерафтанд. Дафъаи охир онҳо дараке нашуд. Хавотир шудам. Баъд сару садо шуд, ки кӯдакон дар ҷуқурии кандаи роҳсозон афтодаанд. Рафта дидам, ки кӯдакони худам ҳастанд."
Додхоҳии ин хонавода пас аз ин фоҷиа ҳанӯз натиҷае надодааст. Медонанд, ки дигар ҷигарбандонашонро боз гардонда наметавонанд, вале талоши онҳо ба ин аст, ки "адолат барқарор шавад ва дар оянда фарзандони дигарон ба ин ҳол гирифтор нашаванд".
Ба ин хотир Баҳодур Бӯрихонов ба додситонии ноҳияи Темурмалик муроҷиат кард. Додситонӣ дар посух гуфтааст, "дар бадани ҷасадҳо ягон ҷароҳат ошкор нагардид, аз ин рӯ бо дастрасии қисми яки моддаи 27-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғози парвандаи ҷиноӣ рад карда шуд."
Вале Баҳодур Бӯрихонов ба ин посух қонеъ нест. Вай талаб дорад, онҳое, ки дархостҳоро ба эътибор нагирифта, дар назди хонаи онҳо чуқурӣ кофтанд ва ҳавзи хатарнокро ба вуҷуд оварданд, ҷазо гиранд.
"Чанд нафар назди ман омада гуфтанд, ки хоҳӣ 20 ҳазор сомонӣ бароят медиҳем. Гуфтам, бародарон ба ман на пулатон даркор аст ва чизи дигар. Бароям фарзанд азиз аст… Шумо фарзанди маро зинда кунед, ба Шумо 300 ҳазор сомонӣ ёфта медиҳам!" -- иброз дошт Бӯрихонов.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Сохтмони роҳи Кангурт-Балҷувон- Ховалинг аз тарҳҳоест, ки аз сӯи Бонки Осиёии Рушд сармоягузорӣ шудааст. Ин созмон риояи қоидаҳои сохтмон, меъёрҳои зистмуҳитӣ ва иҷтимоиро ҳангоми иҷрои тарҳҳо назорат мекунад.
Дар дафтари Бонки Осиёии Рушд рӯзи 12-уми сентябр дар як посухи хаттӣ ба суолҳои Радиои Озодӣ гуфтанд, аз шунидани хабари марги кӯдакон андӯҳгин шуда, ҳамдардии амиқи худро ба оилаи фавтидагон мерасонанд.
"Мо ба Вазорати нақлиёт, ки тарҳҳои роҳсозиро иҷро мекунад, тамос гирифтем, то дар бораи ҳодиса иттилои иловагӣ бигирем. Бонки Осиёии Рушд ҳангоми тарҳрезӣ ва амалӣ кардани тарҳҳо сиёсати мукаммали мутобиқ ба таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳониро пеш мебарад, ки механизмҳои ҳимояи экологӣ ва иҷтимоиро дар назар доранд," -- гуфтанд дар дафтари ин бонк дар Душанбе.
Роҳи мошингарди "Кангурт-Балҷувон Ховалинг", ки қариб 43 километр дарозӣ дорад, бо паҳноии 7 метр сохта шуд.
Ин роҳро 6-уми августи соли 2019 бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон ба истифода доданд. Пудратчии сохтмони ин роҳ ширкати "China Road"-и Чин буд, ки қаблан шоҳроҳи Душанбе-Хуҷандро сохтааст.